Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дарси "каҷ дору марез" барои бунёдгузори “В Контакте”


Шабакаи пешгоми иҷтимоии Русия, барои саркашӣ аз дастурҳои мақомот ҳамеша бо моҷароҳои мармуз рӯбарӯст. Ин бор он "тасодуфан", ба феҳрасти сиёҳ афтод.

Вақте сомонаи иҷтимоии VKontakte.ru барои муддати кӯтоҳ ҳам бошад, дар номгӯйи торнамоҳои мамнӯъ дида шуд, бисёриҳо изҳори ҳайрат карданд. Шабакаи машҳури Русия на танҳо анҷуманест, ки дӯстонро ба ҳам меорад, балки пойгоҳи асосии мухолифони сиёсист, ки бо истифода аз он фаъолиятҳои худро дар саросари кишвар ҳамоҳанг месозанд.




Мақомоти Русия мегӯянд, номи шабака тасодуфан дар феҳрасте омад, ки ҳадафаш решакан кардани сомонаҳои порнографии кӯдакона аст ва ин хато зуд ислоҳ шуд. Аммо Олег Козирев, таҳлилгари умури матбуот ва блогнависи мухолифи давлат бар ин аст, ки “тасодуф” ҳадафмандона ба вуқӯъ пайвастааст. “Ман инро сабақи баде мешуморам. Ин зарбаи адабчӯбе буд, ки аҳли интернети Русияро итоат ва эҳироми бештар ва истиқлоли камтар меомӯзонад.”

Козирев ва фаъолони дигар хеле аз пеш гуфта буданд, ки “феҳрасти сиёҳ” ҳарчанд барои ҳифзи атфол таъсис ёфтааст, борҳост, зидди торнамо ва шабакаҳои саркаш истифода мешавад.

Ин дар ҳолест, ки ҳар рӯз наздик ба 47 миллион нафар аз шабакаи “В Контакте” истифода мекунанд. Шабака дар соли 2006 аз тарафи сокини 28-солаи Петербург, Павел Дуров, ки ба муассиси Фейсбук Марк Зуккербергер ташбеҳ дода мешавад, сохта шудааст.

Акси Павел Дуров дар шабакаи худаш

Акси Павел Дуров дар шабакаи худаш

Дуров дар моҳи декабри соли 2011, ҳангоми тазоҳуроти марбут ба интихоботи Думаи давлатӣ, дархости Хадамоти Федероли Амнияти Русияро, ки бояд гуруҳҳои мухолиф аз шабака ихроҷ шаванд, рад намуд. Чанде баъд мақомот Дуровро айбдор карданд, ки бо мошин як корманди полисро задааст. Видеои ин воқеа дар интернет рӯ зад, аммо Дуров гуфт, дар умраш мошин надошта ва нарондааст. Бо вуҷуди ин 16-уми апрел дафтари марказии “В Контакте” дар Петербург кофтуков шуд ва Дуров аз Русия фирор кард ва дар мазҳари ом пайдо намешавад.

Чанде баъд ширкати хусусии UCP (United Capital Partners), ки бо Кремл пайвандҳои наздик дорад, аз коршарикони Дуров – Вячеслав Мирилашвилӣ ва Лев Левиев 48 дарсади саҳмияҳои “В Контакте”-ро харид. Дуров ба ин мухолифат кард ва барои исботи он ки ин паёми расмии худаш аст, акси худро низ нашр намуд.

Раиси UCP, Иля Шербович, ки узви шӯрои ширкати давлатии “Роснефт” низ аст, аз дӯстони Игор Сечин, раҳбари ширкат ва шахси мӯътамади президент Владимир Путин ба шумор меравад. Саҳҳоми дигари “В Контакте” (39,9%) ширкати интернетии Mail.ru мебошад, ки ба дӯсти дигари Кремл, Алишер Усмонов тааллуқ дорад. Усмонов баъд аз харидани нашриёти “Коммерсант” журналистони озодандеши онро ихроҷ ва навъе аз сонсурро дар ин ҷо ҷорӣ намуд.

Дуров ҳамоно соҳиби 12 дарсади саҳмияҳои “В Контакте” аст ва бино бар қарордоди саҳҳомон метавонад, аз номи Mail.ru низ раъй диҳад. Аммо, ба ақидаи коршиносон Дуров дар ҳолати “каҷ дору марез” гузошта шудааст. Ва мақомоти амниятии Русия пинҳон намедоранд, ки мехоҳанд, интернет зери назорати онҳо бошад. Чанде пеш сухангӯи Кумитаи Тафтишотии Русия, Владимир Маркин гуфт, шабакаҳои иҷтимоӣ ва блогнависон ҷанги иттилоотиро зидди ҳукумат қатъ карданӣ нестанд ва ин ҳол наметавонад, нигаронкунанда набошад. Вай афзуд, ин маърака аз тарафи “баъзе олигархҳо ва марказҳои хориҷӣ” роҳандозӣ шудааст.
XS
SM
MD
LG