Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бозиҳои даври шашуми мусобиқаи лигаи аввал оид ба футбол дар минтақаи Суғд баргузор шуданд.

Ин мусобиқа, ки ҳамзамон мусобиқаи қаҳрамонии футболи вилояти Суғд маҳсуб мешавад, бо ширкати даҳ даста ҷараён дорад. Дар даври шашуми мусобиқа дар се бозӣ меҳмонон ва дар яктоаш мизбонон ғалаба карданд.

Натоиҷи бозиҳои даври шашум чунинанд:

«Қайроққум» (Қайроққум) - «Шаҳристон» (Шаҳристон) - 1:2
«Эсхата» (Хуҷанд) - «Уротеппа» (Истаравшан) - 0:1
«Спитамен» (Спитамен) - «Зарафшон» (Панҷакент) - 1:5
«Исфара” (Исфара) - “Мастчоҳ” (Мастчоҳ) - 5:2

Дастаи “Мастчоҳ” бо 13 имтиёз дар садри ҷадвали мусобиқот қарор дорад. Дастаи “Уротеппа”, ки ду бозӣ камтар кардааст, бо 10 имтиёз дар ҷойи дувум мебошад. Дастаҳои “Исфара” ва “Зарафшон” низ 10-имтиёзӣ ба даст овардаанд ва бо дарназардошти таносуби беҳтари тӯбҳо мутаносибан дар зинаҳои севуму чорум ҷойгир шудаанд.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот

Ҷ Дастаҳо Б Ғ М Б Т И
1. «Мастчоҳ” 6 4 1 1 14 – 11 13
2. «Уротеппа» 4 3 1 0 27 – 4 10
3. «Исфара» 5 3 1 1 12 – 8 10
4. «Зарафшон» 5 3 1 1 9 – 6 10
5. «Эсхата» 5 3 0 2 11 – 4 9
6. «Шаҳристон» 5 2 0 3 8 – 18 6
7. «Пахтакор» 4 1 1 2 6 – 8 4
8. «Спитамен» 5 0 3 2 4 – 13 3
9. «Канд» 4 0 1 3 7 – 11 1
10 Қайроққум 5 0 1 4 3 – 18 1


Нишонзанҳои беҳтарин: Меҳрулло Бобоев ва Аъзам Ҳусейнов (ҳарду аз «Уротеппа») - 8-тӯбӣ, Илҳом Баротов («Уротеппа») - 5 тӯб.

Бозиҳои даври 7-ум
27-уми май, душанбе
«Зарафшон» - «Пахтакор»
28-уми май, сешанбе
«Уротеппа» - «Спитамен»
«Шаҳристон» - «Эсхата»
29-уми май, чоршанбе
«Канд» - «Қайроққум»
Оғози бозиҳо – соати 17:00

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG