Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нокомии паҳлавонони тоҷик дар Ҷоми Аврупо дар Русия


Паҳлавонони тоҷик дар Ҷоми Аврупо оид ба дзюдо дар Русия ноком шуданд.

Дар ин мусобиқаи пурнуфуз беш аз 200 варзишгар аз 18 кишвар ширкат доштанд. Дар сабқати мардон дар 6 вазн гуштигирони Русия ғолиб шуданд: - 60 кг – Алберт Огузов, -66 кг – Арсен Таласов, -73 кг – Артём Ржата, -81 кг – Ҳасан Холмирзоев, -90 кг – Ҳусейн Холмирзоев, -100 кг – Шамил Магомедов. Танҳо дар як вазн (+ 100 кг) намояндаи Австрия Даниэл Аллерсторфер пирӯзӣ ба даст овард.

Дар ин мусобиқа Тоҷикистонро ду паҳлавон – Ҷасур Шамиров ва Абубакр Раҳмонов намояндагӣ карданд. Ҷасур, ки дар рақобатҳо дар вазни то 66 кг дар даври аввал озод буд, дар даври дувум аз рақибаш Бектур Рисманбетови қирғиз шикаст хӯрд. Абубакр бошад, дар вазни беш аз 100 кг дар нахустин даври мусобиқа аз Рустам Елоеви русиягӣ мағлуб шуд.

Дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Русия (мардону занон) бо касби 38 медал (10 тилло, 7 нуқра ва 21 биринҷӣ) соҳиби ҷойи аввал гардид. Мунтахаби Беларус бо касби 3 медали тилло ва як медали нуқра дар ҷойи дувум ва дастаи Австрия бо як медали тилло дар ҷойи севум қарор гирифтанд.

Дар силсилаи Ҷоми Аврупо то охири мавсим боз ҳафт ин гуна мусобиқот баргузор мешавад. Тобистон Ҷоми Аврупо дар Словения (июн) ва Олмон (июл), моҳи сентябр дар Словакия, Финляндия ва Сербия, моҳи октябр дар Белгради Сербия ва моҳи ноябр дар Малагаи Испания барпо мегардад.
XS
SM
MD
LG