Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар бархӯрдҳои Миср 7 кас кушта шуданд


 Бархӯрдҳои шаби душанбеи 15-уми июли 2013-ум дар Қоҳира
Бархӯрдҳои шаби душанбеи 15-уми июли 2013-ум дар Қоҳира
Шаби душанбе дар бархӯрдҳои тарафдорони президенти барканоршудаи Миср Муҳаммад Мурсӣ бо полиси ин кишвар камаш 7 нафар кушта шуданд.

Мақоми баландпояи вазорати беҳдошти Миср Холид Хатейб рӯзи сешанбе гуфт, дар бархӯрде, ки шаби душанбе ба вуқӯъ пайваст, камаш 260 каси дигар маҷрӯҳ шуданд.

Ӯ афзуд, ки субҳи рӯзи сешанбе ҳам дар баъзе гӯшаҳои Қоҳира бархӯрдҳо ба қайд гирифта шуданд.

Ҳазорҳо пайрави Мурсӣ аз ҷунбиши Ихвонулмуслимин бо тақозои барқарор намудани Мурсӣ дар мансабаш гирдиҳамоиҳои эътирозӣ ташкил кардаанд.

Мурсӣ 3-уми июл баъди эътирозҳои саросарӣ аз тарафи низомиёни Миср барканор шуд. Рӯзи душанбе муовини котиби давлатии ИМА Вилям Бурнс бо раҳбарони муваққати Миср дидору гуфтугӯ дошт.
XS
SM
MD
LG