Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мантия ва кулоҳи фориғуттаҳсилӣ дар Тоҷикистон роиҷ мешавад


Донишгоҳи технологии Тоҷикистон барои хатмкунандаҳояш радои форуғуттаҳсилӣ ва ё либоси хатмкунандаи донишгоҳро ҷорӣ кардааст, ки на ҳама метавонанд онро ба бар кунанд.

Радо (мантия) ва кулоҳ танҳо насиби онҳое мешавад, ки донишгоҳро бо баҳои аъло хатм кардаанд. Ба фарқ аз радои ҳамтоҳои амрикоӣ ва аврупоӣ, ранги либоси форуғуттаҳсилин кабуд буда, онро донишҷӯён бахши дизайни либос таҳия кардаанд.

Қутбиддин Самиев, декани факултаи технология ва дизайни Донишгоҳи технологӣ гуфт, ин либос бештар рамзӣ аст ва қимати зиёд надорад. Аммо ҳама хоҳанд донист, ки соҳиби радо донишгоҳро бо дипломи аъло ё дипломи сурх хатм кардааст. «Барои дӯхтани мантия мо аз матоъҳои гаронбаҳо истифода
Қутбиддин Самиев
Қутбиддин Самиев
намебарем. Барои дӯхтани як либос, ки донишҷӯ онро ба бар мекунад, ҳамагӣ 20-25 сомонӣ сарф мешавад. Донишҷӯён бошанд аз ҳисоби маблағи донишгоҳ ин либосҳоро пӯшидаанд.»

​Ҳамзамон Қутбиддин Самиев мегӯяд, азбаски теъдоди донишҷӯёни аълохон аз 34 нафар бештар набуд, донишгоҳ тасмим гирифт, ки либосро аз ҳисоби буҷаи муассиса омода кунад.

Донишгоҳи технологӣ дар нӯҳ ришта, аз ҷумла технология ва дизайн, саноати хӯрокворӣ, технологияи иттилоотии коммуникатсионӣ, иқтисоди ҷаҳонӣ ва маркетинги байналмилалӣ мутахассис омода мекунад. Имсол дар маҷмуъ ин муассисаро 1200 нафар хатм мекунанд. Радои фориғуттаҳсилиро донишҷӯёни факултаи дизайн барои хатмкунандаҳои пешсафи ҳамаи риштаҳо омода карданд.

Макнуна Ниёзова, мудири кафедраи тарҳрезии бадеии Донишгоҳи технологӣ мегӯяд, либоси фориуғуттаҳсилӣ барои донишҷӯён бо шеваи омехтаи аврупоӣ ва миллӣ тарроҳӣ шудааст ва он ҳамчун кори дипломии хатмкунадаҳои риштаи дизайни либос арзёбӣ мешавад.

Макнуна Ниёзова
Макнуна Ниёзова
Макнуна Ниёзова мегӯяд, ки донишҷӯёни Донишгоҳи технологӣ дар баробари мантияҳо боз зиёда аз сад намуд либоси дигари замонавӣ дӯхтаанд, ки талаботи бозори имрӯзи кишварро қонеъ мекунад. Ӯ мегӯяд, «ио бештар ба замона нигоҳ мекунем, ҷавонон чӣ мехоҳанд ба чигуна либос бартарӣ медиҳанд, мо ба тарҳи либоси замонавӣ нақшҳои миллӣ мегузорем.»

Масъулони донишгоҳ мегӯянд, онҳо дар асоси қарордоди ҳамкорӣ метавонанд либосҳои фоируғутаҳсилиро бо рангу моделҳои мухталиф ба донишгоҳҳои дигар низ пешниҳод кунанд.

Ҳоло маълум нест, ки хатмкунандҳои Донишгои технологӣ ба мисли ҳамтоҳои амрикоии худ, баъди маросими дипломсупорӣ кулоҳҳои худро ба осмон ҳаво медиҳанд ё не, аммо аз ҳоло маълум аст, ки ин либос ҳаваси донишҷӯёни донишгоҳҳои дигарро бедор кардааст ва имкон дорад соли дигар талаб ба мантияҳо ва ё радоҳо бештар шавад.



XS
SM
MD
LG