Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Молбулак" - бонке ки ба муҳоҷирон қарз медиҳад


Сомонаи Молбулак
Сомонаи Молбулак

Як ташкилоти хурди қарздиҳӣ дар Русия ба муҳоҷирони се кишвари Осиёи Миёна имкони гирифтани кредитро фароҳам кардааст.

Тавре дар сомонаи расмии ин ширкат molbulak.ru гуфта мешавад, муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистон, Узбакистон ва Қирғизистон, ки ҳуҷҷати мувақатии иқомат дар Русияро доранд, метавонанд аз ин ширкат қарз бигиранд. Ин сомона бо 4 забони русиву тоҷикӣ, узбекӣ ва қирғизист.


Бонки муҳоҷирон дар Русия
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:39 0:00
Линки мустақим


Зарина Солиева, яке аз кормандони ташкилоти қарздиҳии «Молбулак» ба Озодӣ гуфт, онҳо ба муҳоҷирон шароити додани қарз, фоизи он ва дигар шартҳоро бо забони модариашон шарҳ медиҳанд. Зарина мегӯяд, масъулияти вай дар ин ширкат кор бо муҳоҷирони тоҷикзабон аст: «Мо барои муҳоҷирони тоҷику қирғиз ва узбак қарзи хурди бегарав медиҳем. Мо қарзҳои гурӯҳӣ медиҳем , яъне муҳоҷир бояд аз се то панҷ нафари боэътимодро бо худ биёрад, ки онҳо баргардонидани қарзро кафолат диҳанд.»

Хонум Солиева афзуд, муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистон аз ин ширкат аксаран барои таҳия кардани ҳуҷҷатҳои будубош ва иҷозаи кор дар Русия қарз мегиранд. Ҳамчунин ба гуфтаи ин ҳамсӯҳбати ман, ҳастанд ҳолатҳое, ки муҳоҷирон қарзи аввал гирифтаашонро сари вақт баргардонида, баъдан барои гардон кардани тиҷорати хурд ва ё хариди мошин ба хотири мусофиркашонӣ муроҷиат мекунанд.

Ташкилоти мазкур сараввал аз 20 то 40 ҳазор ва дар сурати саривақт бозпас гардондани қарз то 130 ҳазор рубли рубли русӣ қарз медиҳад. Фоиз ва ё баҳраи моҳонаи қарзҳо аз 2,9 то ба 4 дарсад будааст.


Нурулло, муштарии "Молбулак"
Нурулло, муштарии "Молбулак"
Ҳарчанд фоиз ваё баҳраи қарзҳои бонкҳои Русия аз пешниҳоди ташкилоти хурди қарздиҳии «Молбулак» хеле пойинтар аст, аммо то ба ҳол ҳеҷ яке аз бонкҳои Русия барои афроди ғайришаҳрванди ин кишвар қарз намедиҳад.

Нурулло, як муҳоҷири тоҷик мегӯяд, вай чор сол қабл ба мақсади дарёфти кор ба Маскав рафт, аммо барои таҳия ҳуҷҷатҳои будубош ва кор пул надошт ва намедонист чӣ кор кунад: «Ман соли 2009 барои кор Москва омадам. Аммо барои тахт кардани ҳуҷҷатҳо пул надоштам. Ман аз ташкилоти «Молбулак» 25 ҳазор рубл қарз гирифта, ҳуҷатҳоямро дуруст кардам ва дар як супермаркет шофёр шудам. Баъд пули қарзро баргардондам. Боз аз хамин банк қарз гирифтам ва ҳоло дар Кӯлоб мағозаи хӯрокворӣ кушодаам.»

Нурулло мегӯяд, кори мағозаи хӯровориро бародаронаш дар Тоҷикистон пеш мебаранд ва ӯ то пурра баргардонидани қарзи аз «Молбулак» гирифтааш дар Русия хоҳад монд.


Абдулло Давлатов
Абдулло Давлатов
Абдулло Давлатов, роҳбари Иттиҳоди тоҷикони Русия мегӯяд, ҷудо кардани қарз ба муҳоҷирон аз ҷониби ташкилоти «Молбулак» падидаи наве нест ва қаблан ҳам бонкҳои Русия ба ғайр аз барномаҳои интиқоли маблағ ба ватан барои муҳоҷирон риштаҳои дигари қарздиҳӣ низ доштанд: «Аммо фарқи ин ташкилот ин аст, ки бидуни гарав ба муҳоҷирон қарз ҷудо мекунад. Яъне муҳоҷир метавонад ду рафиқашро ба ҳайси кафил муаррифӣ кунад ва ба ӯ қарзи гурӯҳӣ дода мешавад.»

Ҷаноби Давлатов афзуд, ки ҳоло бархе аз муҳоҷироне ки мавқеъи худро дар Русия ёфтаанд ва ҷои кори хубу собит доранд, аз бонкҳо ҳатто қарзи ипотекӣ гирифта, манзили зист харидорӣ мекунанд. Чунки дар Маскав нархи иҷораи хона хеле баланд аст ва муҳоҷирон маблағи муодили ҳамон иҷорапулиро ҳар моҳ ба бонк медиҳанд ва баъди чанд сол соҳиби хона мешаванд.

Барои таҳияи кулли ҳуҷҷатҳои лозим барои кор ва будубош дар Русия ҳар муҳоҷир, бино ба ҳисобҳо, бояд аз 15 то 25 ҳазор рубли русӣ харҷ кунад. Аммо муҳоҷирони тоҷик маҳз ба далели надоштани пул дар оғози сафарашон наметавонанд ҳуҷҷатҳояшонро таҳия карда, ба таври қонунӣ дар Русия фаъолият кунанд.

Тибқи ҳисобҳо, ҳоло дар Русия то як миллион муҳоҷири кори тоҷик кору фаъолият мекунанд.
XS
SM
MD
LG