Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бар асари як даргирии хунбор дар вилояти Нангарҳори Афғонистон, наздик ба сад нафар кушта шудаанд.

Ба гуфтаи мақомоти афғон, дар сангинтарин даргирӣ дар ноҳияи Шерзоди ин вилоят, 22 пулис ва ҳафтоду шаш тан аз мухолифони мусаллаҳи давлати Афғонистон кушта шудаанд. Аҳмадзиё Абдулзай, сухангӯи волии Нангарҳор ба Радиои Озодӣ гуфт, даргирӣ пас аз он оғоз шуд, ки пулис амалиётеро барои раҳо кардани аъзои хонаводаи яке аз раҳбарони қавмӣ дар ноҳияи Шерзод, анҷом дод.

Толибони мусаллаҳ иддоа кардаанд, ки дар ин даргирӣ беш аз ҳаштод пулиси афғонро кушта ва аслиҳаи онҳоро бо худ бурдаанд. Аммо мақомоти афғон ин иддаои Толибонро таъйид накарданд. Ба гуфтаи сухангӯи волии Нангарҳор, дар амалиёт барои наҷоти аъзои хонаводаи як раҳбари қавмӣ, 16 тан аз афроди мусаллаҳ ва сипас дар камини ҷангҷӯён, 60 нафари дигари онҳо кушта шуданд.

Толибони мусаллаҳ се рӯз хонаи Малик Вардак ном як раҳбари маҳаллии як қабиларо дар вулусволии Шерзод муҳосира карда буданд. Ба гуфтаи сухангӯи воли Нангарҳор, амалиёт ва даргириҳои сангин дар маҷмӯъ ду шаб ва се рӯз идома дошт ва рӯзи ҷумъа ба поён расид.

Мақомоти афғон то ба ҳол нагуфтаанд, ки дар байни кушташудагон ҷангҷӯёни хориҷӣ ҳам будаанд ё на. Аммо Нангарҳор, ки яке аз вилоятҳои марзии Афғонистон бо Покистон аст, дар гузашта шоҳиди амалиётҳои мухолифоне будааст, ки аз он сӯи марз вориди ин вилоят мешуданд.
XS
SM
MD
LG