Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Генерали афғон Покистонро ҳомии Толибон номид


 Собиқ силоҳбадастони Толибон, ки аз ҷанг бо ҳукумати Афғонистон даст кашидаанд
Собиқ силоҳбадастони Толибон, ки аз ҷанг бо ҳукумати Афғонистон даст кашидаанд
Генерали баландпояи афғон мегӯяд, Покистон метавонад ҷанг дар Афғонистонро “дар зарфи чанд ҳафта” ба поён расонад.

Дар сӯҳбат бо хабарагузории БиБиСӣ генерал Шермуҳаммад Каримӣ гуфтааст, ки Покистон Толибонро таҳти назорат дорад ва мақомоти Исломобод метавонанд пайравони ин ҷунбиши ифротии исломиро ба раванди сулҳ ташвиқ кунанд.

Генерал Каримӣ илова кардааст, мадрасаҳои диниии Покистон, ки аслан парваришгоҳи эктремистҳои исломӣ мебошанд, ҳоло дарҳои худро бастаанд ва Толибон муҳассилини мадрасаҳоро ба ҷанг дар Афғонистон ҳидоят мекунанд.

Ба қавли Каримӣ ҳозир ҳам Афғонистон ва ҳам Покистон аз терроризм азият мекашанд ва ҳар ду кишвар метавонанд самимона бар зидди даҳшатафканон қиём кунанд.

Мансабдорони афғон Исломободро пуштибони хориҷии Толибон мешуморанд. Ба гуфти онҳо ҳанӯз ҳам раҳбарони Толибон аз паноҳгоҳҳоияшон дар ққалмрави Покистон амал мекунанд.
XS
SM
MD
LG