Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳукумати вилояти Суғд аз ҳайати сарнишинони ҳавопаймои "Боинг-737"-и хатсайри Маскав-Хуҷанд қадрдонӣ намуд.

Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Суғд субҳи рӯзи шанбеи 25 уми май ба ҳайъати сарнишинони “Боинг 737”, ки ҳавопайморо бо чархҳои кафида беосеб ба замин фуруд оварданд, сипоснома ва ҳамчунин мукофотҳои пулӣ тақдим намуд.

Раиси вилояти Суғд зимни суханронӣ дар маҳфили мутантани ҷоизасупорӣ дар фурудгоҳи Хуҷанд фуруди изтирории ҳавопайморо як “сабақи бузург” номид, ки мардонагиву шуҷоати ҳайъати ҳавопаймо ва танзими фаъолияти ҳама ниҳодҳои масъулро ба намоиш гузошт:

“Мутахассисони тоҷик тавонистанд дар ин лаҳзаҳои ҳассос ва мушкил ба ҷаҳониён собит намоянд, ки таҷриба ва малакаи баланди касбӣ, шуҷоату мардонагии бемисл доранд. Ва ин боиси ифтихори миллии мо гардид. Бартараф намудани ин гуна мушкил, ба фикри ман, дар тинати ҳар яки мо меҳр ба ҳамдигар, ба ватани азизамон, ба истиқлолияти давлатӣ ва осоиштагиву хуррамӣ зиёда мегардонад.”

Вай ба ҳайати ҳавопаймо ва ҳама масъулоне, ки дар кор саҳм гузоштаанд, аз номи раисҷумҳур сипосномаҳо, мукофотҳои пулӣ аз 5 то 1 ҳазор сомонӣ ва туҳфаҳои молӣ тақдим кард.

Аъзам Нодиров, сарнишини ҳавопаймои “Боинг 737”, хатсайри Маскав – Хуҷанд пас аз анҷоми маросим ба "Озодӣ" гуфт, ҳайъати ҳавопаймо аз он ки талошҳояшон бобарор анҷом гирифт ва мусофирони ҳавопайморо безарар ба ватан расониданд, худро хушбахт медонанд. Вай афзуд, умедворанд баъд аз чанд рӯзи дигар, ки таҳқиқи ҳодиса ҷараён дорад, парвозҳоро аз сар хоҳанд гирифт.


Пилоти Боинг-737: Ҳавопайморо беосеб ба замин шинондем


Вай дар посух ба саволи як хонандаи "Озодӣ", ки оё дуруст аст Маскав иҷоза надод, бо вуҷуди кафидани балонҳои ду чархаи ҳавопаймо дар майдони ҳавоии Домодедово ба ин фурудгоҳ бознишининад ва аз ин рӯ ночор парвозро ба самти Тоҷикстон идома доданд, гуфт, ин овозаҳо поя надоранд: “Замоне, ки мо дар
Маскав ба ҳаво бархостем, дар ҳавопаймоямон маводи сӯхт хеле зиёд буд. То дараҷае, ки баъди ба Тоҷикистон расидан низ маҷбур будем як соат дар фазо чарх занем. Чун бо сӯзишвории зиёд ба замин нишастан хавфи оташ гирифтани ҳавопайморо пеш меовард. Агар мо дар Домодедово фуруд омадан мехостем, ночор бояд чанд соат дар фазои Маскав чарх мезадем ва фурудгоҳро низ чанд соат банд мекардем. Барои ҳамин барои мо майдони ҳавоии Хуҷанд мувофиқ буд, ки рӯзона аз парвозҳо тақрибан холӣ аст ва шамол ҳам аз пеш мевазад.”

Аъзам Нодиров гуфт, аҳли оилаашро замони фуруд омадан хабардор накард ва танҳо писари калониаш, ки мисли худаш ҳавонавард аст, аз ҳодиса хабар дошт ва пас аз фуруд омадан, аҳли хонадонро дар ҷараён гузошт.

Шамсия Мирзобекова, яке аз стюардесаҳои “Боинг 737” ба "Озодӣ" гуфт, ҳайъати парвоз мусофиронро танҳо 2 соат баъд парвоз, аз вазъи он огоҳ кардаанд, то боиси воҳима нагардад: “Раҳбари парвоз эълон кард, ки мо он чӣ аз дастамон меояд, барои беосеб ба замин шинондани ҳавопаймо хоҳем кард. Бинобар ин хавотиру ошуфта набошад. Хушбахтона, миёни парвозкунандагон воҳима нашуд ва як фазои оромӣ барқарор буд, барои ин мо аз ҳар яки онҳо миннатдорем.”

Сарнишини ҳавопаймои мазкур Аъзам Нодиров соли 1966 дар ноҳияи Панҷ ба дунё омада, мактаби миёнаро дар ноҳияи Муъминободи Хатлон хам кардааст. Солҳои 1985 - 1989 омӯзишгоҳи олии ҳавонавардии ҳарбиву авиатсионии ба номи Балашов (Русия)-ро хатм кардааст. Ҳамсар ва чор писару як духтар дорад, ки ду писари калонӣ касби падарро интихоб намудаву дигарон мактабхонанд. Ҳамсараш табиб аст.

Вай афзуд, дар фуруд овардани ҳавопаймои осебдида саҳми Андрей Соколов, мутаассиси пешбари оид ба амнияти ширкати “Таҷикэйр” бо маслиҳатҳои муфидаш басо бузург аст. Ба гуфтаи ҳайъати парвози мазкур, дар ҳавопаймои “Боинг 737” 93 мусофир, аз ҷумла 10 кӯдак ва 9 ҳайъати парвоз аз Маскав баргаштанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG