Пайвандҳои дастрасӣ

Оё мақбараву мазорҳои Тоҷикистон бо саҳобаҳои Паёмбару авлиё ва пирони тариқат рабте доранд?

...Мақбараи Султон Увайси Қараниро дар Ховалинг бештар “мазор” ва “оромгоҳ” ном мебаранд. Мутаваллӣ ва хидматгорон мегӯяд, ҳамасола то 20 ҳазор нафар аз мавзеъҳои гуногуни Тоҷикистон ва кишварҳои дигар барои зиёрат меояд ва шакке надоранд, ки турбати ин фарди бузург маҳз дар ҳамин ҷост. Беш аз нисфи зоирон занонанд ва умедворанд, ки баъд аз зиёрати ин оромгоҳ муродашон ҳосил мешавад.

ВАСИЯТИ МИР САИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ

Садҳо мақбараву мазорҳо аз Хуҷанд то Хатлону Бадахшон имрӯз ба зиёратгоҳи доимии мардум табдил шудаанд. Аммо саҳобаҳову авлиё ва пирони тариқат оё ба Мовароуннаҳр, аз ҷумла, ба Тоҷикистон қадам ранҷа кардаанд? Оё нафаре аз онҳо дар ин сарзамин дафн шудаанд ё, тавре баъзе афроди камбовар мегӯянд, мазору мақбараҳо рабте бо ин бузургон надоранд?

Саидаҳмади Қаландар, пажуҳишгари масоили мазҳабӣ мегӯяд, ки “пирҳои тариқат Баҳоваддини Нақшбанд, Саид Амири Кулол, Муҳаммади Порсо, Шайхи Самосӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ воқеъан ҳам дар Мовароуннаҳр дафн шуданд. Дар мавзеи Тагноби Даштиҷум, дар канори деҳаи Порвор Шайх
Мақбараи Султон Увайси Қаранӣ дар Ховалинг

Мақбараи Султон Увайси Қаранӣ дар Ховалинг

Муҳаммадамони Валӣ, яке аз пирҳои тариқат, макони охират пайдо кардааст. Бино ба сарчашмаҳои таърихӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ҳамчун тарғибгари тариқати суфияи Нақшбандия воқеъан дар Кӯлоб зисту таълим дод ва аммо ба сифати аввалин мубаллиғи ин тариқат ба шимоли Ҳинд, ба минтақаи Кашмиру Ҷамну рафт ва дар ҳамон ҷо фавтид”. Пажуҳишгар бо такя ба ҳамон манбаъҳо меафзояд, ки тобути Мир Сайид Алии Ҳамадониро бар пояи васияташ ба Кӯлоб оварданд ва дафн карданд.

Саидаҳмади Қаландар мегӯяд, ки Қутайба ибни Муслим, яке аз сарлашкарҳои замони Хилофати Умавия, дар қисмати шарқии водии Фарғона макони охират пайдо кардааст. Ба Самарқанд омадани Муҳаммад Башоро, ки мақбарааш дар деҳаи Мазори Шарифи Панҷакент воқеъ аст, низ дар манбаъҳои таърихӣ зикр ёфтааст. Аз сӯи дигар, ба гуфтаи пажуҳишгар, ба хотири боло бурдани нуфузу шаҳомати шаҳрҳои Осиёи Марказӣ аз Шому Фаластин ба ин ҷо овардани ҷасадҳои бузургони дини ислом ҳам роиҷ буд. Аз ҷумла, устухонҳои Ҳазрати Дониёл, ки замони Ҳазрати Мӯсо зиста буд, аз сӯи Амир Темур тавассути шутурҳо ба Самарқанд оварда дар наздикиҳои дарёи Сиёб дафн карда шуданд ва ин ҳеҷ радди таърихӣ надорад. Аз пирҳои тариқати Нақшбандия Шайх Аҳмади Ясавӣ дар шаҳри Туркистони Қазоқистон (Шавгар ва Ёсии бостонӣ) гӯронида шудааст. Амир Темур дар канори мақбараи Шайх Аҳмади Ясавӣ масҷиди бузурге бунёд кард, ки баъдан бо номи Масҷиди Ҳазрати Султон маъруф шуд.

Махсуми Исмоили Пирмуҳаммадзода, донишманди илми фиқҳ ҳам мегӯяд, ки воқеъияти дар сарзамини тоҷикон макони охират ёфтани пирони тариқат Ҳазрати Баҳоваддин, Саид Амири Кулол, пири Самосӣ, Мавлоно Яъқуби Чархӣ ва дигаронро манбаъҳои таърихӣ собит мекунанд. Аз ҷумла, Ҳазрати Баҳоваддин нисбати Мавлоно Яъқуби Чархӣ гуфтааст:

Дар Ҳисор деҳаест Алағту номаш,
Нур меборад аз дару бомаш.
Гарчӣ ӯ муриду ман пирам,
Номи ӯ аз адаб намегирам...


БУРХИ ВАЛӢ, БУРХАВЛИЁ, БУРҚУТ-БОБО...

Муҳаққиқони масоили мазҳабӣ мегӯянд, ки қадами нафаре аз саҳобаҳои Паёмбар Муҳаммад саллалоҳи лайҳи вассалам ва дигар авлиёву орифони маъруф ба хоки Мовароуннаҳр нарасидааст. Пас мазору мақбараҳои онҳо чӣ гуна арзи вуҷуд кардаанд. Ва оё онҳо тақаллубиянд? Саидаҳмади Қаландар мегӯяд, воқеъан ба номи ин бузургон, ҳарчанд ба ин ҷойҳо қадам ранҷа
Саидаҳмад Қаландаров

Саидаҳмад Қаландаров

накардаанд, мақбараву масҷидҳои зиёд бунёд шудаанд. Дар Ховалинг ду мақбара зиёратгоҳи ҳазорон-ҳазоранд, яке, мақбараи саҳоба Хоҷа Аюби Ансорӣ, ки бар пояи ривоятҳо, Паёмбарро аввалин шуда дар манзилаш дар Мадина меҳмон кардааст, ва дигарӣ - мақбараи Султон Увайси Қаранӣ, ки Расули Худо ҷомаи худро ба дасти Умар (р) ба ӯ фиристодааст. Ба номи Имом Ҷаъфари Содиқ дар минтақаи Даштиҷум, ба номи Бурхи Сармасти валӣ дар Вахё, ба номи Шоҳи Хомӯш дар деҳаи Лангари Мӯъминобод, ба номи Ҳотами Асам дар ноҳияи Файзобод мақбараҳо бунёд шудаанд.

Ба гуфтаи Саидаҳмади Қаландар, мақбараи Бурхи Сармасти валӣ дар саргаҳи Оби Мазор, яке аз шохобҳои дарёи Хингоб, зиёратгоҳи ҳазорон нафар аст. Аммо ба ӯ дигар мардуми минтақа ҳам эътиқод доранд ва ӯзбакҳо ӯро Бурхавлиё, қазоқҳо - шайх Бурхдевона ва туркманҳо – Бурқут-бобо ё “пири борон” ном мебаранд ва , ба гуфтаи пажуҳишгари тоҷик, мазору мақбараҳояш дар дигар мавзеъҳо, дар кӯҳи Сулаймон, воқеъ дар шаҳри Ӯши Қирғизистон, дар канори шаҳри Хуҷанд, дар шаҳри Хоразми Ӯзбакистон ва ҳамчунин дар Самарқанду Бухоро ҳам бунёд шудаанд.

Раҳматулло Абдуллоев, муаррихи тоҷик ва муаллифи китоби «Ҳазрати Бурхи Сармасти валӣ» мегӯяд, ки дар бораи ин марди бузург дастхатҳои зиёде мавҷуданд ва онҳо ҳанӯз аз солҳои 30-юми қарни гузашта мавриди омӯзишу пажуҳиши донишмандони рус қарор доштанд. «Яке аз онҳо – Кисляков ин дастхатҳоро омӯхта бо мардуми маҳаллӣ ҳам гуфтугӯ карда буд. Яке аз ин дастхатҳо дар дасти мо ҳаст ва дар он ному насаби ҳамаи 44 мутаваллии мақбараи Бурхи валӣ сабт шудааст…»

