Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбакистон ва Косово ба озмуни ҷаҳонии “Олиҳаи зебоӣ” пайвастанд


Созмондиҳандагони озмуни ҷаҳонии “Олиҳаи зебоӣ” эълон карданд, ки Узбакистон ва Косово дар миёни кишварҳое ҳастанд, ки мехоҳанд бори нахуст дар дарозумртарин озмуни ҷаҳонӣ ширкат варзанд.

Индонезия ба нақша гирифтааст, ки моҳи сентябри соли ҷорӣ ин озмунро дар пойтахти худ шаҳри Балӣ ва дар вилояти Ҷакарта баргузор кунад.

Кишварҳои дигаре, ки мисли ин ду кишвар бори аввал дар озмун ширкат меҷӯянд, Камерун ва Гвинея хоҳанд буд ва бо ин кишварҳо шумораи ширкаткунандагони озун ба 110 адад хоҳад расид.

Шарти ширкат дар ин озмун уҳдадориҳои молиро тақозо мекунад ва бояд бар асоси муқаррароти миллӣ ва дар чаҳорчӯбаи расму анъанаҳои кишвари худ ҳар номзад интихоб шавад. Вале гаҳ-гоҳе мушкил низ пеш меояд. Масалан, дар Малайзия як
муфтии минтақавӣ фатво дод, ки ширкати духтарон дар озмуни зебоӣ на танҳо ба шариат дуруст намеояд, балки тавҳин ба ислом низ ҳаст. Баъд аз он созмондиҳандагони озмуни ҷаҳонии “Олиҳаи зебоӣ” маҷбур шуданд, аз фиристодани чаҳор нафар барандагони даври ниҳоии озмуни дохилии худ ба озмуни ҷаҳонӣ худдорӣ кунанд.

Ҳатто яке аз вазирони кобинаи Малайзия гуфт, ки ин ҷо “гап дар бораи либоси шиноварии занона нест. Дар фатво рӯшан гуфта шудааст, ки занони мусулмон наметавонанд дар озмуни “Олиҳаи зебоӣ” ширкат ҷӯянд”.

Либоси шиноварии занона аз собиқадортарин унсури озмуни ҷаҳонии “Олиҳаи зебоӣ”ба шумор меравад, вале соли ҷорӣ бо назардошти баъзе суннатҳои муҳофизакоронаи мазҳабӣ ва рӯҳияи мазҳабии ҷомеа дар кишвари мизбони озмун зоҳир шудани духтарони довталаб дар либоси шиноварӣ мамнуъ эълон шуд. Ба ҳамин далел духтарони ин озмун дар либоси ҷиддитаре дар саҳна ҷавлон мезананд. Чунин либосҳо, ки маъмулан онро дар атрофи худ ба истилоҳ “мепечонанд”, дар кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Осиёи Ҷануби Шарқӣ маъмул аст. Дар баъзе аз кишварҳои Африқо, кишварҳои арабӣ ва дар бисёре аз кишварҳои ҷазираӣ низ ин гуна пӯшиш роиҷ аст.

РАҲИМА ҒАНИЕВА ДУШИЗАИ ЗЕБОИИ УЗБАКИСТОН

Узбакистон дар миёни кишварҳои Шӯравии пешин баъд аз Қазоқистону Қирғизистон
Раҳима Ғаниева
Раҳима Ғаниева
севвумин кишвар аст, ки дар ин озмун ширкат хоҳад кард. Раҳима Ғаниева-зодаи Тошканд дар охири моҳи июл дар озмуни Узбакистон пируз шуд.

Озмуни ҷаҳонии “Олиҳаи зебоӣ” тасмим гирифтааст, ки ба Раҳима имкон диҳад, то вай кишвари худ Узбакистонро бо чанд ҳаракат ё ҷумлае муаррифӣ кунад.
Дар бораи Узбакистон 5 далели ҷолиб вуҷуд дорад:

1. Занон ҳангоми салом дасти рости худро рӯи дил, яъне сари сина мегузоранд ва каме таъзим мекунанд.

2. Ал Хоразмӣ, ки шумораҳои арабиро ихтироъ кардааст ва поягузори алгебра (ал ҷабр) ё риёзиёт мебошад, дар қаламрави имрӯзаи Узбакистон ба дунё омадааст.
3. Соли 2002 бостоншиносони Русияву Узбакистон дар Қашқадарёву Самарқанд аҳромҳоеро кашф карданд, ки таърихи 2700 сола дорад.

4. Узбакистон яке аз ду кишвари “ду бор маҳсури ҷаҳон” ба шумор меравад. Кишвари дигари ду бор маҳсур Лихтенштейн мебошад. Кишвари маҳсур онест, ки ба роҳҳои обӣ дастрасии мустақим надорад. Кишвари ду бо маҳсур он аст, ки кишварҳои ҳамсояаш низ ба баҳрҳову уқёнусҳо роҳи обӣ надоранд. Маҳсур, яъне дар муҳосираи хушкӣ будан аст.

5. Ва саранҷом Узбакистон низ аз ҷумлаи кишварҳоест, ки ба нон эҳтиром доранд ва онро ҳеҷ гоҳ чаппа ва ё дар замин намегузоранд, барои он дастархон мегустаранд.

АНТИГОНА КОСОВОРО МУАРРИФӢ МЕКУНАД

Аз Косово дар озмуни “Олиҳаи зебоӣ” Антигона Сеҷдю-душизаи 21 сола ширкат
Антигона Сеҷдю
Антигона Сеҷдю
меҷӯяд. Приштина-пойтахти ин кишвар аз соли 2008, яъне аз соле, ки ба таври якҷониба истиқлоли худро аз Сербистон эълон кард, барои ширкат дар ин озмун мубориза мебарад. То ҳол Косоворо Сербистон ва Русия ба расмият чун кишвари мустақил нашинохтаанд. Ин ду кишвар низ дар Индонезия дар моҳи сентябр дар озмун ширкат хоҳанд ҷуст.

Маъмулан озмунҳои зебоӣ зери фишори мунаққидон мегузарад ва онҳо иддао мекунанд, ки чунин озмунҳо шаъни духтарону занонро поин мебаранд. Бо вуҷуди ин, чунин озмунҳо ҳамеша таваҷҷуҳи хоси сармоягузорон ва созмондиҳандагони ҷашнвораҳои саргармкунандаро ба худ кашидааст.
XS
SM
MD
LG