Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти 120 тонна маводи сӯхт дар марзи Тоҷикистон


Мақомоти қирғиз аз мусодираи 120 тонна маводи сухт дар марз бо Тоҷикистон гузориш доданд. Хабаргузориҳои Қирғизистон аз қавли дафтари матбуоти Хадамоти марзбонии кишвар гуфтаанд, ки Хадамоти марзбонӣ якҷо бо кормандони Кумитаи амнмяти миллӣ бори қочоқиро дар деҳкадаи Қарабоқи вилояти Ботканд боздошт карданд. Ин манбаъ гуфтааст, ки маводи сухт ҳангоми кӯшиши убури марзи Тоҷикистон мусодира шудааст. Се мошини ҳомили маводи сухт, ки моли шаҳрвандони Қирғизистон буда, 5 ҳазор сом арзиш доштаанд, як ҷо бо ронандаҳо барои идомаи бозҷӯӣ ба Хадамоти амнияти милии Қирғизистон интиқол ёфтанд.
XS
SM
MD
LG