Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ҲНИТ дар Бадахшон ва Хоруғ раисони нав интихоб кард


Саодатшо Адолатов, раҳбари Раёсати Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар вилояти Бадахшон интихоб шуд. Дар конфронси шӯъбаи ҲНИТ дар Бадахшон, ки рӯзи 17-уми август доир шуд, оқои Адолатов дар ин мақом ҷойгузини Муслима Броҳимшоева шуд. Хонум Броҳимшоева дар тобистони соли гузашта ва ба дунболи қатли Сабзалӣ Мамадризоев дар амалиёни нерӯҳои ҳукумати Тоҷикистон дар Хоруғ, дар ин мақом ифои вазифа менамуд. Интихоби Адолатов ба унвони раҳбари наҳзатиёни Бадахшон дар ҳолест, ки ҳамагӣ ду рӯз қабл ӯ ва ҳайати эъзомии ҲНИТ ба Хоруғ, дар ҳудуди ноҳияи Шуғнон мавриди ҳамла қарор гирифтанд. Дар ҳамин ҳол Розия Имомназарова, раиси шӯъбаи ҲНИТ дар шаҳри Хоруғ интихоб шудааст. Раҳбари қаблии ҲНИТ дар шаҳри Хоруғ Шерик Карамхудоев рӯзҳои амалиёти Хоруғ боздошт ва чанд моҳ қабл аз сӯи Додгоҳи олии Тоҷикистон ба 14 соли зиндон маҳкум шуд.
XS
SM
MD
LG