Бо вуҷуди ин, ба гуфтаи мусоҳиби мо, маълумотҳо дар бораи Бурхи Валӣ бештар бар пояи ривоятҳоянд. Яке аз ин ривоятҳо дар бораи «пири борон» будани Бурхи Валӣ дар «Қут-ул-қулуб фи муъомалат-ал- маҳбуб», яъне «Ғизои дилҳо дар муомилот бо маҳбуб»-и Абӯ Толиби Маккӣ, яке аз қадимтарин манбаъҳои хаттии тасаввуф, ҷой дода шудааст:
«…Худои таборак ва таъоло Калими худ Мӯсоро амр кард, ки аз вай бихоҳад, то барои бани Исроил талаби борон кунад, зеро онҳо ҳафт сол боз дучори қаҳтӣ шуда буданд. Ҳазрати Мӯсо ҳафтод ҳазор бор барои онҳо талаби борон кард. Худо ваҳй фиристод ба Мӯсо, ки чӣ гуна ман дуои онҳоро иҷобат бикунам, дар сурате, ки онҳо бисёр зулм кардаанд, гуноҳ кардаанд ва ботини палиди онҳо монеъ аз он аст, ки дуои онҳо иҷобат бишавад.
Онҳо бидуни он ки ба ман бовар дошта бошанд, дуо мекунанд. …Баргард, бирав назди бандае аз бандагони Ман, ки вайро Бурх гӯянд. Ва ба ӯ бигӯ, ки берун ояд ва дуо кунад, то дуои ӯро Ман иҷобат бикунам. Ҳазрати Мӯсо Бурхро намешинохт. Рӯзе ӯ дар роҳ мерафт ва ногоҳ бо бандаи сиёҳпӯсте рӯбарӯ шуд, ки дар пешонаи ӯ аз сабаби саҷдаи зиёд осори гарду ғубор ҳувайдо буд ва чодареро дар гардани худ печонда буд. Ҳазрати Мӯсо тавассути фаросати худ ӯро шинохт ва бар ӯ салом гуфт. Ва аз ӯ пурсид:
-Номи ту чист?
Ӯ дар ҷавоб гуфт:
- Номи ман Бурх аст, ва худ суол кард, -ин ту ҳастӣ, ки муддатҳост дар ҷустуҷӯи моӣ, то берун биёем ва барои шумо дуои талаби борон бикунем?
Пас ҳазрати Бурх берун шуд ва дар муноҷоташ бо Худои бузург ин ҷумлаҳоро гуфт:
- Оё кори Ту ин аст? Ҳилми Ту ин аст? Оё ба Ту чунин менамояд, ки абрҳои Ту кам шуданд? Бодҳо аз итоати Ту сарпечӣ мекунанд? Он чӣ дар хазинаҳо дорӣ кам мешаванд? Ё ин, ки хашму ғазаби Ту бар гунаҳкорон шиддат гирифтааст? Оё Ту Ғаффор нестӣ? Қабл аз ин, ки бандаҳои хатокорро биёфаринӣ, Ту раҳматро халқ кардӣ ва ба меҳрубониву шафқат амр кардӣ. Оё Ту ба мо нишон медиҳӣ, ки ин кори ношуданист ё худ имконнопазир аст? ..
Муноҷоти ҳазрати Бурх ҳанӯз тамом нашуда буд, ки бани Исроил аз борон сероб шуданд ва Худои таборак ва таъоло дар муддати ним рӯз гиёҳу алафи фаровоне бирӯёнид, то ҳадде ки баландиашон то ба зонуҳои онҳо расида буд».


МАҚБАРА – РАМЗИ МУҲАББАТУ ИХЛОС ВА ЭЪТИҚОД?

Саидаҳмади Қаландар, пажуҳишгари тоҷик бар ин аст, ки бунёди мақбараву мазорҳои саҳобаҳову наздикони Паёмбари ислом ду далели таърихӣ дорад. Яке, мардум ба хонаводаи Паёмбар эътиқоду муҳаббати беандоза доштанд ва аммо чун роҳ то ба Арабистони саудӣ хело тулонӣ ва душвор буд, дар ҳамин ҷо ба номи онҳо мазору мақбараҳо бунёд карданд. Далели дигар, ба гуфтаи донишманд, ин аст, ки “мардуми минтақа ба фарзандони худ номи саҳобаҳоро
Раҳматулло Абдуллоев

Раҳматулло Абдуллоев

мегузоштанд ва иддае аз ин фарзандон ҳам мекӯшиданд, ки воқеъан сазовори ин ном бошанду донишманд шаванд ё ба роҳи тариқат раванд. Бархе аз онҳо маъруф ва маҳбуби мардум мегаштанд ва баъди даргузашт оромгоҳашон ба қадамҷой ва зиёратгоҳ табдил мешуд”.

Махсуми Исмоили Пирмуҳаммадзода ҳам мегӯяд, ки ба номи саҳобаҳо гузоштани мақбараҳо – бештар намоиши муҳаббату эътиқоди мардум ба онҳост. Ба гуфтаи ӯ, “Ҳазрати Имом Ҷаъфари Содиқ дар оромгоҳи Ҷаннат-ул- бақия мадфун аст... Ман дар Ироқ, солҳое, ки пиёда ҳаҷ рафта будем, мақбараи Имом Ҷаъфари Содиқро дар назди шаҳри Кӯфа дида будам. Дар Наҷаф ҳам маконеро дар оромгоҳи маъруфи шаҳр макони охирати Имом Ҷаъфари Содиқ мехонанд. Дар Тоҷикистон ҳам як мавзеъ Ҳазрати Имом ном дорад. Ва кӯҳҳои сарбаландеро чун Имом Аскарӣ ба номи саҳобаҳову аҳли хонаводаи Паёмбар ниҳодан – баёнгари муҳаббату эътиқоди беандозаи мардум ба онҳост”.

