Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толеъномаи Корти Сабзи Амрико “бетолеъ” шуд


Бурди навбатии лоторея ё толеъномаи шаҳрвандии Амрико ин бор насиби қонунгузорони демократ ва ҷумҳурихоҳи Амрико мешавад ва шояд мушкили онҳоро ҳал кунад.

Ҳар сол дар ҳамин рӯзу шаб миллионҳо нафар аз орзумандони зиндагӣ дар Амрико нафаси амиқ мекашанду интизор мемонанд, ки оё толеашон мадад кардааст ё на. Аввали моҳи май Вазорати умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида номи 55 000 барандаи ҳаққи иқомат дар ин кишварро нашр мекунад, ки дар бахтозмоӣ ширкат кардаанд. Ин ҳақ метавонад, роҳро ба шаҳрвандӣ боз кунад. Ба воситаи ин барнома, ки ҳадафаш зиёд кардани намояндагони кишварҳои гуногун дар Амрикост, то ҳоло беш аз 10 миллион сокини Шӯравии пешин амрикоӣ шудаанд.

Имсол ҳам афроди зиёде интизори нашри натиҷаи қуръакашиянд ва бархе мегӯянд, ҳар сол бозӣ мекунанду агар имсол бахт ба рӯяш натофт, соли оянда аз нав санад пур хоҳанд кард. Аммо, акнун, мумкин аст, соли оянда чунин имкон фароҳам наояд.
Толеъномаи Грин Карта, Корти Сабз ё номи расмияш Барномаи Раводиди Танаввуъ метавонад қурбони созиши миёни ҷиноҳҳои мухолифе шавад, ки мехоҳанд, низоми муҳоҷират ба Иёлоти Муттаҳидаро бознигарӣ кунанд.

Муаллифи тарҳи ислоҳоти низоми муҳоҷират, демократ аз Ню Йорк, Чарлз Шумер мегӯяд, шарикони ҳизбии ӯ розӣ шуданд, ки бино бар ҳадафи сиёсӣ ва ҳам мӯҳтавояш барномаи Корти Сабз барҳам дода шавад: "Ман худ муаллифи Барномаи Раводиди Танаввуъ будам ва дилам ба он месӯзад. Ибтидо намояндагони ҳарду ҳизб ҳам ба он мухолифат мекарданд. Мақсади он ба Амрико овардани афрод аз Аврупо ва Африқо буд ва ҳоло тағйир карда, бештари ширкаткунандагонаш аз Осиёи Марказиянд. Ба ин далел ва ҳам ба иллати мухолифати ҳампешагони мо, тасмим гирифтем, он қатъ шавад.”

Толеъномаи Корти Сабз соли 1995 таъсис ёфта, бо роҳи қуръакашӣ аз миёни бахтозмоён намояндагони кишварҳоеро интихоб мекард, ки мизони муҳоҷират аз онҳо кам аст. Он ҳамеша ба қораи Африқо, Ирлонд ва чанд кишвари дигар тамаркуз дошт. Ҳоло ҳам бештарин барандагони толеъномаи Корти Сабз аз Африқоянд, аммо солҳои охир Осиёи Марказӣ аз рӯйи шумораи барандагон ба ҷои дувум баромада, кишварҳое чун Бангладеш ва Эрон низ пешгом шудаанд.

Аммо чаро ин барнома ҳоло гаравгони баҳси қонунгузорони демократ ва ҷумҳурихоҳ шудааст? Ҳанӯз моҳи декабри соли гузашта ҷумҳурихоҳон талош карданд, ин барномаро бекор кунанд. Вале маҷлиси сенат, ки таҳти назорати демократҳост, ба ин роҳ надод.

Мушовири умури муҳоҷират дар Шӯрои равобити хориҷӣ дар Вашингтон, Эдвард Олден, сабаби тағйири мавзеъгирии демократҳоро шарҳ дод: “Ҳоло як тарҳи хеле бузург ва фарогири ислоҳи муҳоҷират аз тарафи демократҳо омода шудааст. Он, аз ҷумла афви 11 миллион муҳоҷири ғайриқонунии Иёлоти Муттаҳидаро низ дар назар дорад. Демократҳо дар лағви барномаи Корти сабз гузашт карданд, то ислоҳоти умумии муҳоҷиратро пеш баранд.”

Бархе аз таҳлилгарон мегӯянд, ин беҳтарин фурсате барои чунин додугирифти байни рақибон аст ва эҳтимол меравад, баъд аз он толеъномаи Корти Сабз ба ин ё он шакл эҳё гардад. Дар тарҳи демократҳо ба зарурати додани раводид барои ашхоси ҳунарманд ва тоҷир низ ишора шудааст.

Аммо ҳоло, гуфта мешавад, ҳукумати президент Барак Обама талош дорад, ваъдааш ба аҳолии испанитаборро, ки дар интихобот аз ӯ пуштибонӣ карданд, иҷро намояд. Интизор меравад, тарҳи нав дар моҳи июн мавриди раъйдиҳӣ қарор гирад. Дар ин байн, онҳое, ки дар солҳои гуногун аз тариқи барномаи Корти Сабз муқими Амрико шудаанд, мегӯянд, бекор кардани толеънома кори оқилона нест ва миллионҳо нафар аз ҳамдиёрони онҳоро, ки дар кишварҳои ноозод азият мекашанд, аз даричае ба сӯйи Амрико маҳрум мекунад.
XS
SM
MD
LG