Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳайати дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон эълон шуд


Сармураббии нави тими мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон Мӯҳсин Муҳаммадиев ба аввалин ҷамъомади таълимиву тамринии даста 23 футболбозро даъват кардааст.

Ин ҷамъомад дар доираи омодагиҳои дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон ба бозии дӯстона бо тими миллии Ҳиндустон, ки рӯзи 14-уми август дар варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон”-и шаҳри Хуҷанд барпо мегардад, доир хоҳад шуд. Ин ҷамъомад дар шаҳри Турсунзода аз 17-ум то 28-уми июл баргузор мешавад.

Ба аввалин ҷамъомади таълимиву тамринии дастаи мунтахаб Мӯҳсин Муҳаммадиев 23 футболбозоро даъват кардааст, ки 3 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 8 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар мебошанд. Аз ҳама бештар аз дастаи «Истиқлол»-и Душанбе – 11 нафар, 5-нафарӣ аз дастаҳои «Равшан»-и Кӯлоб ва «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода, якнафарӣ аз «Хуҷанд»-и Хуҷанд ва «Слобода»-и Сербия мебошанд.

Мӯҳсин Муҳаммадиев ба сомонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон гуфтааст, ки дари мунтахаби кишвар барои ягон кас пӯшида нест. Ба гуфтаи ӯ ҳайати мунтахаби Тоҷикистон ба бозии дӯстона бо тими миллии Ҳиндустон ҳанӯз ниҳоӣ нест ва мумкин аст, ки дар ҷараёни омодагӣ ба ин бозӣ тағйирот ба амал ояд.

Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон, ки дар ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Турсунзода ширкат мекунад, чунин аст:

Дарвозабонҳо: Алишер Тӯйчиев («Истиқлол»), Рустам Ризоев («Равшан»), Алишер Додов («Регар-ТадАЗ»); ҳимоятгарон: Далерҷон Тухтасунов, Ҳасан Рустамов, Алексей Неъматов (ҳарсе – «Равшан»), Соҳиб Саванқулов, Наим Улмасов, Аҳтам Назаров, Эраҷ Раҷабов, Сиёвуш Асроров (ҳарчор – «Истиқлол»); нимҳимоятгарон: Абдусамад Ҳоҷибаев («Равшан»), Маҳмадалӣ Содиқов («Хуҷанд»), Хуршед Маҳмудов, Расул Файзов (ҳарду – «Регар-ТадАЗ»), Нуриддин Давронов («Слобода», Сербия), Иброҳим Рабимов, Ҷаҳонгир Ҷалилов, Фатҳулло Фатҳуллоев (ҳарсе – «Истиқлол»);
ҳамлагарон: Комил Саидов, Шодибек Ғаффоров (ҳарду – «Регар-ТадАЗ»), Дилшод Восиев, Ҷаҳонгир Эргашев (ҳарду – «Истиқлол»).
XS
SM
MD
LG