Раҳматулло Абдуллоев низ бунёди мақбараҳоро бо ихлосу эътиқоди мардум ба саҳобаҳои Паёмбару авлиё марбут мехонад ва мегӯяд, баъзе аз ин мақбараҳо дар аввал масҷид буданд ва бо гузашти айём ба зиёратгоҳҳо табдил шудаанд.

МАЗОРҲО БА ОМӮЗИШ НИЁЗ ДОРАНД

Аммо одамоне низ кам нестанд, ки ба мазорхо аслан ихлос надоранд. Одина, як сокини Душанбе, ба мо гуфт, ки ду сол пеш якчоя бо як хеши исфарагияш аз мазоре дар Бодканд зиёрат карда буданд. "Мегуфтанд, ки оби чашмаи мазор ба сад дард, бахусус барои занхо фоида дорад. Аммо баъд як пиронсоли махаллй гап зад, ки пештар дар ин мавзеъ мазоре набуд ва як мулло аз он ки оби чашмаро гову мол олуда мекунанд, ба танг омада овоза кардааст, ки чашма аз зарбаи таёки авлиёе пайдо шудааст. Мулло дар он мавзеъ як хона сохтааст ва онро баъдан писараш ба мазори он авлиё "табдил" кардааст",гуфт Одина ва афзуд, ки ба ягон мазор бовар надорад, зеро "ягон саҳобаи Паёмбару авлиё ба ин тарафхо гузар накардааст".

Аз нигоҳи Раҳматулло Абдуллоев, ҳамаи ин мазору мақбараҳо, ҳарчанд замони шӯравӣ пурра номнавис шуда буданд, ба пажуҳиши ҷиддиву ҳамаҷониба зарурат доранд, пажуҳише на бар пояи ривоятҳои мардумӣ, балки бо такя ба китобу дастхатҳои қарнҳои миёна, асарҳои донишмандони Ғарбу Шарқ, ҳафриёти бостоншиносон, пажуҳише дар бораи афкору ақида ва ҷаҳонбиниву таълимоти бузургоне, ки дар ин мақбараҳо хуфтаанд ё мақбараву мазорҳо ба номи онҳо гузошта шудааст. Аммо анҷоми ин пажуҳиш бидуни сармоягузорӣ номумкин аст.

Аз сӯи дигар, ба гуфтаи Раҳматулло Абдуллоев, дар атрофи ин мақбараҳо бостоншиносон бояд ҳафриёт гузаронанд ва аҷаб нест бозёфтҳои нодире дастрас шаванд. Ба гуфтаи ӯ, солҳои 80-уми қарни гузашта ҳангоми ҳафриёт дар канори мақбараи Бурхи валӣ шамъдоне пайдо шуд, ки ба замони тоисломӣ мансуб аст. Ҳоло ин шамъдон дар Осорхонаи бостоншиносии Тоҷикистон маҳфуз аст.

Гуфта мешавад, айни ҳол дар Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор осори таърихиву фарҳангӣ - оромгоҳҳои қадим, харобаҳои шаҳру шаҳракҳо, қалъаҳо, манораҳо, мадрасаву масоҷид ва мақбараву мазорҳо мавҷуд аст. Миёни онҳо шаҳраки Тахти сангин (асрҳои 4-1 пеш аз милод), Панҷакенти бостонӣ (асрҳои 8-5) маъбади буддоии Аҷинатеппа (асрҳои 8-7), Шаҳристони Бунҷакат (асрҳои10-9), шаҳри Ҳулбук (асрҳои11-9), мактабҳои Хоҷа Машҳад (асри12), масҷиди Мавлоно Яқуби Чархӣ (асрҳои 15-16), Қалъаи Ҳисор (асри 19), қалъаи Ямчун ва чандин мақбараву мазор аз лиҳози бостонӣ, таърихӣ ва меъморӣ пурарзишанд. Ва ба гуфтаи муаррих Раҳматуллои Абдулло, ҳар сангу ҳар хишти ин ёдгориҳо чун гавҳараки чашм бояд ҳифз шавад, зеро далелҳои бостонӣ будани ин сарзамину ин мардуманд...

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG