Пайвандҳои дастрасӣ

Ба оташи низоъ миёни пайравони ду мазҳаби аслии дини ислом киҳо ва ба чӣ хотир равған мерезанд?

...Масҷиди деҳаи Нилкони ноҳияи Рӯдакӣ, ки ду даҳсола ба номи Имом Хумайнӣ буд, ҳоло чун “Масҷиди домулло Саъдиддин” муаррифӣ мешавад. Мулло Шамсиддин, имом-хатиби ин масҷид, мегӯяд, ки мардум акнун ин “хонаи Худо”-ро гоҳ “Масҷиди Хумайнӣ” ва гоҳ “Масҷиди Домулло” ном мебаранд. Ӯ аз ташреҳи сабабҳои тағйири ном кардани масҷид, ки зимнан, дарвозааш бо маблағи Нависандаи халқии Тоҷикистон Кароматулло Мирзоев сохта шудаст, худдорӣ намуд. Мусоҳибамон фақат гуфт, ки бист сол пеш дар ҷамъомаде бахшида ба номи Имом Хумайниро гирифтани масҷид Кароматулло Мирзоев ва сафири вақти Эрон дар Тоҷикистон Алиашраф Муҷтаҳиди Шабистарӣ ширкат доштанд.

Аммо бархе таҳлилгарон ҳадс мезананд, тағйири номи масҷид шояд паёмади овозаҳое бошад, ки гӯё солҳои ахир бархе гурӯҳҳои шиамаҳзаб барои ҷалби ҷавонони тоҷик ба мазҳаби худ талош мекунанд. Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон, ин хатарро ҷиддӣ намехонад, ба гуфтаи ӯ, “ҳарчанд як теъдод ҷавонон ба ин мазҳаб гаравидаанд, ин раванди оммавӣ нест ва ба ҳуввияти миллли мо дар ояндаи наздик хатаре нахоҳад дошт”.


Муҳиддин Кабирӣ

Муҳиддин Кабирӣ

Ҷомеъаи Тоҷикистон дунявию гуногунандеш ва дарҳояш боз эълон шудааст ва табиист, ки дар ин вазъу шароит дигар мазҳабу андешаҳо роҳ пайдо мекунанд - солҳои ахир гароиш ба дигар адён, аз ҷумла, масеҳӣ, буддоиву зардуштӣ зиёд ба чашм мерасад. Таҳлилгарон мегӯянд, ки иддае аз ҷавонон ба дигар мазҳабҳои ғайриҳанафии дини Ислом ҳам мепайванданд. Онҳо ҳушдор медиҳанд, ки густариши раванди гароиш ба дигар адён ё мазҳабҳои ғайриҳанафӣ паёмади номатлуб дорад ва шояд боиси сар задани низоъҳои нав дар Тоҷикистон шавад.

Овозаҳо дар бораи талошҳои "шиа кардани ҷавонони тоҷик" дар ҳоле пахш мешаванд, ки дар чанд кишвари исломӣ - Ироқ, Сурия ва Покистон хушунати байни сунниҳову шиаҳо рӯ ба афзоиш аст. Таҳлилгарон мегӯянд, як намунаи ин дифои созмони шиаи “Ҳизбуллоҳ” аз ҳукумати Сурия аст, ки дар садри он алавиҳо – пайравони як шохаи мазҳаби шиа нишастаанд. Талошҳое барои доман задани оташи низоъ байни мазҳабҳои ислом дар кишварҳое чун Баҳрайн, Аморати муттаҳидаи араб ва Туркия ҳам ба чашм мерасад.

ШИАҲОРО МУСАЛМОН МЕХОНЕД?

Маркази таҳқиқотии Pew Research Center дар Ню-Йорк ахиран аз натоиҷи як назарсанҷӣ дар 39 кишвари мусулмоннишин хабар дод. Назарсанҷӣ аз соли 2008-ум то соли 2012-ум идома карда, дар он тақрибан 38 ҳазор нафар одамони синну солашон гуногун, аз ҷумла, ба суоли "оё Шумо пайравони мазҳаби шиаро мусулмон мехонед?" посух додаанд. Бар пояи гузориш, дар аксар кишварҳои арабӣ мусамлмони воқеъӣ будани пайравони мазҳаби шиъаро инкор мекунанд. Теъдоди ин гуна афрод дар Миср 53 дарсад, дар Марокаш 50 дарсад, дар Урдун 43 дарсад ва дар Тунис 41 дарсад аст. Вале дар Ироқу Лубнон, ки пайравони мазҳаби шиъа зиёданд, бо ин ақида мувофиқ нестанд.

Ихтилоф миёни пайравони дини ислом баъд аз даргузашти паёмбар Муҳаммад саллалоҳи алайҳи ва олиҳи вассалам дар соли 632 сари он ба вуқӯъ пайваст, ки ба қудрати сиёсиву рӯҳонӣ аз болои қабилаҳои араб кӣ бештар сазовор аст? Бештари саҳобаҳову пайравони Паёмбар аз Абубакр, дӯсти Муҳаммад (с) ва падари завҷааш Ойиша пуштибонӣ карданд. Ин аксарият мазҳаби сунниро ташкил доданд ва ҳоло 80 дар сади мусалмонҳои олам аҳли ин мазҳабанд. Аммо гурӯҳи хурде мехост, ки қудрат ба Ҳазрати Алӣ, бародарзодаву домоди Паёмбар, интиқол ёбад. Аммо дар баҳс ҷонибдорони Абубакр пирӯз шуданд ва ӯ мақоми Халифаро касб кард. Соли 680 мухолифон Ҳусейн, писари Алиро куштанд, ки низоъ миёни ду мазҳабро амиқтар кард...

ҶАНГ ИРОҚИҲОРО ОШТӢ ДОД? Ё ДУШМАН КАРД?

...”Ҷанг дар Ироқ таконе барои «оштии бузург» миёни шиаҳову сунниҳои муқими кишвар гардид”. Ин изҳороти Райан Крокер, сафири пешини Амрико дар Бағдод, аз сӯи иддае сиёсатмадорон ва сиёсатшиносон чун «фарсахҳо дур аз воқеъият мондан»-и дипломати воломақом арзёбӣ шуд. Аз иддаои Райан Крокер ахиран Рон Пол, вакили Маҷлиси намояндагони Конгресси ИМА аз аёлати Техас, дар матлабе зери унвони «Бӯҳрони Ироқ беҳуда будани таҷовузро собит мекунад» ҳам интиқод кард. Ба навиштаи ӯ, хабарҳо аз Ироқ баёнгари он аст, ки дахолати низомии Амрико сулҳу суботро ба бор наовард ва то ҳол рӯзи бидуни хушунат барои ироқиҳо як рӯъё боқӣ мондааст. Фақат моҳи май беш аз ҳазор тан аз мардуми осоишта ва кормандони полису хадамоти амниятии Ироқ бар асари “ҳамлаҳои мазҳабӣ” кушта шуданд.

Муҳиддин Кабирӣ мегӯяд, ихтилофҳои дохилӣ фақат хоси Ислом нест, дар аксар динҳову ҷараёнҳои фикрӣ ихтилофи мазҳабиву гурӯҳӣ то ҳол амиқ боқӣ монда аст - таърихи динҳои масеҳиву яҳудӣ ва буддоӣ гувоҳи ҷангу хунрезиҳои зиёд миёни гурӯҳу шохаву ҷараёнҳои мухталифи ин адён аст.

Ӯ мутмаин аст, ки низоъҳои байнимазҳабӣ дар кишварҳои исломӣ бештар решаи сиёсӣ доранд - бархе аз қудратҳои ҷаҳонӣ ба хотири манфиатҳои геополитикияшон оташи низоъ миёни шиаҳову сунниҳоро доман мезананд ва мекушанд, ки баҳсҳои мазҳабиро ба хиёбонҳо кашонанд. «Бархе аз ҳизбу ҳаракатҳо ва ҳатто кишварҳои исломӣ манфиатҳои муваққати худро думбол ва аз манофеъи куллии олами ислом ва мусалмонҳо сарфи назар мекунанд», мегӯяд Муҳиддин Кабирӣ ва меафзояд, солҳои ахир сатҳи нобоварӣ миёни намояндагони мазҳабҳои дини Ислом то ҳадди хатарбор боло рафтааст - ҳоло бархе мусалмонҳо ҳамкорӣ бо намояндаи дини дигар ба хотири муқовимат бо намояндаи дигар мазҳаби исломро авлотар мехонанд.

ИСЛОМ БА АБӮ ҲАНИФА НИЁЗ ДОРАД?

Мусоҳибони мо мегӯянд, имрӯз касе аз афроди маъруфи олами Ислом ҷасорати пешниҳоди муколама миёни мазҳабҳоро надорад, зеро уламои ҳам суннӣ ва ҳам шиъа мутмаинанд, дар сурати пешниҳоди чунин як иқдом онҳоро дар ақибнишинӣ аз андешаҳои мазҳабияшон айбдор мекунанд. Ба гуфтаи Муҳиддин Кабирӣ, “алҳол баҳси ихтилофоти миёни шиаву суннӣ аз дасти
Фаридун Ҳодизода

Фаридун Ҳодизода

уламои ислом ба дасти ду гурӯҳ уфтодааст – яке, соҳибқудратон ва ҳокимони олами ислом, ки аз манфиатҳои мусалмонҳо дуранд ва дар андешаи бештар мустаҳкам кардани қудрати худанд ва дуюм – ифротгароҳои ҳам шиъа ва ҳам суннӣ”. Ӯ ҳадс мезанад, ки “мо дар оянда як ташаннуҷи хело ҷиддиро дар олами ислом, ба хусус, ташаннуҷи мазҳабиро хоҳем дошт ва ман метарсам, ки ин ба як рӯёрӯии мусаллаҳона миёни баъзе кишварҳои минтақа ҳам гардад”.

Фаридун Ҳодизода, раиси Академияи муколамаи байни мазҳабҳои Тоҷикистон, низ мутмаин аст, афзоиши ихтилоф миёни шиаҳову сунниҳо – паёмади шадидтар шудани муқовимати ду абарқудрат дар олами ислом – Арабистони саудӣ ва Эрон аст.

Аммо аз кадом роҳ метавон аз сар задани низои густурдатар ҷилавгирӣ кард? Нурӣ ал-Моликӣ, нахуствазири Ироқ, чанде пеш хостори баргузории намози ҷумъаи муштараки сунниҳо ва шиаҳои кишвар шуд. Ба иттилои хабаргузории Islam Times, ӯ пешниҳоди худро бо талоши аз байн бурдани хушунати байнимазҳабӣ ва таҳкими ягонагии қавмӣ марбут кардааст. Чун гоми аввал Ал- Моликӣ пешниҳод кардааст, ки намози ҷумъаи муштарак дар яке аз масоҷиди Бағдод ба таври доимӣ роҳандозӣ шавад.

Муҳиддин Кабирӣ мегӯяд, замони худ Абу Ҳанифа талош карда буд, ки низоъ миёни шиаҳову сунниҳоро аз байн барад. “Ӯ 1300 сол пеш дар ҳавзаи илмие, ки буд, аз ҷумла, дар ҳавзаи Ироқ - дар Бағдод, дар Димишқ, дар Куфа, дар Басра ваҳдати миёни мазҳабҳоро ба вуҷуд оварда буд. Ҳарчанд Абу Ҳанифа як суннии тамомулайёр ва муассиси яке аз мазҳабҳои аҳли суннат ва ҷамоат буд, аз аҳли дигар мазҳабҳо пуштибонии зиёд мекард ва ҳарчанд худашро муттаҳам дар гароиш ба ин ё он мазҳаб карда буданд, ӯ то охир дар ин роҳ устувор ва содиқ монд”.

ҲАР АЙБ, КИ ҲАСТ, ДАР МУСАЛМОНИИ МОСТ?..

Ба гуфтаи афроди шинохтаи илми фиқҳ, сунниҳои Тоҷикистон нисбати шиамазҳабҳо адовате надоранд, ва бо пайравони яке аз шохаҳои мазҳаби шиъа – исмоилия дар ҳоли дӯстиву бародарӣ ба сар мебаранд. Махсуми Исмоили Пирмуҳаммадзода мегӯяд, ки "душманӣ наварзидан бо аҳли қибла - васияти поягузори мазҳаби Абу Ҳанифа ба пайравонаш аст ва аз ин рӯ аҳли мазҳаби Имоми Аъзам ин васиятро ба дандонашон қапидаанд, вале мазҳаби худро ҳам аз даст намедиҳанд".

Дар ҳамин ҳол Фаридун Ҳодизода мегӯяд, ҳарчанд ошкор ҳам набошад, вале бадбиние нисбати шиаъҳо дар ҷомеъаи феълии тоҷикон вуҷуд дорад. Ӯ мутмаин аст, ин бадбиниро ба кишвар онҳое овардаанд, ки дар мадрасаҳои кишварҳои исломӣ таҳсил кардаанд. “Ин афрод он ҷо бо дигар ҷараёнҳо, аз ҷумла, ҷараёнҳои тундгаро ошно шуданд ва ҳамчунин аз сӯи бархе афроду гурӯҳҳо мавриди мағзшӯӣ қарор гирифтанд”, мегӯяд ӯ.

Пажуҳишгари масоили мазҳабӣ баҳси миёни хонаводаи Тӯраҷонзодаҳо ва Шӯрои уламои Маркази Исломии Тоҷикистонро низ намунаи қабул надоштани мазҳаби шиъа дар ҷомеъаи кишвар мехонад. Ин баҳс охири соли гузашта аз
Маркази исмоилиҳо дар шаҳри Душанбе

Маркази исмоилиҳо дар шаҳри Душанбе

баёнияи Шӯрои уламо сар шуд, ки дар он хонадони Тураҷонзодаҳоро ба баргузории маросими Ошӯро муттаҳам карданд. Шӯрои уламо аз Тӯраҷонзодаҳо даъват кард, агар ба мазҳаби шиъа пайваста бошанд, масҷиди “Муҳаммадия”-ро аз нав номнавис кунанд. Дар баёнияи Шӯрои уламо омадааст, ки қабл аз намози ҷумъаи 2 декабри соли 2012 дар масҷиди “Муҳаммадия” Эшони Нуриддин суханронӣ карда ва дар ҳаққи ҳазрати Муовия, халифаи мусулмонон, алфози қабеҳ гуфтааст. Вале Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, рӯҳонӣ ва сиёсатмадори тоҷик, он вақт дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ ин иддаои Шӯрои уламои Маркази исломиро беасос ва иғвоангез хонд. Ӯ тавзеҳ кард, ки “азбаски Имом Ҳусейн набераи пайғамбар буда, даҳуми моҳи муҳаррам ба таври фоҷиавӣ ҳалок шудааст, мо низ ҳалокати ӯро ёдоварӣ мекунем. Ин кор имсол сар нашудааст, балки даҳ сол ба ин сӯ идома дорад.”

Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар ин баёния аз “баъзе бародарони хориҷии ҳамзабону ҳамфарҳангу ҳамдин” ҳам интиқод кард, ки “бидуни эҳтиром ва арҷгузорӣ ҳаққи ҳафтуним миллион мардуми мусулмони тоҷикро ба назар намегиранд ва берун аз одоби намояндагӣ мусулмонони Тоҷикистонро ба иғво андохта, назари мо ва дӯстони дигарро нисбаташон коста ва заиф мегардонанд.”

Аммо, ба гуфтаи Фаридун Ҳодизода, сунниҳои Тоҷикистон ба исмоилиҳои кишвар, ки бахши аъзамашон дар Бадахшон ба сар мебаранд, чун ба пайвандони худ арҷ мегузоранд, зеро қарнҳо ҳамроҳ ба сар мебаранд ва забону фарҳангу таъриху дини муштарак доранд. Ӯ меафзояд, ки ҳатто ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон натавонист боиси низои мазҳабӣ шавад, ҳарчанд ихтилоф буд - ихтилофи “маҳаллӣ”. Ва шояд ягона амали ноҳинҷору мағшуш дар ин авохир, аз нигоҳи Фаридун Ҳодизода, он буд, ки баъд аз ифтитоҳи ҷамоатхона ва Маркази исмоилиҳо дар шаҳри Душанбе рӯҳониёну аҳли тақвои Тоҷикистон муборакбоди бародарони бадахширо “фаромӯш” карданд...

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG