Пайвандҳои дастрасӣ

Вакилони дифоъ: "Ҳукми Шерику Димонро дар ғайби мо эълон карданд"


Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи ҷумъа, 10 май, Шерик Карамхудоевро ба 14 соли зиндон ва Димон Ашӯровро 12 сол маҳкум кард.

Вакилони дифоъи Шерик Карамхудоев ва Димон Ашӯров ҳукми Додгоҳи олии Тоҷикистон нисбат ба зерҳимояҳояшонро ғайриқонунӣ ва ноодилона арзёбӣ карданд. Шӯҳрат Қудратов - вакили дифои Димон Ашӯров рӯзи 10 май ба Радиои Озодӣ гуфт, додгоҳ ин ҳукмро бидуни ширкати вакилони дифоъ эълон кард, ки муғойир ба қавонини ҷории кишвар аст. Оқои Қудратов, ҳукми муваккилашро «говсуд» номид ва гуфт, додрас ҳақ надошт бидуни ширкати вакилони дифоъ ҳукм содир кунад. «Вақте ба мо гуфтанд, ки имрӯз ҳукми додгоҳ содир нахоҳад шуд, мо аз бинои додгоҳ берун шудем ва баъди чанд муддат хабар ёфтем, алакай ҳукмашонро хондаанд»,- афзуд Шӯҳрат Қудратов.

Оқои Қудратов гуфт, дар мулоқот бо зерҳимояаш Димон Ашӯров шикоят ба додгоҳи таҷдиди назарро пешниҳодаш хоҳад кард ва агар пазируфт, аризаи шикоятиро ба муҷарради дастрас кардани ҳукми додгоҳ дар ҳафтаи оянда ироа кунанд. Шӯҳрат Қудратов қаблан ба "Азия Плюс" гуфт, “Димон Ашӯровро дар ҷиноятҳое муҷрим шинохтанд, ки ба ҳаводиси Хоруғ рабт надоранд. Аз сӯи дигар, додгоҳ дархостҳои мо барои даъвати шоҳидони аловигиро радд кард, ки аз яктарафа ва ба фодиаи ҷониби айбдоркунанда гузаштани ин мурофиа дарак медиҳад.”

Тафтишот Шерик Карамхудоев, раҳбари бахши ҳизби мухолифи наҳзати исломии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғро дар «созмон додани гурӯҳи ҷиноӣ», «ширкат дар беназмиҳои оммавӣ», «зӯроварӣ алайҳи намояндаи давлатӣ» ва «ғайриқонунӣ ҳифз кардани силоҳ» айбдор мекунад ва айбдоркунандаи давлатӣаз додгоҳ барои ӯ 15 соли зиндон хоста буд. Димон Ашӯров, ки аз ёрони Имомназар Имомназаров, як фармондеҳи собиқи мухолифин дар Хоруғ ба ҳисоб меравад, низ дар маҷмуъ ба 6 ҷурм, аз ҷумла ба «ташкили иттиҳоди ҷиноӣ, «бетартибиҳои оммавӣ», «истифодаи зӯроварӣ ба муқобили намояндаи ҳукумат, фирор ва «тақаллуби ҳуҷҷатҳо» айбдор мешуд ва айбдоркунанда аз додгоҳ барои ӯ 13 сол ҳукми зиндон хоста буд.

Мурофиаи Шерик Карамхудоев ва Димон Ашӯров дувумин додгоҳи марбут ба нооромиҳои моҳи июли соли гузашта дар маркази вилояти Бадахшон аст. Дар ҷараёни амалиёте, ки 24 июли соли 2012 бо талаби ба мақомот супурдани гумонбарони қатли раиси идораи амнияти Бадахшон генерал Абдулло Назаров оғоз ёфт, қариб 70 нафар кушта шуданд. Мақомот дар пайи ин амалиёти зидди гурӯҳҳои худсари мусаллаҳ дар бораи боздошти 40 нафар, аз ҷумла 8 шаҳрванди Афғонистон хабар доданд, вале то кунун танҳо 4 нафар бо ҷурми даст доштан дар он ҳодисаҳо маҳкум шудаанд.

Дар моҳи феврал Оқил Айёмбеков ва Ҳамза Муродов – гумонбарони асосӣ дар қатли генерал Назаров – ба 17 ва 16 соли зиндон маҳкум шуданд. Ба гуфтаи вакили мудофеъ Файзи Олӣ, додгоҳ баъдан ҳукми Ҳамза Муродовро як сол кам кардааст.

Файзи Олӣ, ки ҳимояти Шерик Карамхудоевро ҳам бар ӯҳда дорад, ба “Азия Плюс” гуфтааст, ки аз мурофиаи имрӯза хабардораш накардаанд. Ӯ қаблан хостори ҳукми боадолаттар барои муваккилаш Карамхудоев ва Димон Ашӯров шуда буд. Карамхудоев дар ҳамон рӯзҳои амалиёти Хоруғ боздошт шуда буд. Аммо Димон Ашӯровро, ки дар ҳодисаҳои Хоруғ ҷароҳат бардошта, дар Чин табобат мегирифт, дар поёни сол ба Душанбе истирдод карданд. Муҳокимаи онҳо дар Додгоҳи олӣ пушти дарҳои баста гузашт.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG