Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фурудгоҳи Душанбе: "Соли оянда соҳиби терминали нав мешавем"


Нишасти хабарии масъулони Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе.
Нишасти хабарии масъулони Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе.

Мақомоти фурудгоҳи байналмилалии Душанбе мегӯянд, дар нимаи аввали сол кори ин бандари ҳавоии Тоҷикистон ба маротиб беҳтар шудааст.


Ба гуфтаи онҳо, нишондиҳандаҳои иқтисодии фурудгоҳ баёнгари рушди кори онанд. Чунончӣ фурудгоҳ дар нимаи аввали сол 65 миллион сомонӣ, ё тақрибан 13,5 миллион доллар фоида ба даст овардааст.

Ин рақамро рӯзи 25 июл дар нишасти хабарӣ Рустам Холиқов, раиси фурудгоҳи Душанбе эълон кард ва афзуд, феълан қарзи ду ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон - "ТоҷикЭйр" ва "СомонЭйр" аз фурудгоҳи Душанбе 81 миллион сомониро ташкил мекунад.


Тавсифи фурудгоҳи Душанбе аз беҳтар шудани кораш дар соли равон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:46 0:00
Линки мустақим


Рустам Холиқов аз ҷумла гуфт, «аз ин маблағ 55 миллион сомонӣ қарзи "ТоҷикЭйр" аст ва маблағи боқимондаро ширкати “СомонЭйр” аз фурудгоҳ қарздор аст. Аммо ман фикр мекунам, ки барои ширкати “СомонЭйр” бояд тахфифи бештар бошад, зеро ин ширкат ба маблағи 300 миллион доллар ҳавопаймо харидорӣ кардааст. Аммо дар қонунгузорӣ чунин имтиёз ҳанӯз нест. Дар мавриди фоидаи фурудгоҳ бояд бигӯям, аз он 65 миллион сомоние ки ба даст омадааст, 30 миллионаш барои сохтани терминали нави фурудгоҳ сарф шудааст.»

Рустам Холиқов ҳамчунин мегӯяд, дар ин нимсола нархнома барои хадамоти ширкатҳои ҳавопайимоӣ ва мусофирон бетағйир мондааст.

Ба гуфтаи мақомоти фурудгоҳ хидмат ба мусофирон дар муқоиса ба солҳои пеш беҳбуд ёфта, мавориди таъхири парвозҳову гум шудани бағочҳо кам гардидааст. Гуфта мешавад, дар нимаи аввали сол 12 мавриди дуздии бағоҷ сабт шуда, дар мавриди якеаш парванда боз гардидаст. Ва аммо таъхири парвозҳо бештар ба номусоидии ҳаво бастагӣ дошта, назар ба як соли пеш қариб 60 дарсад коҳиш ёфтааст. Аз ҷумла Хайриддин Тӯраев, сардори хадамоти авиатсионӣ мегӯяд, «дар ҳоли ҳозир, тамоми хатсайрҳо мувофиқи меъёрҳои муайяншуда аз қайд гузашта истодаанд, ягона ҳолатҳое, ки вобаста ба мушкилоти фаннӣ ва ё номусоидии ҳаво мешавад ва якчанд хатсайрҳо якҷоя меоянд, ин дар ҳама фурудгоҳҳои дунё ҳаст ва ба ҳамаи ин нигоҳ нокарда, ба ҳама мусофирон сари вақт хидмат расонда мешавад.»

Дар ҳоле ки мақомоти фурудгоҳ аз кори худ ситоиш мекунанд, мусофирон мегӯянд, беҳбуди зиёдеро мушоҳида накардаанд. Барои мисол, мусофирони хатсайри Машҳад-Душанбе Умед Гадоев ва Гулҷаҳони Мирзомурод мегӯянд: «Ҳеҷ беҳбудиро намебинем, як соат бағоҷамонро интизор мешавему як соати дигар аз хадамоти сарҳадӣ мегузарӣ, ҳамагӣ як сарҳадчӣ шишта, сад мусофирро хидмат мерасонд. Дар дигар кишварҳо дар сари вақт хидмат мерасонанд, пешрафтаанд ва дар 5 -10 дақиқа берун мешавӣ. Дар ин ҷо муддати зиёд интизор мемонӣ.»

Дар ҳамин ҳол мақомоти фурудгоҳ мегӯянд, дар ин муддат чандин ходими ин
Фурудгоҳи Душанбе (акс аз бойгонӣ)
Фурудгоҳи Душанбе (акс аз бойгонӣ)
ниҳод ва аз ҷумла 2 марзбон, ки зан будаанд, барои муомилаи бад бо мусофирон аз кор озод шудаанд. Ҳарчанд Хайриддин Тӯраев, сардори хадамоти авиатсионӣ, вуҷуди чунин мушкилотро рад намекунад, аммо мегӯяд, аксаран бо айби худи мусофирон миёни онҳо ва ходимони фурудгоҳ нофаҳмӣ ба вуҷуд меояд.Ӯ аз ҷумла гуфт, «вақте 20 нафар мегузарад, ҳар кадом ҳар хел гап мезанад. Шумо бовар мекунед, ман гоҳҳо худам меравам ва илтимос мекунам, ки дар як қатор навбат истанд чун мо тоҷикон навбат пойиданро хуш надорем ва ҳамин инро низ бояд ба назар гирифт.»

Аммо бо ин ҳама мақомоти фурудгоҳи Душанбе ба ин боваранд, ки баъди ба истифода додани терминали нав хидмат ба мусофирон беҳбуд хоҳад ёфт. Ба гуфтаи онҳо ин терминал дар ҳамкорӣ бо ширкати фаронсавӣ бунёд шуда, барои 500 нафар ғунҷоиш дорад ва аз шароити маишиву тафреҳӣ бархӯрдор хоҳад буд.

Одил Бобоев, муҳандиси сохтмони терминали байналмилалии фурудгоҳи Душанбе ба хабарнигорон гуфт, ки "сохтмони ин терминал моҳи январи соли ҷорӣ шурӯъ шуда ва қарор аст, дар моҳи октябри соли 2014 ба итмом расад."

Ба таъкиди ӯ, корҳои сохтмонӣ дар ин лоиҳа 50 дар сад иҷро шуда ва дар сурати бо ин шева идома кардани корҳои созтмонӣ, имкон аст, ки пеш аз мӯҳлат сохтмони терминали нави фурудгоҳ ба анҷом расад. Бобоев гуфт, ки дар ҳоли ҳозир дар сохтмон 110 корманди маҳаллӣ ва 25 мутахассиси фаронсавию турк фаъолият доранд.

Олим Бобоев мегӯяд, терминали нав ғунҷоиши 500 мусофирро дорад ва дар як вақт 4 ҳавопаймо метавонад тавассути он парвоз анҷом диҳад. Дар терминали нав бар иловаи толори пазироии мусофирон, сабти чипта ва дӯкони нашрияву маҷаллаҳо ва ошхона, як ҳуҷраи намозгузорӣ низ дар назар гирифта шудааст.
XS
SM
MD
LG