Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Эрон маросимҳои савганди Ҳасани Рӯҳонӣ-раиси ҷумҳури нав рӯзи шанбе оғоз шуд ва рӯзи якшанбе идома меёбад.

Дар ин маросим Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон низ дар баробари ҳайатҳои хориҷӣ ширкат хоҳад кард. Оқои Раҳмон субҳи 4 август озими Теҳрон мешавад. Қарор аст дар ин маросим ҳайатҳо аз 52 кишвар ҳузур ёбанд.

Бо нишастани оқои Рӯҳонӣ ба курсии раёсат акнун ин суол матраҳ аст, ки оё дар бахшҳои сиёсати хориҷӣ, ҳамкориҳои иқтисодӣ ва фарҳангӣ тағйироте пеш хоҳад омад, ё Эрон ҳамон сиёсати давраи Маҳмуди Аҳмадинежодро пеш хоҳад бурд? Ин суол барои он аҳамият дорад, ки бештари сиёсатҳоро дар ин кишвар Оятулло Хоманаӣ-раҳбари рӯҳонии Эрон таъйин мекунад.

Дар мусоҳибае бо Меҳдии Маҳдавиозод-таҳлилгари эронии муқими Олмон нахуст пурсидам, тафовути аслии Ҳасани Рӯҳонӣ аз Маҳмуди Аҳмадинажод чӣ хоҳад буд?

Маҳдавиозод: Оқои Рӯҳонӣ бо шиори “Эътидол”, “Тадбир” ва “Тавсеа” бар сари кор омадааст. Сиёсати хориҷии оқои Рӯҳонӣ ҳам бо ҳамсоягони Эрон ва ҳам бо кишварҳои ғарбӣ сиёсати мусолиҳаҷӯ хоҳад буд. Аммо сиёсати хориҷии оқои Аҳмадинжод сиёсати тундхӯ ва навъе ҷангталабона буд. Дар бахши иқтисодӣ оқои Рӯҳонӣ аҳли иқтисоди боз аст. Аммо дар давлати оқои Аҳмадинажод навъе иқтисоди авомона ва популистӣ иҷро мешуд, ки дар ин 8 сол боис шуд, ки Эрон дар ҳудуди 800 миллиард доллар даромади нафтӣ ва газу мисли инро аз даст диҳад. Дар бахши фарҳанг ҳам оқои Рӯҳонӣ шиорҳое, ки додааст, шиорҳои бисёр боз аст, албатта на дар ҳадди стандартҳои ғарбӣ. Аммо ин стандартҳо ҳадафаш ин аст, ки фишорҳо ба мардум камтар шавад, ноширҳо ва нависандагон озодтар шаванд, расонаҳо озодтар шаванд. Аммо дар даврони оқои Аҳмадинажод, фазое, ки бар Эрон ҳоким буд, як фазое буд, ки кӯчактарин интиқод муҷозоти зиндонро дар пай дошт.

Озодӣ: Бо омадани оқои Рӯҳонӣ сиёсати Эрон дар арсаи байналмиллалӣ тағйир хоҳад кард, агар равобити Эрон бо Иттиҳодияи Аврупо ва Амрикоро дар назар бигирем?

Маҳдавиозод: Эрон дар заминаи сиёсати хориҷӣ ҳоло дар яке аз шароити бадтарин баъд аз инқилоб ба сар мебарад. Ҳоло Эрон на танҳо бо шадидтарин таҳримҳои байналмиллалӣ рӯ ба рӯст, балки бо ҳамсоягони худ, ба хусус бо ҳамсоягони ҷанубии ҳошияи Халиҷи Форс ва бо кишварҳое мисли Туркия ҳам иртибототи хубе надорад. Аммо шиори оқои Рӯҳонӣ дар давоми маъракаи интихоботӣ ин буд, ки мо мехоҳем бо дунё таъомулу мусолиҳа кунем. Талошҳои оқои Рӯҳонӣ ин хоҳад буд, ки дар ҳавзаи сиёсати хориҷӣ дар марҳилаи аввал вазъиятро ором кунад ва нагузорад, ки таҳримҳо ташдид шаванд ва баъд ба суроғи дӯстӣ бо ҳамсоягон равад. Ин гузинаи аввалаш аст. Равобити худро, масалан бо Арабистни Саудӣ ва Туркия тақвият диҳад ва билофосила бо истифода аз равобити хуб бо Иттиҳодияи Аврупо ва боз кардани боби музокира бо Амрико қадамҳоеро бардорад, то равобити Эрон аз ин ҳолати танишзойи феълӣ беҳтар шавад.

Озодӣ: Барои иҷрои ин сиёсатҳои худ оқои Рӯҳонӣ курсиҳоро дар кобина ба чӣ шахсоне хоҳад дод, ба усулгароён, ислоталабон ва ё шахсиятҳои дигар?

Маҳдавиозод: Оқои Рӯҳонӣ қаблан гуфта буд, ки ман намехоҳам кобинаи эътилофӣ бичинам. Аммо охирин феҳристе, ки таҳия шудааст ва ҳамин рӯзҳо ба порламон ироа хоҳад шуд, нишон медиҳад, ки эшон иттифоқан кобинаи эътилофӣ чидааст. Ин аз ҷиҳате хуб аст ва аз ҷиҳате бад, яъне мо аз усулгароён дар ин кобина дорем, аз неруҳои миёмнарави тарафдори Ҳошимии Рафсанҷонӣ, ки тақрибан ниме аз кобинаро ташкил медиҳанд дорем ва аз ислоҳталабон ё реформистҳо ҳам дорем. Оқои Рӯҳонӣ саъй кардааст дар сиёсати хориҷӣ аз касе бо номи Ҷаводи Зариф истифода кунад. Вай дипломати собиқи Эрон дар СММ аст ва касест, ки моил аст равобити дипломатии Эрон бо Амрико то ҳаде барқарор шавад.

Озодӣ: Дар бораи сиёсати оқои Рӯҳонӣ бо кишварҳои Осиёи Марказии Шӯравии собиқ чӣ метавон гуфт?

Маҳдавиозод: Вақте, ки оқои Аҳмаднжод сари кор омад, бо шиори “Нигоҳ ба Шарқ” омада буд. Сиёсати “Нигоҳ ба Шарқ” ин буд, ки Эрон ба ҷои ин, ки рӯи Аврупо ва Иттиҳодияи Аврупо ҳисоб кунад, рӯи кишварҳое мисли Русияву Чин ва кишварҳое, ки қаблан Иттиҳоди Шӯравиро ташкил медоданд, ҳисоб кард. Ин сиёсат амалан шикаст хӯрд. Русия ва Чин саъй карданд фақат манофеи худашонро пайдо кунанд. Ман фикр мекунам, ки оқои Рӯҳонӣ сиёсати “Нигоҳ ба Шарқ”-ро куллан таъдил ё иваз хоҳад кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG