Пайвандҳои дастрасӣ

Кори консулгарии ИМА дар Лоҳур маҳдуд шуд


Департаменти давлатӣ ё худ вазорати корҳои хориҷии ИМА ба ходимони ғайриаслии ҳукумати ИМА дастур додааст, консулгарии ИМА дар шаҳри Лоҳури Покистонро тарк кунанд.

Дар изҳороти департаменти давлатии ИМА, ки рӯзи панҷшанбе нашр шуд, бо ишора ба мавҷудияти таҳдидҳои мушаххас таъкид мешавад, ки фаъолияти консулгарӣ маҳдуд хоҳад шуд.

Сухангӯйи сафорати ИМА дар шаҳри Исломободи Покистон Меган Грегонис мегӯяд, таҳдидҳо дар Лоҳур бо хавфи ҳамлаҳои террористӣ, ки ҳафтаи равон боиси муваққатан баста шудани сафоратҳои ИМА дар тахминан 20 кишвари Ховари Миёна ва Африқо гардида буд, иртиботе надорад.

Грегонис илова кард, ки ходимони консулгарӣ феълан ба Исломобод интиқол ёфтаанд ва онҳо баъди бартараф шудани таҳдид ба Лоҳур бармегарданд. ИМА ба шаҳрвандонаш машварат додааст, ки аз сафар ба Покистон худдорӣ кунанд, зеро як идда гурӯҳҳои дохиливу байналмилалӣ таҳдиди ҳамли террористӣ ба бор овардаанд.
XS
SM
MD
LG