Пайвандҳои дастрасӣ

Куштори як яҳудӣ дар назди Девори ғарбии Қудс


Полиси Исроил мегӯяд, афсарони амниятӣ дар муқаддастарин макони яҳудиён дар Байтулмуқаддас дар назди Девори нудба ё худ Девори ғарбӣ як яҳудии исроилиро ба қатл расондаанд.

Сухангӯи полис Микӣ Розенфелд иброз дошт, ки рӯзи ҷумъа афсарони як ширкати хусусии амниятӣ шуниданд, ки нафаре бо садои баланд “Аллоҳу Акбар!” мегӯяд.

Афсарон гумон кардаанд, ки ин шахс ифротгарои фаластинӣ мебошад ва ба тарафи ӯ оташ кушоданд. Аммо тафтиши ҷасад собит намуд, ки ин як марди яҳудии миёнаумр аст.
XS
SM
MD
LG