Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Ӯротеппа” бидуни бохт пешсафи мусобиқаи лигаи аввал аст


Рӯзҳои 11-13-уми июн бозиҳои даври 9-уми мусобиқаи лигаи аввал оид ба футбол дар минтақаи Суғд баргузор шуданд.

Муовини раиси Федератсияи футболи вилояти Суғд Рустам Марофиев ба радиои Озодӣ гуфт, “дар даври 9-ум дар ду бозӣ мизбонон ва дар сетоаш меҳмонон ғалаба карданд.

“Ӯротеппа”, пешсафи ҷадвали мусобиқот, то ҳоло ягона дастаест, ки бохт надорад. Дар даври гузашта футболбозони шаҳри Истаравшан ба дарвозаи дастаи меҳмон – “Исфара”-и шаҳри Исфара 2 тӯби беҷавоб заданд.”

Натоиҷи бозиҳои даври нӯҳум:
«Зарафшон» (Панҷакент) - “Мастчоҳ” (Мастчоҳ) – 5-3
«Ӯротеппа» (Истаравшан) - “Исфара” (Исфара) - 2-0
«Шаҳристон» (Шаҳристон) - “Пахтакор» (Ҷаббор Расулов) - 1-2
«Канд» (Конибодом) – «Спитамен» (Спитамен) - 2-3
“Қайроққум” (Қайроққум) - “Эсхата» (Хуҷанд) – 0-9

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот

Ҷ Дастаҳо Б Ғ М Б Т И
1. «Ӯротеппа” 7 6 1 0 415 19
2. «Эсхата” 8 6 0 2 296 18
3. «Зарафшон» 8 4 2 2 16– 12 14
4. «Мастчоҳ» 7 4 1 2 17 – 16 13
5. «Исфара» 7 3 2 2 14 – 12 11
6. «Пахтакор» 7 3 1 3 9 – 11 10
7. «Спитамен» 8 2 3 3 9 – 25 9
8. «Шаҳристон» 8 2 0 6 10 – 24 6
9. «Канд» 7 1 1 5 16 – 23 4
10. “Қайроққум» 7 0 1 6 6 – 33 1

Нишонзанҳои беҳтарин: Меҳрулло Бобоев, Аъзам Ҳусейнов (ҳарду аз «Ӯротеппа») – 13-тӯбӣ, Ҳусейн Ҷалолов («Эсхата») – 11 тӯб, Илҳом Баротов («Ӯротеппа») - 8 тӯб.


Бозиҳои даври 10-ум
Оғози бозиҳо – соати 17:30
18-уми июн, сешанбе
“Спитамен” - “Қайроққум”
“Пахтакор” - “Канд”
19-уми июн, чоршанбе
“Исфара” - “Шаҳристон”
“Мастчоҳ” - “Ӯротеппа” -
XS
SM
MD
LG