Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чархболи Аҳмадинажод дучори сонеҳа шуд


Рӯзи якшанбе чархболе, ки ҳомили раиси ҷумҳури Эрон буд, дучори сониҳа шуд, аммо осебе ба сарнишинони он нарасидааст.

Бино ба иттилои расонаҳои эронӣ, чархболи ҳомили раиси ҷумҳури Эрон дар баландиҳои Албурз дучори садама шудааст. Пойгоҳи иттилоърасонии раёсати ҷумҳури Эрон менависад, ки Маҳмуди Аҳмадинажод барои ифтитоҳи як тарҳи туннел ба ин минтақа рафта буд, аммо чархболи ҳомили ӯ ва ҳамроҳонаш пеш аз расидан ба маҳал дучори сониҳа шуд.

Ин манбаъ дар идома навишт, ки «халабон бо маҳорати комил тавонист чархболро ба замин бинишонад» ва «ҳеҷ гуна осебе ба раиси ҷумҳур ва ҳамроҳонаш нарасид.»

Дар идомаи ин хабар омадааст, ки «раиси ҷумҳур ва ҳамроҳонаш ҳамакнун дар саломати комил ба сар мебаранд ва чархбол низ барои амалиёти таъмир ва бозсозӣ дар маҳали ҳодиса қарор дорад.»

Бинобар ин гузориш, Маҳмуди Аҳмадинажод пас аз расидан ба маҳал ва ифтитоҳи тарҳи туннел, аз роҳи заминӣ ба Теҳрон баргаштааст. Ин манбаъ ҷузъиёти бештаре дар мавриди ин ҳодиса ва сабабҳои он ироа накардааст.
XS
SM
MD
LG