Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Ҳамадонӣ ҷасади як ҷавонро аз дарёи Панҷ берун оварданд


Акс аз бойгонӣ.

Акс аз бойгонӣ.

Ҷасади яке аз ду ҷавони ғарқшуда дар ноҳияи Ҳамадонӣ, аз дарёи Панҷ берун оварда шуд.

Ин ду ҷавон ҳафтае пеш аз Кӯлоб ба ин ноҳия рафта буданд ва ҳангоми шиноварӣ дар дарёи Панҷ ғарқ шуданд. Ҳоло дар рӯдхонаи Панҷ ҷустуҷӯи ҷасади дувум идома дорад.

Дар ҳамин ҳол Ғайбулло Афзалов, раиси вилояти Хатлон рӯзи шанбе зимни сӯҳбат бо сокинони ноҳияи Фархор гуфт, дарёи Панҷ дар як ҳафтаи охир 1000 кубаметр зиёд шуда ва шиноварӣ дар он хатарнок шудааст.

Аз ин қабл Ситоди ҳолатҳои изтирории Бадахшон бо дарназардошти якбора боло рафтани ҳарорати ҳаво ва тез шудани ҷараёни оби дарёҳо, ба сокинони навоҳии ин вилоят тавсиа дода буд, ки аз оббозӣ дар дарёи Панҷ худдорӣ кунанд.

Ин дар ҳолест, ки се сокини ин вилоят дар моҳи июн ва июл дар дарёи Панҷ ғарқ шудаанд. Миралӣ Ҳалимов, муовини сардори Ситоди ҳолатҳои фавқулоддаи вилояти Бадахшон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки бо якбора гарм шудани ҳаво ҷараёни обҳои дарёҳо тез шуда, хатари ғарқшавиро бештар кардааст. Вай гуфт, ки бо назардошти чунин вазъият, аз сокинони деҳоти соҳили дарёи Панҷ дар навоҳии Шуғнон, Рӯшон, Ванҷ, Ишкошим ва Дарвоз тақозо карда шуд, ки дар ин мавсим оббозӣ накунанд.

Ситоди Бадахшон дар ҳамкорӣ бо ҳукуматҳо ва бахшҳои ҳолатҳои фавқулоддаи навоҳии соҳили дарё корҳои фаҳмондадиҳиро оғоз карда, бо волидони наврасону ҷавонон суҳбатҳо анҷом медиҳанд, то фарзандони худро эҳтиёт кунанд ва ба минтақаҳои тезоби дарёҳо барои оббозӣ роҳ надиҳанд. Ситоди ҳолатҳои изтирории Бадахшон иттилоъ медиҳад, ки бо фарорасии гармо сар аз моҳи июн то июли соли равон се сокин ин вилоят ҳангоми оббозӣ ғарқ шудаанд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG