Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Агар мудохилаи хориҷӣ нашавад, интихобот ором хоҳад гузашт"


Қасри раёсати ҷумҳури Тоҷикистон
Қасри раёсати ҷумҳури Тоҷикистон

Масъулони Маркази мутолеоти стратегии Тоҷикистон мегӯянд, ки агар ба интихоботи моҳи ноябрии раёсати ҷумҳурӣ неруҳои берунӣ ва кишварҳои хориҷӣ дахолат накунанд, ин маъракаи муҳими сиёсӣ ором хоҳад гузашт.

Муовини раиси Маркази мутолеоти стратегии вобаста ба раёсати ҷумҳури Тоҷикистон Сайфулло Сафаров, рӯзи ҷумъаи 12-уми июл дар нишасти матбуотӣ гуфт, агар неруҳои берунӣ ва кишварҳои хориҷӣ ба интихоботи моҳи ноябрии раёсати ҷумҳурӣ дахолат накунанд, ин маъракаи сиёсӣ ором хоҳад гузашт: «Ба назари ман дар Тоҷикистон агар дахолати кишварҳои беруна ва ё қувваҳои махсус набошад, интихобот хеле ором мегузарад, чунки мардум ба қадри оромиву осудагӣ ва инкишоф мерасанд.»

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:16 0:00
Линки мустақим

Ҳарчанд ҷаноби Сафаров аз шарҳи мафҳуми «мудохилаи хориҷӣ» худдорӣ кард ва аммо ишора ба он намуд, ки аз ин пештар чунин дахолатҳо на танҳо дар давраи интихобот, балки баъд аз он низ вуҷуд дошт. Дар ин миён таҳлилгарони тоҷик низ дар мисоли интихоботи президентии соли 1994 дахолат ва таъсири кишварҳои хориҷӣ ва аз ҷумла Русияро, ки ҷонибдори Эмомалии Раҳмон буд, тасдиқ мекунанд. Онҳо мегӯянд, агарчӣ ба фарқ аз 20 соли пеш дасти хориҷиён барои таъсиррасонӣ ба раванди интихоби президентӣ дар Тоҷикистон кӯтаҳтар аст, аммо боз ҳам нигаронии масъулони Маркази мутолеоти стратегиро беасос намедонанд.

Парвиз Муллоҷонов, коршиноси тоҷик
Парвиз Муллоҷонов, коршиноси тоҷик
Аз ҷумла Парвиз Муллоҷонов, коршиноси масоили сиёсӣ бар ин аст, ки то андозае Русия ва Узбакистон метавонанд дар ин раванд ба субот таҳдид кунанд. Аз ҷумла ба қавли ин таҳлилагар, Русия дар даст фишангҳое муассиреро дорад, ки ҳар замон метавонад истифода кунад: «Барои мисол, ба воситаи муҳоҷирон таъсир кардан мумкин аст. Фаразан, агар Русия 50 ё 60 ҳазор муҳоҷиронро аз кишвараш берун кунад, дар сурати баргашт ба ватан ва пайдо накардани кор, онҳо метавонанд эътироз намоянд. Яъне, аз ҳамин тариқ метавонанд ба рафти овоздиҳӣ дар интихоб таъсир намоянд.»

Бо ин ҳама Парвиз Муллоҷонов меафзояд, дар сурати хуб будани вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ дар кишвар, ҳеҷ нерӯе ба интихобот мудохила кардан наметавонад. Гузашта аз ин, ба андешаи ӯ, агар интихоботи моҳи ноябр ба мисли корзорҳои қаблӣ сурат бигирад, ҳатман бо ғалабаи президенти кунунӣ анҷом хоҳад ёфт.

Дар ҳамин ҳол Шокирҷон Ҳакимов, коршиноси сиёсӣ як сенарияи интихоботро дар он мебинад, ки агар ҲНИТ бо ҲСДТ дар заминаи наздик кардани барномаҳои пешазинтихоботӣ нерӯҳои зеҳнӣ ва моливияшонро муттаҳид кунанд. Аз нигоҳи ҷаноби Ҳакимов, эҳтимоли дар ин замина ҷамъ кардани созмонҳои иҷтимоии фаъол ва шахсиятҳои алоҳида вуҷуд дорад. Чун аслан маълум аст, ки ҳизбҳои дигар кӯшиш мекунанд, бо мақсади вонамуд кардани интихоботи демократӣ номзадҳоеро пешниҳод намоянд, ки миёни мардум маҳбубият ё пойгоҳи иҷтимоӣ надоранд.

Ҷаноби Ҳакимов мегӯяд, «агар таҷрибаи Осиё Марказиву бархе дигар кишварҳо ва умумияти сатҳи фарҳангии сиёсиро ба назар бигирем, гумон намекунам, ки президенти амалкунанди Тоҷикистон таҷрибаи Русияро, ки қаблан миёни Путину Медведев буд, мавриди амал қарор бидиҳад ва аз доираи наздикони президент касе ба саҳна барояд. Ва он сенарияро, ки ягон нафаре аз наздикону пайвандон ва ё аз ҳамҳизбонаш ҳамчун шахси боэътимод бо мақсади таъмини усули ворисият дар идоракунии давлат ба Эмомалии Раҳмон бошад, интизор шудан имконият надорад.»

Қосими Бекмуҳаммад, таҳлилгари тоҷик.
Қосими Бекмуҳаммад, таҳлилгари тоҷик.
Дар ҳамин ҳол Қосими Бекмуҳаммад, яке аз дигар сиёсатшиносони тоҷик беҳтарин роҳи маҳдуд кардани мудохилаи хориҷиро дар фароҳам овардан шароити озод ба мардум дар интихоби номзади дилхоҳ мебинад. Ӯ мегӯяд, «барои мудохилаи нерӯҳои беруна асос лозим аст ва агар дар кишвар ягон маҳдудияте барои ҳузури васеъи аҳзоб дар интихобот пеш наояд, дасти нерӯҳои хориҷӣ барои таъсиррасонӣ боз нахоҳад буд. Сӯистифодаҳои онҳо ба сурати мустақим имкон надорад, зеро Тоҷикистон кишвари солҳои 90-ум нест, ки нерӯҳои хориҷӣ мустақиман ва рушод дар равандҳои сиёсии Тоҷикистон мудохила кунанд. Ва онҳо танҳо метавонанд аз тариқи авомили худ дар ин кишвар истифода баранд, ки ман имрӯз дар рӯи саҳнаи сиёсии Тоҷикистон пеш аз ҳама аҳзоби фаъол ва матраҳи мухолифи сиёсиро дар назар дорам, ки онҳоро ба ҳеҷ ваҷҳ наметавон гуфт, ки бозичаи ин ё он қудрат ва кишвари хориҷӣ бошанд.»

Ба ақидаи таҳлилгарон, муҳимтарин нукта омодагии аҳзоб ба ин интихобот аст. Шеваи амали онҳо фазои умумиро муайян хоҳад кард. Вале ин эҳтимол низ вуҷуд дорад, ки тарафи сеюме метавонад дар саҳна зоҳир шавад, ки то ҳоло намудор нагаштааст. Бархе аз коршиносон мегӯянд, ҳизбҳои сиёсӣ, агар омодагияшро надоранд, беҳтар аст, дар интихобот ширкат накунанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки ба таъкиди Сайфулло Сафаров, муовини раиси Маркази мутолеоти стратегӣ, агар аҳзоби сиёсӣ дар интихоботи имсола иштирок накунад, дар соли 2020-ум имконияти муаррифии намудани худро аз даст медиҳанд.
XS
SM
MD
LG