Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ширкати "Фароз" дар пайи як матлаби Радиои Озодӣ харҷи сафари Аврангзеби Асрориён ба Ирландияро ба дӯш гирифт.

Ширкати «Фароз» тамоми хароҷоти сафари Аврангзеби Асрориён, хонандаи синфи 11-и литсейи иқтисодии шаҳри Душанбе барои ширкат дар Форуми мубоҳисони ҷавони ҷаҳон дар Ирландияро ба ӯҳда гирифт.

Аврангзеби Асрориён ду рӯз пеш дар як мусоҳиба бо Радиои Озодӣ, ки таҳти унвони «Тими Тоҷикистон барои сафар ба Ирландия пул надорад» нашр шуд, гуфт, ҳарчанд ба даври ниҳоии ин баҳсҳо роҳхат гирифтааст, вале ба далели мушкилоти молӣ наметавонад ба Ирландия сафар кунад. Дар пай масъулони ширкати «Фароз» бо ирсоли як нома тавассути бахши шарҳҳои ба Озодӣ изҳор доштанд, ки харҷи сафари Аврангзебро ин ширкат ба дӯш мегирад.

Далер Шукуров, сардори Департаменти рушди ширкати «Фароз» рӯзи 4 июл Аврангзеби Асрориён ва модараш Ҳалима Асрориёнро ба ҳузур пазируфт. Оқои Шукуров баъд аз шиносоӣ бо ин толибилми тоҷик ва дастовардҳояш, гуфт, ширкат ба ӯ барои гирифтани виза кӯмак карда, масрафоти будубош дар Ирландия, роҳкиро ва ҳатто кисапулиашро пардохт хоҳад кард. Ҷаноби Шукуров дар сӯҳбат бо «Озодӣ» афзуд, «мо ҳамеша аз он ҷавононе, ки лаёқатманданд, донишу малакаи хуб доранд ва кӯшиш мекунанд, ному обрӯи Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳон баланд бардоранд, истиқбол менамоем. Ва вақте, ки мақоларо дар бораи Аврангзеб дар «Озодӣ» хондем, боиси нигаронии мо он буд, ки як ҳисси нигаронӣ ва рӯҳафтодагӣ дар ин ҷавон дарк карда мешуд ва ба хулосае омадем, ки ӯро дастгирӣ намуда, рӯҳбаланд гардонем.»

Аврангзеби Асрориён

Аврангзеби Асрориён

Аврангзеби Асрориён бо истиқбол аз ин ҳиммати ширкати «Фароз» гуфт, пас аз муроҷиат ба «Озодӣ» умед дошт, ки ҳатман нафари саховатпешае пайдо хоҳад шуд, то ба вай дасти кумак дароз кунад. Ӯ афзуд, «вақте шоми дирӯз фаҳмидам ин хабарро, чанд муддат дар ҳолати шок қарор доштам ва то ба имрӯз боварӣ надоштам, ки ин хабар дуруст аст ё на? Вақте ки омадам ба инҷо, ба ҳақиқати он боварӣ ҳосил намудам.»

Ҳалима Асрориён, модари Аврангзеб аз тасмими «Фароз» барои кӯмак ба фарзандаш ҳатто ашки шодӣ рехт. Ӯ мегӯяд, «вақте тариқи интернет фаҳмидем, ки «Фароз» сарпарастӣ мекунад, баробари фарзандам ман ҳам хеле хурсанд шудам. Намедонам, аз хурсандиам чӣ гӯям? Мехоҳам, ки Тоҷикистони мо ҳамавақт ҷавононро дастгирӣ намояд, то онҳо хонанд, ба хориҷа раванд. Ман бисёр хурсандам, ки фарзанди ман барои илмомӯзӣ хеле талош мекунад ва мехоҳам, ки дар Тоҷикистон чунин фарзандон зиёдтар шаванд.»

Ҳамакнун бо он ки ширкати «Фароз» барои Аврангзеби Асрориён шароити молии сафар ба Форуми мубоҳисони ҷавони ҷаҳон дар Ирландияро фароҳам кардааст, Аврангзеб мегӯяд, масъулияташ аз ин дучанд афзудааст. «Ҳамавақт пеш аз якҷо рафтан барои муаррифии як давлат ва як миллат масъулият ҳис мекунем. Ва вақте ки боз ягон ширкати ватанӣ ва ягон шахс ба ту эътимод карда, кӯмак мекунад ва вазифадор менамояд, ки ту рафта, номи як давлатро боло бардорӣ, масъулият дучанд мешавад. Ва мо ҳам ҷидду ҷаҳд менамоем, ки номи Тоҷикистонро ба ҷаҳониён хеле хуб муаррифӣ намоем.»

Аврангзеби Асрориён то ин вақт дар озмунҳои байналмилалӣ дар Амрико, Туркия, Қирғизистон иштирок кардааст ва барои ихтирооташ аз фанни кимиё соҳиби 2 медали тилло мебошад.

Тими мубоҳисони ҷавони Тоҷикистон дар Форуми ҷавонони Осиё-2013, ки аз 8-ум то 21-уми апрели соли равон бо иштироки 120 толибилм аз 13 давлати Осиё дар Иссиқкӯли Қирғизистон баргузор гардид, ширкати фаъолона намуда, ба даври ниҳоии ин озмун, яъне ба Форуми мубоҳисони ҷавони ҷаҳон дар Ирландия роҳхат гирифт.

Қарор аст, тими мубоҳисони ҷавони Тоҷикистон барои иштирок дар ин форум бо 4 толибилм ва як мураббӣ миёнаҳои моҳи август ба Ирландия сафар кунад. Дар чаҳорчӯбаи форуми мазкур, ки 15 рӯз давом мекунад, баргузории сабқатҳо миёни тимҳои кишварҳои ҷаҳон ва давраҳои омӯзишӣ дар назар дошта шудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG