Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳокимаи дуздии наққошиҳои нодир шурӯъ шуд


Дар Руминия муҳокимаи шаш фарди муттаҳам бо дуздии ҳафт наққошӣ аз музейи Роттердам ифтитоҳ ёфт.

Муҳокимаи рӯзи сешанбе дар шаҳри Бухарест баъди як ҷаласаи кӯтоҳ то як ҳафта ба тавқиф гузошта шуд, зеро додгоҳ барои омӯзиши шаҳодатҳо ба вақти бештар ниёз доштааст.

Нигаронӣ зиёд аст, ки ин шоҳкориҳои маъруф ва аз ҷумла наққошиҳои Монэ, Пикассо ва Гоген маҳв гардонида шудаанд.

Вакили яке аз муттаҳамҳо бо номи Раду Догару, ки бо ташкили ин дуздӣ мазнун мебошад, мегӯяд, агар муҳокима на дар Руминия, балки дар Ҳолланд доир шавад, фарди зерҳимояаш ҳозир аст, панҷ наққоширо баргардонад.

Вале ин вакил илова кард, ӯ воқеан наметавонад кафолат диҳад, ки Догару ин наққошиҳоро дар ихтиёр дорад.

Яке аз муттаҳамҳо дар ғиёб муҳокима мешавад. Модари Догару соли равон ба додситонҳо гуфта буд, ки ҳамаи наққошиҳоро оташ задааст, то муфаттишон шаҳодате барои муҷозоти фарзандаш надошта бошанд.
XS
SM
MD
LG