Пайвандҳои дастрасӣ

Номзадҳо ба мақоми шаҳрдори Маскав, дар мубоҳисаи телевизионии худ, муҳоҷиронро як «дарди сар» хонда ва қавл доданд, ки дар сурати пирӯзӣ, Маскавро аз онҳо халос хоҳанд кард.

Бахусус Алексей Навалний, номзади мухолифони давлати Русия, аз ҳузури муҳоҷирон дар Маскав башиддат интиқод кард ва гуфт, «шаҳрдоре хоҳад буд, ки муҳоҷиронро аз Маскав хоҳад ронд». Алексей Навалний маъракаи феълии мақомоти Русия алайҳи муҳоҷирони ғайриқонуниро як намоишкорӣ хонд ва гуфт, ин шевае, ки онҳо пеш гирифтаанд, самар нахоҳад дод:



“Ончӣ ки ҳоло мекунанд, танҳо як намоишкории бемаънӣ аст. Як конслагер сохта, 200 вйетнамиро дар он андохта ва дар телевизион нишон медиҳанд. Ман Сергей Собянинро даъват мекунам, ба ноҳияи мо, ба Марино биёяд. Танҳо дар боғи шаҳр метавонанд, ҳазорон муҳоҷири ғайриқонуниро дастгир кунанд. Агар мо хоҳем конслагер бисозем, дар он як миллион нафар хоҳад буд ва як миллион нафари дигар ҳам барои посбонӣ. “

Алексей Навалний, ба урдугоҳи муваққатии Голяново дар Маскав ишора мекард, ки мақомоти Русия барои муҳоҷирони боздоштшуда бунёд кардаанд ва дар он ҳоло 3 муҳоҷири тоҷик ҳам нигаҳ дошта мешаванд. Амалиёти боздошти муҳоҷирони ғайриқонунӣ як ҳафта боз аст идома дорад ва ба гуфтаи мақомоти Русия ин амалиёт ба хотири пок кардани Маскав аз “унсурҳои ҷиноист.”

Сергей Собянин

Сергей Собянин

Сергей Митрохин номзади дигар низ маъракаи ахири мақомоти умури дохилӣ ва шаҳрдории Маскавро “худнамоӣ” хонд ва гуфт: “Ба ҷойи мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ, онҳо бо истифода аз он худнамоӣ мекунанд. Умуман онҳо ба ҷойи ҳалли воқеии мушкилоти шаҳр, пулро барои худнамоӣ ва намоишкорӣ сарф мекунанд."

Иван Мелников аз Ҳизби коммунист, гуфт дар сурати расидан ба мақоми шаҳрдор намегузорад, то дигар Маскав шаҳри “муҳоҷирати беназорат” бошад. Маскав аз бузургтарин мизбонҳои муҳоҷирон дар Русия аст ва ба гуфтаи ​Сергей Собянин, шаҳрдори феълии пойтахти Русия, 300 ҳазор нафари онҳо ғайриқонунӣ ҳастанд ва “агар муҳоҷирон набошанд, Маскав беҳтарин шаҳри фармонбардори қонун” дар Русия хоҳад шуд. Сергей Собянин ҳарчанд дар мубоҳисаи телевизионӣ ҳузур надошт, аммо ба рӯзномаи "Известия" гуфтааст, тарафдори он аст, ки муҳоҷирон ба Русия бо шиносномаҳои хориҷӣ биёянд.

Алексей Навалний гуфт, дар сурати пирӯз шуданаш саъй хоҳад кард, ки муҳоҷирон аз ҷумла муҳоҷирони тоҷикро бе раводид ба Русия роҳ надиҳанд:
“Бояд низоми раводид бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқози Ҷанубӣ ба роҳ андохта шавад. Агар Олмону Фаронса аз мову шумо раводид мехоҳанд, пас мо ҳам бояд, низоми раводидро ба роҳ андозем. Ман намефаҳмам, барои чӣ ман ҳангоми сафар ба ягон кишвари аврупоӣ раводид бигирам, вале ҳар шаҳрванди Қирғизистон ва ё Тоҷикистон ҳатто бе шиносномаи хориҷӣ фақат як билет мегиранд ва ба инҷо меоянд. “

Алексей Навалний

Алексей Навалний

Алексей Навалний эътироф кард, ки худи мақомоти олуда ба фасод дар Русия ҳастанд, ки ба муҳоҷирати ғайриқонунӣ мусоидат мекунанд ва муҳоҷиронро ба Маскав мекашанд: "Муҳоҷирон на фақат барои он меоянд, ки инҷо кор ҳаст, балки шаҳрдорӣ, ширкатҳои паймонкор худашон онҳоро меоранд. Муҳоҷирон мисли ғулом зиндагӣ мекунанд, 25 нафарӣ дар таҳхона мешинанд, расман 35 ҳазор рубл маош мегиранд ва аз ин ҳисоб ҳиссаи зиёдашро ба мудирон ва мақомоти гуногун медиҳанд. Ман мехоҳам шаҳрдоре шавам, ки ба ин занҷираи бепоёни фосид хотима медиҳад".

Алексей Навалний нагуфт, ки чӣ гуна алайҳи ин низом мубориза хоҳад бурд, вале афзуд, шаҳрдоре хоҳад буд, ки муҳоҷиронро аз Маскав хоҳад ронд. Таври маълум дар Русия бештар аз як миллион нафар ва дар шаҳри Маскав садҳо ҳазор нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон ҳам қонунӣ ва ҳам ғайриқонунӣ кор мекунанд. Ба эҳтимоли ғолиб, муҳоҷирати корӣ дар мубоҳисаҳои ояндаи номзадҳо ба мақоми шаҳрдори Маскав ҳамчунон аз мавзӯъҳои асосӣ хоҳад буд. Чунки Михайил Дегтяров, номзади Ҳизби Либерал-Демократи Русия ба мақоми шаҳрдори Маскав ба маскавиҳо ваъда дод, ки дар мубоҳисаи оянда шарҳ хоҳад дод, ки чӣ гуна дар сурати пирӯзиаш “тамоми муҳоҷиронро” аз Маскав бадарға хоҳад кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG