Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Падари домоди ғарқшуда тақозои бастани шохоби Панҷро дорад


Ҷасади шаҳе, ки барои овардани ҳамсари худ аз Кӯлоб ба ноҳияи Ҳамадонӣ рафта буд, ҳанӯз ҷустуҷӯ мешавад.

Ин ҷавони 21 сола бо номи Бахтовар ҳафтае пеш ҳамроҳ бо наздиконаш барои овардани арӯс ба ноҳияи Ҳамадонӣ сафар карда буд, вале қабл аз никоҳ бо рафиқаш ғайб зад.

Субҳи рӯзи дигари либосҳои ин ду ҷавон аз шохоби рӯдхонаи Панҷ бо мошини сабукравашон пайдо шуд. Пас аз се рӯзи ҷустуҷӯ, ҷасади Шералӣ Мирзохонов, дӯсти Бахтоварро аз соҳили ин шохоби Панҷ ёфтанд, вале ҳанӯз ҷасади худи шаҳ пайдо нест.

Алабердӣ Раҳимов, падари Бахтовар гуфт, мутаасифона ҳукумати ноҳияи Ҳамадонӣ ҳеҷ кӯмаке барои дарёфти фарзандаш намекунад.

Алабердӣ Раҳимов, падари ҷавони ғарқ шуда.

Алабердӣ Раҳимов, падари ҷавони ғарқ шуда.

Ӯ гуфт: «Тамоми сокинони шаҳраки Маскави Ҳамадонӣ ғамшарики мо ҳастанд. Шаш рӯз боз ҳар рӯз бо мо ҳастанд ва ҳар кӯмаке, ки аз дасташон меояд, анҷом медиҳанд. Моро тасаллӣ медиҳанд ва дар паҳлӯямон ҳастанд. Аммо ҳукумати ноҳия ҳеҷ кӯмаке намекунад. Як бор ба вилоят муроҷиат кардем, шохобро хушк карданд ва ҷасади рафиқи писарамро пайдо кардем, лекин дубора ба ҳукуматдорони ноҳия муроҷиат кардем, ки обро як бори дигар хушк кунанд, вале розӣ нашуданд. Ягон корманди МЧС-и ноҳия ҳам назди мо наомад. Мо мехоҳем, то якбори дигар обро хушк кунад, то ҷасади фарзандамро пайдо кунам.»

Замоне, ки мо Идораи Ситоди ҳолатҳои фавқулодаи ноҳияи Ҳамадонӣ рафтем, он ҷо касе набуд. Ин Ситод дар ноҳияи ҳамагӣ як нафар коргар доштааст, ки он ҳам дар рухсатии меҳнатӣ будааст. Дар ҳукумати ноҳия далели хушк накардани шохоби Панҷро ба он баста донистанд, ки ҳоло мавсими об додани пахтазор аст ва ин кор ҳам хеле мушкл аст.

Ҳоло ҷасади ин ҷавон, ки қарор буд, ҳафтае пеш аз ноҳияи Ҳамадонӣ арӯс биёрад, аз ҷониби сокинони оддӣ дар шохоби Панҷ ҷусутуҷӯ мешавад. Ба нақли сокинон, ин ду ҷавон ният доштанд, то фарорасии шом оббозӣ кунанд ва баъдан ба никоҳ омодагӣ бигиранд, аммо ҳамин ҳангом ғарқ мешаванд.

Рӯзи 3-уми июл Ғайбулло Афзалов, раиси вилояти Хатлон зимни сӯҳбат бо сокинони Фархор гуфт, оби рӯдхонаи Панҷ бинобар об шудани пиряхҳо 1000 кубометр бештар шудааст ва оббозӣ дар он хатар дорад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG