Пайвандҳои дастрасӣ

Исломобод бо Навоз Шариф аз кадом роҳ хоҳад рафт?


Навоз Шариф

Навоз Шариф

Ҳамсояҳои Покистон умедворанд, ки равобиташон бо Исломобод дар аҳди Навоз Шариф рушди беҳтаре пайдо кунад.

Рӯзе ки Навоз Шариф баъди танаффуси тӯлонӣ дар интихоботи 11 май пирӯз шуд, ҳамсояҳои Покистон аз бозгашти ӯ ба қудрат истиқбол ва изҳори умед карданд, ки ӯ битавонад авзои кишварро мӯътадил ва сиёсати хориҷиашро дигар кунад. Навоз Шариф, ки гуфта буд, агар қудрати Покистонро дубора ба даст биёрад, бо шеваи дигаре давлатдорӣ хоҳад кард, азм дорад, сиёсати хориҷии Покистонро аз таҳти назорати хадамоти амниятии пурнуфуз берун оварад ва бар он мусаллат шавад.





Маълум нест, ки Шариф дар пешбурди ин барномаҳо то куҷо муваффақ мешавад. Ин дурнамо танҳо баъди мушаххас шудани сиёсати хориҷии кишвар маълум хоҳад шуд. Ҳоло ҳамсояҳои Покистон - аз Деҳливу Теҳрон то Тошканду Душанбе - ҳама чашм ба сӯи Шариф дӯхтаанд, ки оё cиёсати хориҷии Покистон дар қиболи ҳамсояҳо чигуна хоҳад буд.

Ҳиндустон: Идомаи душманӣ ё?..

Дидгоҳи Шариф дар робита бо душмани қадимии Покистон маълум аст. Даъвати нахуствазири Ҳиндустон Манмуҳон Сингҳ ба маъракаи савгандаш аз қадамҳои нахустини Шариф дар дар симати нахуствазири Покистон номбар мешаванд. Ӯ аз ҳоло ишора кардааст,ки мехоҳад раванди сулҳро бо Ҳиндустон аз сар бигирад. Равандеро, ки дар солҳои 90 ум дар замони ҳукуматдориаш оғоз карда ва ба имзои эъломияи Лоҳур ва худдорӣ аз сабқати ҳастаӣ даст ёфт.

Талъат Масъуд, коршиноси умури амниятӣ дар Исломобод мегӯяд: ”Агар ба Навоз Шариф бошад, ӯ хостори дигаргунӣ дар сиёсати хориҷист, зеро дар Покистон ақидаи самимие вуҷуд дорад, ки равобити хуб бо Ҳинд ва ҳамсояҳои дигар ба ба манфиати Покистон аст. Покистон мехоҳад марзҳояш амн бошанд, то кишвар амн бошад. Ин дар ҳоле имконпазир мешавад, ки бо ҳамсояҳо дар сулҳу созиш бошӣ.”

Амрико – ёри дерин

Дар равобит бо Амрико ба эҳтимоли қавӣ Навоз Шариф шеваҳои амалгароёна ва ё прагматикиро идома хоҳад дод”, - мегӯяд таҳлилгари покистонӣ Аҳмад Рашид. Ин дар ҳолест, ки маъракаи интихоботии Шариф бо шиорҳои зиддиамрикоӣ ва қатъи ҳамкориҳо бо Вошингтон дар мубориза бо даҳшатафканӣ (терроризм) ҷараён гирифт. Аммо Аҳмад Рашид мегӯяд, Навоз Шариф медонад, ки дар бахши кумакҳои иқтисодӣ ва пуштибонӣ дар гирифтани қарз аз созмонҳои молии ҷаҳонӣ ба кӯмаки Иёлоти Муттаҳида ниёз дорад.

Аҳмад Рашид мегӯяд, кумак ба Вошинтон дар Афғонистон аз тариқи бознигарии нақши Покистон дар ин кишвар ҳам ба манфиати Навоз Шариф аст: “Ӯ ба хуруҷи боамни амрикоиҳо аз Афғонистон маниатдор аст. Ӯ мехоҳад, ки толибони афғон бо амрикоиҳо, бо Карзай музокирот кунанд. Ба бовари ман, ӯ талош хоҳад кард, ки Толибон дар Доҳа дафтар боз кунанд ва амрикоиҳо низ ҳамин корро бикунанд.”

Аммо Ҳусайн Ҳаққонӣ, сафири собиқи Покистон дар Вошингтон аҳром ва ё фишангҳоизери дасти нахуствазири ояндаро зери суол мебарад. Ӯ бо ёде аз давраи мушовириаш дар ҳукумати соли 1990-и Навоз Шариф мегӯяд, гумон аст, ки низомиён сиёсати Покистон дар Афғонистонро ба нахуствазири нав бисупоранд.

Байни Эрон ва Саудия

Навоз Шариф як мусалмони суннимазҳаб аст, ки бо Арабистони Саудӣ ва бо хонаводаи шоҳи саудӣ равобити дӯстона дорад. Ӯ тӯли ҳафт соли ҳиҷрат низ дар Арабистони Саудӣ пушти сар кардааст.

Аммо бо вуҷуди равобити хуби Навоз Шариф бо Арабистони Саудӣ, таҳлилгари покистонӣ Аҳмад Рашид бовар дорад, ки робита ба Эрон, як рақиби минтақавии Саудӣ таъсир нахоҳад дошт. Аҳмад Рашид мегӯяд, сарфи назар аз мухолифати ошкоро ба қарордоди бисёрмиллиарддолларии газ бо Эрон, гумон аст ки Шариф онро бекор кунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG