Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

INSI: Қотилони хабарнигорон то ҳол дар озодиянд


Ҳомиёни ҳуқуқҳои хабарнигорон мегӯянд, ки дар нимаи аввали соли равон дар кишварҳои гуногун чиҳил корманди расонаҳои хабарӣ ҷон бохтаанд.

Идораи ҳимоят аз расонаҳои озод дар Афғонистон дар хушунатҳо алайҳи хабарнигорон мақомоти давлатиро айбдор хонд.Ба гуфтаи масъулини ин ниҳод, дар шаш моҳи соли равон назар ба ҳамин давраи соли гузашта теъдоди таҳдиду хушунати хабарнигорон аз сӯи мақомоти давлатӣ 65 дар сад афзоиш ёфтааст. Сиддиқуллоҳ Тавҳидӣ, раиси иҷроияи Идораи ҳимоят аз расонаҳои озоди Афғонистон, рӯзи сешанбе дар як нишасти хабарӣ дар Кобул гуфтааст, ба назар мерасад, ки мақомот ба нашри бахше иттилоъ дар бораи фаъолияташон манфиатдор нестанд, аз ин рӯ дар роҳи хабарнигорон монеъа эҷод мекунанд.
Ба иттилои Радиои Афғонистони Озод, оғои Тавҳидӣ афзудааст, ки ин гуна бархӯрди мақомот ба хабарнигорон метавонад дар давраи интихоботи раёсатҷумҳурӣ дар баҳори соли оянда ҳам барои ҳукумат ва ҳам барои кормандони расонаҳои хабарӣ дарди сари зиёд эҷод кунад.

Идораи ҳимоят аз расонаҳои озод дар Афғонистон мегӯяд, аз соли 2001 то соли 2012 дар Афғонистон 354 мавриди хушунат алайҳи хабарнигорон сабт шудааст. Дар ин муддат 25 хабарнигор кушта, 19 тан захмӣ, 23 тан рабуда, 64 тан боздошт ва 111 тан латукӯб шуданд. Ба садҳо хабарнигорон таҳдиди куштану муҷозот кардаанд. Ба гуфтаи Сидиқуллоҳ Тавҳидӣ, моҳҳои ахир чандин хабарнигори расонаҳои хусусӣ дар шаҳри Кобул мавриди латукӯби мақомоти ҳукуматӣ қарор гирифтанд. Гуфта мешавад, ки хабарнигорон пайваста ба мушкили дарёфти иттилоъ ва бадрафториву бадзабонии мақомоти ҳукуматӣ ҳангоми муроҷиат барои тайиди ин ё он иттилоъ ҳам рӯбарӯянд.

Масъулини Идораи ҳимоят аз расонаҳои озод дар Афғонистон мегӯяд, ки як роҳи ҷилавгирӣ аз идомаи хушунату бадрафторӣ алайҳи хабарнигорон – тасвиби қонуни дастрасӣ ба иттилоот аст. Зимнан, пешнависи ин қонун ҳанӯз як сол қабл аз сӯи вазорати иттилооту фарҳанг таҳияву такмил ва ба вазорати адлия ирсол шуда буд. Масъулини вазорати адлия тайид карданд, ки ин пешнавис ба дасташон расидааст ва тасвиби он бояд роҳи тулониеро тай кунад – аввал ин тарҳ бояд аз сӯи вазорати адлия бо дигар қонунҳои Афғонистон муқоиса ва баъдан ба шӯрои вазирон ва сипас барои баррасӣ ба парлумон фиристода шавад.

Нигаронии Идораи ҳимоят аз расонаҳои озод дар Афғонистон аз вазъи расонаҳои мустақил ва хусусӣ дар ҳолест, ки бар пояи иттилои International News Safety Institute (INSI) – Пажуҳишгоҳи байнулмилалии амнияти хабарӣ, фақат дар нимаи аввали соли равон дар кишварҳои гуногуни олам чиҳил хабарнигор кушта шуданд. Дар гузориши тозаи ин ниҳод, ки соле ду бора таҳия ва нашр мешаванд, омадааст, дар ҳамин давраи соли гузашта талафот дар миёни хабарнигорон 70 нафар буд.

Гуфта мешавад, имсол дар феҳристи кишварҳое, ки он ҷо хабарнигорон ҷон бохтаанд, номи Афғонистон зикр нашудааст. Аз ҳама бештар – 8 хабарнигор дар ҷараёни ҷанги шаҳрвандӣ дар Сурия ба ҳалокат расидаанд. Дар шаш моҳи соли равон дар Ҳиндустон шаш тан аз хабарнигорон ва кормандони фаннии расонаҳо кушта шуданд. Яке аз хабарнигоронро сар буриданд ва расонаҳои маҳаллӣ навиштанд, ки ин кори дасти ё гурӯҳи ҷиноӣ ё пулис аст. Дар Покистон дар нимаи аввали сол панҷ тан аз кормандони расонаҳои хабарӣ ҷон бохтанд ва даҳҳо хабарнигорон ба таҳдиди кушта шудан аз сӯи гурӯҳҳои ифротгаро рӯбарӯянд. Ба хабарнигорони Сомалӣ ҳам ин хатар аз сӯи гурӯҳи Ал-Шабоб, як ниҳоди пайванд бо “Ал-Қоида”, таҳдид мекунад. Дар Бразилия як хабарнигори радио, ки дар бораи фасод гузориш менавишт, дар рӯзи рӯшан аз сӯи афроди савори мотосикл тирборон шуд. Як моҳ баъд як суратгар ҳам бо ин шева мавриди ҳамла қарор гирифт.

Ҳанна Шторм, раиси International News Safety Institute, мақараш дар Лондон, зимни муаррифи гузориши ин созмон гуфт, то ҳол нафаре аз гумонбарони куштори хабарнигорон дар нимаи аввали соли равон боздошт нашудааст.
XS
SM
MD
LG