Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбари ошӯбгарони қафқозӣ оташбасро хотима бахшид


 Доку Умаров
Доку Умаров
Раҳбари ошӯбгарони исломии Қафқози шимолии Русия аз муҷоҳидин даъват кардааст, ки ҳамлаҳо ва аз ҷумла ҳамлаҳо бо ҳадафи барҳам задани бозиҳои олимпии Сочиро, ки зимистони соли 2014-ум мадди назар мебошанд, афзоиш диҳанд.

Рӯзи чоршанбе сомонаи ошӯбгарон навори видеои Доку Умаровро намоиш дод, ки дар он номбурда тамоми муҷоҳидини манотиқи мухталифи Русияро ба ҳамлаҳо ташвиқ намуда, таъкид мекунад, набояд иҷозат дод, ки “бозиҳои шайтонӣ дар рӯи устухонҳои гузаштагони онҳо, гузаштагони мусулмонони зиёде, ки дар соҳилҳои баҳри Сиёҳ ба хок супурда шудаанд, барпо гарданд.”

Умаров афзуд, манъи ҳамлаҳои муҷоҳидин дар дохили Русия хотима меёбад, зеро “зоҳиран Кремл онро ҳамчун заъфи муҷоҳидин арзёбӣ мекунад.”
XS
SM
MD
LG