Пайвандҳои дастрасӣ

Порисро дидану намурдан ё "панири бепул"-и қапқони Порис


Алина Алимқулова дар "тазоҳурот"-и эрониҳо дар Порис

Алина Алимқулова дар "тазоҳурот"-и эрониҳо дар Порис

Коромӯзи бахши қирғизии Радиои Озодӣ Алина Алимқулова ба хотири дидани Порис дар як тазоҳуроти ташкилшудаи созмони Муҷоҳидини халқи Эрон ширкат кард.

Ман маъмулан дар шабакаи “Вконтакте” мусиқӣ гӯш мекунам. Маҳз дар ҳамин ҷо, ҳафтаи гузашта чашмам ба эълони фиребандае бархӯрд, ки истироҳат дар Порисро ваъда мекард. Ҷазабааш дар қимати рафту баргашт ба Порис буд, ки ҳамагӣ 35 евро гуфта мешуд - сафар бо автобус, меҳмонхонаи чаҳорситорагӣ ва он ҳам бо субҳонааш. “Фиребгар будагистанд”- аз дил гузаронидам ман.

Аммо пешниҳодкунандаи ин ба истилоҳ “Тур де Франс” кам намеомад ва маро эмейлборон мекарду мутақоид месохт, ки зинҳор аз ин пешниҳоди тақрибан ройгон даст накашам. “Дигар ба ту, ба як донишҷӯи оддӣ аз Осиёи Марказӣ кай даст хоҳад дод, ки Порисро бубинӣ ва дар Шонзе Лизе гаштугузор кунӣ ва дар ивази 35 евро меҳмони Квазимодо шавӣ?”- мегуфт нидое гӯши ман. Аммо зеҳнам мегуфт, “панири бепул танҳо дар мушқапак аст, бепул ҳатто паша ҳам парвоз намекунад, пурс ки дар иваз чӣ мехоҳанд?”

Посухи ширкат маро зиёд мунтазир накард, ҷавоб гирифтам, ки “дар иваз ҳеҷ чиз намехоҳем...шумо танҳо бояд якчанд соат дар як гирдиҳамоӣ иштирок кунед, ба форсӣ шиор партоед ва парчамро алвонҷ диҳед. Мо аз шумо занозанӣ талаб намекунем.”

“Форсӣ??? Шумо аз ман мехоҳед, ки дар тазоҳуроти пуштибонӣ аз ...Эрон иштирок кунам??” – пурсидам ман ва ҳис кардам, ки Порис бо заминҳои Елисей аз ман дур мешаванд.

“Пуштибонӣ аз гурӯҳи мухолифини Эрон! Ба шумо ғизо медиҳанд, Шумо суханрониҳои ҷолиберо мешунавед ва бо бисёр донишҷӯёни хориҷӣ шинос мешавед,”- маро ҷасур мекард ташкилкунандаи тазоҳурот. Ман нагуфтам, ки аз ду сар ман аз ин “суханрониҳои ҷолиб” бо забони бароям ношинос чизе намефаҳмам, танҳо пурсидам, ки амнияти маро кӣ кафолат медиҳад? “Ҳеҷ кас, албатта, кафолат надорад. Аммо ин амалҳо бори аввал нест ва аз соли 2006 ҷараён доранд ва дар зеҳни ҳама хотироти хуб мегузоранд ва ҳама розӣ бармегарданд,"- посух дод ба истилоҳ “Тур де Франс.”

“Хуб... фаразан агар ман розӣ шудам, ду- се соат дар тазоҳурот иштирок мекунам ва баъд салом, Порис ва сайругашт?”- пурсидам ман. “Бале, бақияи рӯз дар ихтиёри шумост,” - гуфтанд аз он тараф.

Тазоҳурот дар маркази Порис бо талаботи номаълум, мубориза барои адолат, актёрҳои пулакии мисли ман, баъзе чеҳраҳои шинос аз Бишкек – ана ба ин мегӯянд эҳсоси аҷибу ғариб! На ба чанд сӯм ва оши палов, балки бо Бурҷи Ейфел - бо ҳаяҷон аз дил гузаронидам. “Ташкилкунандааш дар бораи донишҷӯёни хориҷӣ мегуфт, шояд касеро аз Бишкек бубинам. Аҷиб аст, онҳо медониста бошанд, ки ба чӣ розӣ шудаанд?”


