Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси CASA-1000 дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ва Шиаоу Жао


Дар мулоқоти рӯзи 13 июни Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо Шиаоу Жао, ноиби президенти Бонки Осиёии Рушд тарҳи CASA – 1000, ки кашидани хатти интиқоли нерӯи барқ аз Осиёи Марказӣ ба Осиёи Ҷанубиро дар назар дорад, баррасӣ шудааст. Хадамоти матбуоти раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт, дар ин мулоқот дигар тарҳҳои дорои аҳамияти минтақавӣ низ баҳс шудаанд.
Ин мулоқот дар ҳоле сурат гирифт, ки ахиран дар бораи аз сармоягузории тарҳи CASA-1000 худдорӣ кардани Бонки осиёӣ хабарҳо нашр шуд. Аммо дафтари намояндагии ин бонк дар Душанбе гуфт, ки ин хабар «саҳеҳ» нест ва ин тарҳ ҳамчунон мавриди омӯзиш қарор дорад.
Дар ин мулоқот таъкид гардид, ки муддати чанд соли ахир аз ҷониби Бонки осиёӣ ба наздики 1 миллиард доллар қарзу кумакҳо ихтисос дода шуда, дар ҳоли ҳозир ҷамъи барномаҳои ин ниҳоди молӣ дар Тоҷикистон 600 миллион доллар баровард мешавад, ки бахши аъзамаш кумакҳои билоивазанд. Ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки Осии Руш дар соли 1998 шурӯъ шудааст.
XS
SM
MD
LG