Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Форуми ҷавонони болаёқат дар Душанбе


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Субҳи имрӯз, шанбеи 4-уми май шашумин форуми созмонҳои ҷавонони Тоҷикистон дар Китобхонаи Миллии Тоҷикистон оғоз ба кор кард.

Ин нишаст ба ибтикори Анҷумани созмонҳои ҷавонони Тоҷикистон ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии кишвар сурат гирифта, ки дар кори он ҷавонони болаёқат аз манотиқи мухталифи Тоҷикистон ширкат доранд.

Зарнигор Раҷабова, дабири Анҷумани созмонҳои ҷавонони Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки баргузории ин иқдом, идомаи ибтикорот дар заминаи густариши равандҳои ҷомеаи демкоратӣ аст, ки омили рушди ҷомеаи маданӣ дар кишвар хоҳад буд.

Ба таъкиди хонум Раҷабова, форуми мазкур майдони васеъеро барои баррасии фаъолиятҳои созмонҳои ҷавонон, табодули таҷрибаи ҷавонони манотиқи мухталифи Тоҷикистон фароҳам оварда, ҳамчунин ҷиҳати дарёфти роҳи ҳалли мушкилоти ба вуҷудомада дар пешоруи ҷавонон мусоидат хоҳад кард.

Ин аст, ки ба таъкиди Зарнигор Раҷабова, дар форуми навбатӣ, мавзуоти муҳими соҳа ва ба хусус марбути фаъолияти созмонҳое, ки бо ҷавонон сару кор доранд, мавриди баҳсу баррасӣ қарор мегиранд. Ҳамчунин интизор меравад, ширкаткунандагони форум шӯрои Анҷумани созмонҳои ҷавонон ва котиботи онро аз сари нав интихоб намоянд.

Ширкат кунандагони ин нишаст, дар поёни форум, резолютсия ё қатъномае қабул хоҳанд кард, ки беҳбуди вазъи марбут ба фаъолияти созмонҳои кор бо ҷавонон н ва саҳми онҳо дар иҷрои сиёсати ҷавононро дар назар хоҳад дошт.

Зимнан, аз соли 2003 то кунун панҷ форуми созмонҳои иҷтимоии ҷавонон доир шудааст, ки мушкилоти ҷавонон матраҳ ва роҳҳои рафъи он баррасӣ шудааст.

Анҷумани созмонҳои ҷавонони Тоҷикистон аз 85 нафар ҷавони болаёқат аз манотиқи Суғду Хатлон, Бадахшону ноҳияҳои тобеъи марказ ва шаҳри Душанбе иборатанд.
XS
SM
MD
LG