Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишони нуқраи Дилшод Назаров дар арафаи зодрӯзаш


Дилшод Назаров (Акс аз бойгонӣ)
Дилшод Назаров (Акс аз бойгонӣ)

Гурзандози тоҷик Дилшод Назаров рӯзи 5-уми май дар мусобиқоти байналмилалии Seiko Golden Grand Prix дар Токиои Ҷопон сазовори ҷои дувум шуд.

Ин мусобиқот бахше аз силсилаи сабқатҳои Ҷоми даъвати Иттиҳодияи байналмилили варзиши сабук ба шумор меравад. Варзишгари тоҷик гурзашро дар ин мусобиқа ба масофаи 77 метру 61 сантиметр андохтааст. Мақоми аввалро дар сабқати гурзандозӣ варзишкори чех Лукаш Мелих бо натиҷаи 79 метр ба даст овард. Сергей Литвинов аз Русия бо натиҷаи 76,49 метр соҳиби ҷои севум шуд.

Иттиҳодияи байналмилалии варзиши сабук мусобиқоти Grand Prix-ашро аз соли 2009 ба ин сӯ доир мекунад. Ҷоми даъвати ин иттиҳодияи варзишӣ дар маҷмӯъ аз 16 сабқат иборат аст.

Дилшод Назаров аз хушномтарин ситораҳои варзиши тоҷик ба шумор меравад ва шарафи Тоҷикистонро дар се Олимпиадаи ахири тобистона ( Афина -2004, Пекин-2008 ва Лондон -2012) ҳимоят кардааст. Ӯ моҳи марти соли равон барои бори дувум раиси Федеросиюни варзиши сабуки Тоҷикистон интихоб шуд.

Дилшод Назаров 6-уми майи соли 1982 дар Душанбе ба дунё омадааст ва нишони нуқраи Grand Prix дар Токио тӯҳфае шуд барои зодрӯзи 31-уми ин варзишгари маъруфи тоҷик. Корномаи варзишии ин гурзандоз чунин аст:

Ғолиби Бозиҳои V Осиёи Марказӣ (Душанбе, 2003).

Ҷойи 2-юм дар Бозиҳои Африқоиву Осиёӣ (Ҳиндустон, 2003).

Ғолиби Бозиҳои I кишварҳои исломӣ (Арабистони Саудӣ, 2005).

Ҷойҳои 2-юм дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё (Кореяи Ҷанубӣ, 2005, Урдун, 2007).

Қаҳрамони Осиё (Чин, 2009).

Ғолиби дукаратаи Бозиҳои Осиёӣ дар Қатар (2006) ва Чин (2010)

Ширкаткунандаи Бозиҳои олимпӣ дар Афина (2004), Пекин (2008) ва Лондон (2012).

Ғолиб ва ҷоизадори бисёркаратаи мусобиқоти байналмилалӣ (2009-2012).
XS
SM
MD
LG