Пайвандҳои дастрасӣ

Рӯзи чоршанбе дар Бишкек вазирони мудофиаи кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шангҳай амнияти минтақаро баррасӣ мекунанд.

Пешбинӣ мешавад, ки дар ин нишаст вазирони кишварҳои узви созмон: Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Узбакистон ва Чин ҳузур хоҳанд дошт.

Дар арафаи ҷамъомад вазири мудофиаи Русия Сергей Шойгу бо президенти Қирғизистон Алмосбек Отамбоев мулоқоти рӯ ба рӯ дошт.

Ба навиштаи хабаргузории Итар тасс Шойгу бори дигар ваъда додааст, ки нерӯҳои мусаллаҳи Қирғизистон аз “кумакҳои русӣ” баҳраманд хоҳанд буд. Русия дар ҷумҳурии Қирғизистон як пойгоҳи низомиро ба иҷора гирифтааст.

Мисли он ИМА ҳам дар канори фурудгоҳи Манаси Бишкек як пойгоҳи ҳавоиро ба иҷора гирифтаанд, ки бо ҳадафи интиқоли афроду муҳимот ба Афғонистон истифода мешавад.

20-уми июн вакилони мардумии Қирғизистон ба ИМА то моҳи июли соли оянда вақт доданд, ки аз пойгоҳи канори фурудгоҳи Манас берун шаванд. Дар ин пойгоҳи тахминан 1 ҳазор афсару сарбоз будубош доранд.
XS
SM
MD
LG