Хулоса, хоҳиши сафари арзон ба Порис лаҳза ба лаҳза дар ман боло мегирифт ва бехабар мондам, ки чӣ тавр соати 21:00 ҳамроҳ бо дӯстам Жибек дар назди автубуси Прага - Порис ҳозир шудем. Одамони зиёд инҷо ҷамъ шуда, 8 автобус омодаи сафар ба Порис буд. Мо автобуси даркориро ёфтем ва фурсат пайдо кардам, ки ба чеҳраи ҳамсафарҳоям назар афканам. Инҳо намояндагони миллатҳои мухталиф буданд. Ба шасти ин ба ном “Тур де Франс” осиёиҳо ҳам афтида буданду чехҳо ҳам. Инҳо асосан ҷавонҳо буданд ва борхалтаҳои бузург доштанд, ки гӯё барои як моҳ ба Порис мераванд.

Ҳаво сард мешуд, аммо аз ронандаҳо ва ташкилкунандаҳо хабар набуд, гуфтанд, ки барои мулоқот бо эрониҳо рафтаанд. Барои зудтар гузаштани вақт бо ду духтари рус ҳамсӯҳбат шудам ва пурсидам, ки мо куҷо меравем?
“Барои дифоъ аз ҳуқуқи занони Эрон,”- посух дод яке. “Биё мон, занҳои эронӣ ба мо чӣ даркор, меравем, ки бо фаронсавиҳои хушқиёфа шинос шавем,”- сухани ӯро бурид дигарӣ.

Соат 23:12. Ташкилкунандаҳо ниҳоят омаданд ва мо аз ҳавои сард ба даруни автобусҳои гарм чаҳидем.

1:15. Борон мисле ки аз сатил мерехт. Баъзе ҳамсафарҳои мо бозӣ мекарданд, баъзеи дигар дар зери навои борон хоб рафтанд.

Автобусҳо соати 11: 15 –и саҳар ба Порис расиданд. Моро дар назди майдони Ризоият(Place de la Concorde) аз автобусҳо фароварданд ва барои шиносоӣ бо шаҳр як рӯз вақтамон доданд. Атроф пури пулис буд ва онҳо дар тан либоси хандаоваре доштанд. Айни ҳамон моделе, ки дизайнер Юдашкин барои артиши Русия дӯхта буд. Хеле гаштем...

17:31. Хеле акс ҳам гирифтем, махсусан дар пояи Бурҷи Эйфел, ки макони ошиқон номаш мебаранд. Дар гулгаште дароз кашидем ва бо ҳавас ҳунари дасти Эйфелро тамошо кардем. Бо донишҷӯе бо номи Юсуф шинос шудем. Ӯ аз мо хоҳиш кард, ки аксашро дар телефони мобилаш бигирем. Баъдан маълум шуд, ки ӯ дар Олмон таҳсил мекунад, вале намедонам аз чӣ бошад, бовар дошт, ки тазоҳурот ба хотири Ироқ доир мешавад, на Эрон.

22:58. Баробари фаро расидани торикӣ бурҷи Эйфел чароғон шуд, Рӯдхонаи Сена ҳам чароғон буд. Мо акнун мехостем дар пасманзари ин зебоиҳо акс бигирем, ки автобусҳо ҳозир шуданд, то моро ба меҳмонхона бубаранд.
Дар Новотел ҳуҷраҳои барои мо ҷудошударо наёфтанд ва моро бурданд ба "f-otel" 60 километр дуртар аз Порис. Меҳмонҳонае, ки мо - “тазоҳургарон”-ро ҷой доданд, чаҳорситорагӣ ном дошт, аммо ба як ситора ҳам намеарзид. Вале ман он қадар хаста будам, ки танҳо кӯрпаву болиш мехоҳастам. “Бо 35 евро мехостӣ, ки дар ҳотели “Ҳилтон” ҷояд кунанд?”- бо тамасхур луқма партофт кадоме аз ҳамсафарҳо.

11:42 саҳар. Мо аз субҳона дер мондем. Аммо онҳое, ки сари вақт бедор шуданд, гуфтанд, ки ширу бутерброд хӯрданд ва ҳатто мизи шведиро дастрас карданд. Ин ҳама ба он хотир, ки мо аз мухолифини Эронӣ пуштибонӣ кунем.


Шиор ба пуштибонӣ аз Марям Раҷавӣ

Шиор ба пуштибонӣ аз Марям Раҷавӣ

13:16. Ҷойи аҷибе, на чандон дуртар аз фурудгоҳи Шарл де Гол. Ба мо дастури тартиби баргузории тазоҳуротро доданд. Мутаассифона, аксбардорӣ манъ будааст. Каме зиқ шудем. Хостем, оҳиста фирор кунем, аммо қатори пулисро дида, аз фикрамон гаштем ва аз автобус берун шудем.
Дар майдон ин қадар парчамҳои хурди зарду арғувонӣ овехта буданд, ки аз дидани онҳо чашмам шаб зад. Дар ҳамаи парчамҳо як исм хонда мешуд – Марями Раҷавӣ (раҳбари созмони Муҷоҳидини халқи Эрон – Озодӣ). Ҳадди ақал акнун маълум шуд, ки ташкилкунандаи ин тазоҳуроти фарогир кист. Теъдоди бешумори автобусҳо аз кишварҳои гуногун ваҳмангез буд. Пеш аз ворид шудан ба майдон моро хуб санҷиданд, ки мабодо корд ё силоҳи дигари сард надошта бошем.

14: 23. Бештар аз 10 ҳазор нафар дар ин майдон ҷамъ шуда буд. Мусиқии ношиносе гӯши маро парма мекард, мисле ки дар ҷаласаи кадом фирқаи мазҳабӣ бошам. Ба ҳама талони ғизо, кола ва бутерброд доданд. Ғизоро хӯрдему каме нерӯ гирифтем ва ба маконе баланд шудем, ки ба майдони варзишӣ монанд буд. Ҳар курсӣ гӯшие дошт, ки маърӯзаҳоро ҳамзамон тарҷума мекард. Дар паҳлуи ман зани фаранҷипӯше менишаст, ки ҳар замон “Оллоҳ акбар!” мегуфт.


"Эътирозгарон"-и қирғиз дар тазоҳуроти эрониҳо

"Эътирозгарон"-и қирғиз дар тазоҳуроти эрониҳо

Соат 15: 11. Кофӣ аст, бояд акнун аз ин ҷо бароем. Дар назди даромадгоҳ, ҷойе ки сендвич ва кабоб мефурӯхтанд, каломи қирғизӣ ба гӯшам расид. Инҳо ҳамватанони мо буданд, ки аз Олмон омадаанд. Боз ду қирғизи дигар омаданд, аммо бо ин баҳона ки дар мақомоти ҳифзи тартибот кор мекунанд, аз сӯҳбат худдорӣ карданд ва хеле бо дили нохоҳам бо мо сурат гирифтанд.

Соат 15:37. Ба зӯр аз байни муҳофизон гузашта, билохира ба озодӣ баромадем. Акнун чӣ кор кунем?

Соат 16:07. Кофта-кофта то метро расидем. Ба Порис баргаштем, то чанд гӯшаи нодидаи шаҳрро тамошо кунем.

Соат 21:28. Ҳанӯз ҳам диламон кашоли тамошои Порис ба назди автобусҳои худ баргаштем. Ҳамзамон дидаву шунидаамро дар зеҳнам таҳлил мекардам. Ин тазоҳурот хунрезӣ надошт, террористӣ набуд, аммо як чизи ноқис дошт. Эрониҳое, ки барои демократия мубориза мебурданд, моро як рӯз мисли асир нигоҳ доштанд. Аҷаб чархише!

Соат 11:57 – Албатта, рӯзи дигараш! Ба Прага расидем. Таги дилам сиёҳ буд. Ҳатто баъзе тӯҳфаҳое, ки аз Порис харидам, нороҳатиамро рафъ намекард. Ман аз пайи панири бепул то Порис рафтам, вале бори дигар маълумам шуд, ки ягон қимат бе ҳикмат нест ва ягон арзон – бе иллат...


Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG