Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз дасти Тоҷикистону Қирғизистон чӣ меояд?


Тоҷикистону Қирғизистон бо ҳам шабоҳати зиёде доранд, ҳарду аз захираҳои газу нафт маҳруманд, ҳарду дар бунбасти нақлиётӣ қарор доранд ва ҳарду баръакси дигар кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ, ошӯбу нооромиҳои зиёдеро пушти сар кардаанд.

Дигар ин ки Тоҷикистону Қирғизистон баръакси Қазоқистону Узбакистону Туркманистон, пойгоҳҳои низомии хориҷиро мизбонӣ мекунанд, фақиртарин кишварҳои минтақа ҳастанд, вале сарвати аслии ин минтақаи хушку гарм, яъне об дар дасти онҳост, ки ҳарду ҳам ба далели камбизоативу шароити ҷуғрофӣ наметавонанд, аз он ба таври аҳсан баҳра бардоранд. Бо вуҷуди ин сарвати фаровон ҳарду кишвар дар зимистон ба нерӯи барқ мӯҳтоҷ мешаванд ва қасд доранд, бо бунёди нерӯгоҳҳои бузурги барқи обӣ дар рӯдхонаҳои худ, аз мусибати бебарқӣ халос шаванд, вале дар ин роҳ ба мухолифати сарсахтонаи Узбакистон рӯ ба рӯ шудаанд, ки мегӯяд, дар сурати бунёди нерӯгоҳи Роғун дар Тоҷикистон ва нерӯгоҳи Қамбарота-1 дар Қирғизистон, бақия кишварҳои минтақа оби кофӣ нахоҳанд ёфт.

Мирослав Ниёзов
Мирослав Ниёзов
Мирослав Ниёзов, сафири собиқи Қирғизистон дар Тоҷикистон мегӯяд, ҳамкории наздиктар дар ин заминаи обу энержӣ ба манфиати ду кишвар хоҳад буд: «Ҳарду кишвар 90 дар сади оби ошомидании Осиёи Марказиро таъмин мекунанд. Аз ин рӯ Қирғизистону Тоҷикистон метавонанд, сари ин масъала ба мувофиқат расида ва дар оянда як ҳалқаи энергетикиро таъсис диҳанд. Дар гузашта як чунин тавофуқе миёни Аскар Оқоев ва Эмомалӣ Раҳмон вуҷуд дошт. Хуб аст, агар мо дар ин замина муштаракан талош кунем, чун бисёре аз ҳамсояҳои мо ба мисли Покистону Ҳинд ва Эрон ба нерӯи барқ эҳтиёҷ доранд.»

Табодули мол миёни Тоҷикистону Қирғизистон чандон бузург нест ва соли 2012 танҳо 43 миллион долларро ташкил додааст. Тоҷикистон аз Қирғизистон нерӯи барқ, қисмҳои эҳтиётӣ барои техникаи кишоварзӣ, либосу маводи ғизоӣ мефӯрушад, Тоҷикистон ин ҳамсоякишварро бо алюминий таъмин мекунад.

Тоҷикистону Қирғизистон дар аксари масоили байналмилаливу минтақавӣ назари яксон доранд ва дар ин ё он масъала ба ҳимоят аз ҳамдигар садо баланд мекунанд. Аммо як мушкили умдае миёни ду кишвар вуҷуд дорад ва он ҳам хати марзи таъйинношуда ва беаломат аст, ки бо сипарӣ шудани ду даҳсола, тарафҳо роҳи ҳалли онро наёфтаанд ва аҳёнан оқибатҳои онро ҳам мебинанд, ки муноқишаву занозанӣ миёни сокинони рустоҳои наздимарзист.

Тоҷикону қирғизҳо тайи ин ду даҳсола, борҳо барои барои об ба сари ҳам каланд кашидаанд, барои як порчаи замин ва ё чарогоҳ барои гӯсфандчаронӣ гиребон гирифтаанд, вале хушбахтона ва ё ба амри тасодуф, ин ҷанҷолҳои маҳаллӣ ба муноқишаи васеътар напечидааст, вале ин хатар ҳамеша вуҷуд дорад. Муноқишаҳое, ки барои обу замин ва манобеъи нокофии табиӣ дар ин рустоҳо сар мезанад ва мумкин аст, ҳамзистии осоиштаи мардум дар минтақаро ба ҳам зада, ба низоъи бузургтар бипечанд.

Як моҳ қабл марзи миёни ду кишвар дар Суғду Бодканд маҳали таниш миёни сокинони ду кишвар буд.
Як моҳ қабл марзи миёни ду кишвар дар Суғду Бодканд маҳали таниш миёни сокинони ду кишвар буд.
Расо як моҳ пеш аз боздиди расмии Раҳмон ба Бишкек миёни сокинони рустои Ворухи ноҳияи Исфара ва сокинони Оқсойи вилояти Ботканди Қирғистон як низоъ бархост ва то ба ҳадде расид, ки нерӯҳои махсуси қирғиз ва барои халос кардани онҳо омаданд. Дар ин муноқиша аз ҳарду тараф чанд нафарӣ захмӣ шуда ва моликияти зиёде, аз ҷумла мошинҳо осеб диданд. Тоҷикистону Қирғизистон марзи 970 километрӣ доранд ва ҳарду мехоҳанд, қаламравҳои баҳсбарангезӣ бар асоси нақшаҳои дилхоҳи онҳо тақсим шавад. То кунун ду тараф 60 дар сади хати марзро таъин кардаанд, вале аломатгузории он ба поён нарасидааст. Чиҳил дар сади дигари хати марз, ки аз дохили рустоҳо убур мекунад, ҳанӯз ҳам баррасӣ мешавад.

Зимни диду боздидҳои Раҳмон аз Бишкек, ҳамин масъала, аз мавзӯъҳои муҳими гуфтугӯи ӯ бо мақомоти Қирғизистон хоҳад буд. Ҳарду тараф умедворанд, ки баъди мулоқоти раҳбарон, пешрафт дар ин музокирот ҳосил шавад. Қурбонбой Искандаров, масъули умури таъйину аломатгузории марз ва рушди манотиқи марзии дастгоҳи раёсати ҷумҳури Қирғизистон чанде пеш ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфт, ки қарор аст, моҳи оянда маъсулони ду кишвар гирди ҳам омада ва масъалаи таъйини хати марзро баррасӣ кунанд.

Дар мулоқотҳои Эмомалӣ Раҳмон, бо раҳбарони Қирғизистон бешак ин масъала, аз мавзӯъҳои рақами як хоҳад буд. Алмосбек Отамбоев, раиси ҷумҳури Қирғизистон чанде пеш ба хабарнигорон гуфт, ки интизор дорад, ки пас аз сафари Раҳмон, муносиботи дуҷониба рӯҳи тоза гирифта ва ба марҳилаи нав ворид шавад. Ба гуфтаи ӯ дар ин мулоқот масоили марзӣ, бунёди роҳу зербунёдҳои дигар баррасӣ мешанд, ки иҷоза медиҳанд, Тоҷикистону Қирғизистон аз бунбасти нақлиётӣ раҳо шаванд.
XS
SM
MD
LG