Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду медали муштзанҳои тоҷик дар Қазоқистон


Муштзанҳои тоҷик дар мусобиқаи XVIII байналмилалӣ оид ба бокс барои ҷоизаҳои Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ генерали артиш Сагадат Нурмагамбетов дар Остонаи Қазоқистон ду медал ба даст оварданд.

Дар ин мусобиқа муштзани тоҷик Анвар Юнусов, қаҳрамони Осиё ва барандаи медали биринҷии мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон, дар вазни 60 кг дувум шуд ва бо медали нуқра сарфароз гашт. “Гулливер”-и тоҷик Меҳроҷиддин Каримов бошад, дар вазни беш аз 91 кг ҷойи севумро соҳиб шуд ва медали биринҷӣ гирифт.

Дар ин мусобиқаи анъанавӣ 117 варзишгар аз Ироқ, Қазоқистон, Қирғизистон, Муғулистон, Сурия, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбакистон ширкат доштанд.

Муштзанҳои қазоқ дар 8 вазн ғолиб омаданд: 49 кг - Адлет Капезов, 52 кг - Олҷас Соттибоев, 56 кг - Жанболат Тилегенулӣ, 60 кг - Бекман Сойлибоев, 64 кг - Баурҷан Изтлеуов, 75 кг - Рустам Сваев, 91 кг - Аскар Абдуллоев ва +91 кг - Нурҷон Бекзотов. Дар ду вазн – 69 кг Жаргал Отгонжарал аз Муғулистон ва 81 кг - Ҳасан Алааелдин аз Сурия пирӯз шуданд.
XS
SM
MD
LG