Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аввалин бозии байналмилалии дастаи "Энергетик"-и Душанбе


Лаҳзае аз бозии "Энергетик" бо ССКА "Помир"
Лаҳзае аз бозии "Энергетик" бо ССКА "Помир"

Дастаи футболи лигаи олии Тоҷикистон - “Энергетик”-и Душанбе бо тими «AV Football Academy»-и Нигерия бозии дӯстона анҷом медиҳад.

Дар ин бора ба радиои Озодӣ Тоҳир Мӯъминов, сармураббии дастаи “Энергетик”, хабар дод. Вай гуфт, «AV Football Academy», бошгоҳи футболи ҳирфаӣ аз Нигерия, дар доираи сафари худ ба кишварҳои ҷаҳон ба пойтахти Тоҷикистон – Душанбе омад. Футболбозони африқоӣ дар аввалин бозии дӯстонаи худ дар Тоҷикистон бо тими «Энергетик» рақобат мекунанд. Дарвоқеъ, ин барои дастаи «Энергетик» аввалин бозии байналмилалӣ ба шумор меравад. Мухлисони футболро ба тамошои ин бозии таърихӣ даъват мекунем.”

Бозии дӯстонаи байналмилалӣ миёни дастаи “Энергетик” ва тими «AV Football Academy» дар варзишгоҳи “Авиатор”-и шаҳри Душанбе рӯзи шанбе, 29-уми июн соати 17:30 шурӯъ мешавад.

“Энергетик”-и Душанбе баъди анҷоми давраи аввали мусобиқоти имсолаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон дар 9 бозӣ 11 имтиёз ба даст оварда, дар миёни 10 дастаи лигаи олӣ дар мақоми 5-ум қарор дорад.
XS
SM
MD
LG