Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷосуси фирорӣ Сновден Русияро таъриф ва Амрикоро танқид кард


Эдвард Сновден

Эдвард Сновден

Кохи Сафеди Амрико мегӯяд, ки аз тасмими Русия дар бораи гузоштани ҳақи паноҳандагӣ ба Эдвард Сновден-корманди пешин ва фирории кашфи Амрико “сахт нигарон” аст.

Ҷей Корнӣ-сухангӯи Кохи Сафед баъд аз эълони ин тасмими Русия гуфт, ки Кохи Сафед дар бораи мулоқоти барномарезишудаи оғози моҳи сентябри Барак Обама ва Владимир Путин-раисони ҷумҳури ҳар ду кишвар бори дигар фикр мекунад. Қарор аст ин мулоқот дар Маскав баргузор шавад.

Корнӣ гуфт: “Мо албатта аҳамияти мулоқоти Маскав, муносиботи дуҷониба ва гуфтугӯ бо мақомоти Русияро арзёбӣ мекунем”.

Ҷей Корнӣ

Ҷей Корнӣ

Вашингтон мехоҳад барои ифшои барномаҳои густардаи назорат бар интернет ва гуфтугӯҳои телефонӣ Эдвард Сновденро ба додгоҳ кашад.

Рӯзи панҷшанбе Анатолий Кучерин-вакили мудофеи Сновден ба хабарнигорон гуфт, ки ба вай барои як сол ҳақи паноҳандагӣ дода шудааст ва Сновден баъд аз дарёфти асноди паноҳандагӣ фурудгоҳро тарк кардааст. Сновден аз 23 июни соли ҷорӣ баъд аз парвоз аз Ҳонг Конг то ҳол дар бахши таранзитии фурудгоҳи Шереметево ба сар мебурд.

Дар як изҳороте, ки дар торнамои WikiLeaks чоп шудааст, Сновден ба Русия барои додани паноҳандагӣ изҳори сипос кардааст, вале гуфтааст, ки ҳукумати Амрико ба қонунҳои байналмиллалӣ “эҳтиром намегузорад”.

Баъд аз он, ки мақомоти Амрико шиносномаи Сновденро беэътибор эълон карданд, вай аз Русия муваққатан паноҳгоҳи сиёсӣ хост. Амрико аз Русия тақозо кард, ки Сновденро ба Амрико фиристад, вале Владимир Путин ин дархости Амрикоро қабул накард. Путин гуфт, ки вай тасмим гирифтааст, барои Сновден бо Амрико вориди баҳс намешавад, то он ба муносиботи Маскаву Вашингтон зарар расонад.

Бо вуҷуди ин Юрий Ушаков-мушовири умури сисёсии раиси ҷумҳури Русия рӯзи панҷшанбе гуфт, ки парвандаи Сновден чандон аҳамият надорад, ки ба муносиботи миёни Амрикову Русия осеб расонад. Худи Путин гуфта буд, агар Сновден бихоҳад дар Русия монад, бояд сирру асрори Амрикоро ифшо накунад. Рӯзи панҷшанбе Кучерин- вакили мудофеъ гуфт, ки Сновден ин шарту шароитро пазируфтааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG