Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

М.Муҳаммадиев ситоди мураббиёни тими мунтахабро ташкил дод


Муҳсин Муҳаммадиев
Муҳсин Муҳаммадиев

Сармураббии нави дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон Мӯҳсин Муҳаммадиев ситоди мураббиёни худро ташкил дод.

Ёварони мутахассиси 46-сола Мӯҳсин Муҳаммадиев сармураббии нави дастаи «Истиқлол»-и Душанбе Олег Ширинбеков, инчунин, мураббии Академияи футболи «Истиқлол» Рустам Қурбонов мебошанд. Мураббии дарвозабонҳо Амоншо Саодатсайров ва мураббӣ оид ба омодагии ҷисмонӣ Асан Мустафоев, собиқ бозигари дастаи «Помир»-и Душанбе, таъин шудаанд.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 2-юми июл дар меҳмонхонаи "Hyatt Regency"-и Душанбе бо Мӯҳсин Муҳаммадиев, сармураббии нави дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон, қарордод ба тасвиб расида буд.

Ба қарордод, ки барои ду давраи якунимсолӣ ва дар маҷмӯъ ба мӯҳлати се сол баста шудааст, Рустами Эмомалӣ, раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Мӯҳсин Муҳаммадиев, сармураббии дастаи мунтахаби миллии кишвар, имзо гузоштаанд.

Дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон бо раҳбарии Мӯҳсин Муҳаммадиев рӯзи 14-уми август дар варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон”-и шаҳри Хуҷанд бо тими миллии Ҳиндустон бозии дӯстона анҷом медиҳад.
XS
SM
MD
LG