Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вакили мардумии афғон Фарибо Аҳмадӣ Кокар куҷост?


Қандаҳор
Қандаҳор
Шавҳари вакили мардумии Волеси Ҷиргаи Афғонистон хабари рабуда шудани ҳамсар ва чор фарзандашро рад мекунад.

Муҳаммад Довуд шавҳари Фарибо Аҳмадӣ Кокар ба Радиои Озодӣ гуфт, ки иттилоъ дар бораи рабуда шудани ҳамсараш аснои сафар аз қандаҳор ба Кобул асосӣ воқеӣ надорад.

Ба қавли номбурда Фарибо Аҳмадӣ Кокар рӯзи шанбе бар пояи барномаи парламент ба Туркия сафар кардааст.

Аммо раиси Шӯрои вилояти Қандаҳор Саидҷон Хокрезвол таъкид мекунад, ки вакили мардумӣ ва ҳамроҳонаш дар қаламрави вилояти Ғазнӣ рабуда шудаанд.

Хокрезвол меафзояд, дар моҳи Рамазон Кокар дар Қандаҳор буд.
XS
SM
MD
LG