Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мурофиаи додгоҳии қазияи марги Ҳамза Икромзода бинобар эътирози наздикони ӯ, ба таъхир афтод.

Мақомоти додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ рӯзи 15-уми май ба модару бародари Ҳамза Икромзода, хабарнигорон ва масъулини созмонҳои байналмилалӣ иҷозаи ширкатро надоданд ва ин эътирози наздикони Ҳамза Икромзодаро ба бор овард.

Файзалӣ Икромзода, падари Ҳамза Икромзода ба "Озодӣ" гуфт, модару бародари Ҳамзаро ба мурофиа, ки дар СИЗО ба таври пӯшида сурат гирифт, иҷозаи вуруд надоданд ва онҳо тасмим гирифтанд, ки то мурофеа озод сурат нагирад аз иштирок дар он худдорӣ хоҳанд кард.

Файзалӣ Икромзода афзуд, ки аз Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ тақозо кардаанд, ки ҳамаи шоҳидони марги Ҳамза Икромзода, шурӯъ аз маҳбусони зиндони Хуҷанд то Душанберо даъват кунанд:

«Додраси додгоҳи Исмоили Сомонӣ Рустам Мирзоев мегӯяд, ки саломатии шоҳид Рафел Мақсудов бад асту бояд мурофиаро зудтар гузаронем, лекин мо исрор кардем, ки шоҳидони дигар ва журналистону намояндагони созмонҳои байналмилалие, ки ба ин парванда таваҷҷуҳ доранд, ба мурофиа роҳ дода шаванд.»

Вай гуфт, ки агар Додгоҳи Исмоили Сомонӣ пешниҳодоти онҳоро ба инобат нагирад, аз идомаи баррасии парванда дар ин додгоҳ ба таври комил даст мекашанд. Додгоҳи Исмоили Сомонӣ бинобар ширкат накардани падари Ҳамза Икромзода, мурофиаро ба рӯзи душанбеи 20-уми май вогузошт.

Ҳамза Икромзода, сокини 27-солаи рустои Хирманаки ноҳияи Ҳисор, рӯзи 20-юми сентябри соли 2012 дар маҳбаси шумораи аввали пойтахт ба ҳалокат расид. Пайвандони ӯ мегӯянд, дар бадани вай из ва осори марги маҷбурӣ бо истифода аз дарзмоли тафсон мушоҳида мешавад. Аммо мақомот ин ҳодисаро худкушӣ унвон карданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG