Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷамъияти «Пайванд», эълон дошт, ки Форуми 8-уми Анҷумани ҳаштуми тоҷикон ва форсизибонони ҷаҳон моҳи сентябри соли равон баргузор хоҳад шуд.

Асомиддин Салоҳиддинов, раиси кумитаи иҷроияи Анҷумани тоҷикон ва форсизабони ҷаҳон «Пайванд» рӯзи 28-уми июн ба «Озодӣ» гуфт, ки Форуми 8-уми Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон аз 5 то 10 уми сентябри соли равон баргузор мешавад: «Мо барномаҳои баргузории ин Форумро таҳия ва рӯзи даъвати меҳмонон аз ҳамаи кишварҳои ҷаҳонро мушаххас кардаем.»

Оқои Салоҳиддинов гуфт, дар ҷаласаи имрӯзи ҳукумат, ки таҳти раёсати президент Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифт, дар бораи омодагӣ ва баргузории Форуми ҳаштуми Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон қарор қабул карда шуд. Форуми ҳафтуми тоҷикон ва форсизабонон ҷаҳон соли 2008 дар пойтахти Тоҷикистон баргузор шуда буд.

Анҷумани тоҷикон ва форсигӯёни ҷаҳон бо ташаббуси академик Муҳаммад Осимӣ 28 октябри соли 1989 таъсис шуда ва дар он ҷамъияти «Пайванд» бунёд гардид. Раҳбарии ҷамъияти "Пайванд"-ро барои пас аз Муҳаммад Осимӣ, донишмандони тоҷик Абдулқодир Маниёзов ва Камол Айнӣ ба дӯш доштанд. Раиси Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Дар солгарди нахустини истиқлоли Тоҷикистон, 9 сентябри соли 1992 - Анҷумани якуми тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон баргузор шуд. Тибқи иттилои ҷамъияти «Пайванд», феълан, дар кишварҳои мухталифи олам ҳудуди 40 миллион тоҷик ба сар мебаранд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG