Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рейтинги FIFA: Тоҷикистон ба мисли пешин - дар ҷойи 112-ум


Тоҷикистон дар рейтинг ё феҳристи нави FIFA (Федеросиюни байналмилалии футбол), ки 6-уми июн нашр шуд, бо 312 имтиёз мавқеашро дар мақоми 112-ум нигоҳ доштааст.

Мунтахаби Тоҷикистон моҳи май ягон бозӣ накардааст. Бозии охирини мунтахаби Тоҷикистон бо тими миллии Афғонистон, ки 4-уми июн баргузор шуд ва бозии дӯстона буд, бо ҳисоби 3:2 ба фоидаи футболбозони тоҷик анҷом ёфтааст. Вале ин натиҷа дар рейтинги ояндаи FIFA ба ҳисоб гирифта мешавад.

Тоҷикистон миёни тимҳои миллии собиқ кишварҳои шӯравӣ дар зинаи 9-ум ҷойгир шудааст ва аз Озарбойҷон, Латвия, Туркманистон, Молдова, Қирғизистон ва Қазоқистон пеш мебошад.

Мавқеи дастаҳои миллии собиқ кишварҳои шӯравӣ дар феҳристи FIFA: Русия (11), Украина (39), Узбакистон (58), Беларус (67), Арманистон (89), Эстония (89), Гурҷистон (96), Литва (105), Тоҷикистон (112), Озарбойҷон (118), Латвия (119), Туркманистон (132), Молдова (134), Қирғизистон (143) ва Қазоқистон (146).

Дастаи миллии Испания, қаҳрамони феълии ҷаҳону Аврупо, дар феҳристи навини FIFA дар байни 209 тими миллӣ мисли пешин дар ҷойи аввал аст. Олмон дар ҷойи дувум ва Аргентина дар ҷойи севум мебошанд. Миёни даҳ тими беҳтарини ҷаҳон, инчунин, Хорватия, Ҳолланд, Португалия, Колумбия, Италия, Инглистон ва Эквадор ҷойгир шудаанд.

Тоҷикистон дар байни 46 дастаи мунтахаби Осиё дар ҷойи 14-ум қарор дорад. Даҳ дастаи беҳтарини Осиё инҳоянд: Ҷопон (32), Кореяи Ҷанубӣ (40), Австралия (47), Узбакистон (58), Эрон (67), Урдун (75), Амороти Муттаҳидаи Араб (87), Чин (95), Ироқ (98) ва Умон (101).

Рейтинги FIFA аз соли 1993-юм ҷорӣ шудааст. Имтиёзҳо ба кишварҳо аз рӯи натоиҷи дастаи мунтахаби миллиашон дар давраи чаҳор сол дода мешавад. Рейтинги минбаъдаи FIFA 4-уми июли соли 2013-ум нашр хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG