Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҷашнвора-озмуни ҷумҳуриявии театрии ҷавонон «Нигоҳи нав» ҷамъбаст гардид, вале Шоҳҷоизаи он насиби касе аз иштирокдорон нагардид.

Тавре мубтакирони ҷашнвора иброз доштанд, имсол асаре набуд, ки сазовори Шоҳҷоиза шавад. Шоҳҷамшед Умари Раззоқзода, яке аз бунёдгузорони ҷашнвора ба «Озодӣ» гуфт, маблағи Шоҳҷоиза 500 доллари амрикоиро ташкил медод. Аммо ҷоизаҳои дигарро, ки ҳар кадоме 200 доллар буд, Қурбон Бобоҷонов барои беҳтарин коргардонӣ, Зарина Бадалова барои беҳтарин нақши занона ва беҳтарин этюди коргардонӣ, Меҳроҷи Абдуллозода барои беҳтарин нақши мардона ба даст оварданд.

Ин дар ҳолест, ки Асемей Бейсенова, меҳмони ҷашнвора аз ҷумҳурии Қазоқистон, устдоди рақси шоу-гурӯҳи «Айнурим-Жастар» ҷоизаҳои махсуси худро ҳадя кард, ки ҳар кадоме ба маблағи 2000 доллар буд. Ин ҷоиза ба Зарина Бадалова, ҳунарпешаи ҷавон, К. Аскарзода ва М. Шарифов, таҳиягарони намоиши «Оҳ, агар ман зинда мебудам» ва Шоҳҷамшед Умари Раззоқзода ва Далери Эмомалӣ, созмондиҳандагони ҷашнвора тақдим гардид.

Мавриди зикр аст, ки ҷашнвораи «Нигоҳи нав» аз 16 то 22 май дар шаҳри Душанбе доир шуд. Ҷашнвораи мазкурро гурӯҳи ҷавонони ташаббускор зери сарварии Далери Эмомалӣ ва Шоҳҷамшед Умари Раззоқзода ва сарпастии Институти Ҷомеаи Кушода-Бунёди Мадад ва Дафтари швейтсарӣ доир ба ҳамкорӣ баргузор намуданд. Дар он 10 гурӯҳи театрӣ намоишҳои худро пешниҳод карданд, ки 4-тои он ғайриозмунӣ буд.

Бори нахуст Ҷашнвора-озмуни «Нигоҳи нав» соли гузашта баргузор шуда буд ва Муҳиддин Ҷӯраев, коргардони гурӯҳи театрии шаҳри Конибодом барои намоишномаи «Модари аз тоқати таҳқир хаста» сазовори Шоҳҷоиза гардид. Созмондиҳандагони ҷашнвора тасмим доранд дар солҳои наздик онро ба ҷашнвораи байналмилалӣ табдил диҳанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG