Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси Маркази «Ҷомеаи шаҳрвандӣ» дар додгоҳи Суғд


Намое аз шаҳри Хуҷанд, маркази маъмурии вилояти Суғд.
Намое аз шаҳри Хуҷанд, маркази маъмурии вилояти Суғд.

Субҳи имрӯз, сешанбеи 30-юми апрел, баррасии шикояти масъулони Маркази таълимӣ ва таҳлилии «Ҷомеаи шаҳрвандӣ» дар додгоҳи вилояти Суғд, оғоз гардид.

Аввали соли ҷорӣ додгоҳи шаҳри Хуҷанд, зимни баррасии баҳси миёни Раёсати адлияи вилояти Суғд ва Маркази «Ҷомеаи шаҳрвандӣ», тасмим гирфт, ки ин муассисаи ғайридавлатӣ барҳам дода шавад.

Раёсати адлияи вилояти Суғд, ҳанӯз соли гузашта Маркази таълимӣ ва таҳлилии «Ҷомеаи шаҳрвандӣ» -ро дар нақзи қонунҳои мавҷуда айбдор ба барои барҳам додани ин созмон ба додгоҳ муроҷиат карда буд. Мушкил дар фаъолияти Маркази «Ҷомеаи шаҳрвандӣ» бар сари суроғаи он ва тасдиқ нашудани ҳайати раёсати ин созмон эълом шуда буд.

Аммо Моҳинисо Ҳорисова, раиси Маркази "Ҷомеаи шаҳрвандӣ" дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳар ду айбномаро қабул надорад: «Дар айбномаи аввал масъала сари суроға аст. Вақте мо аз қайди давлатӣ гузаштем, суроғаи мо кӯчаи Ленин буд, вале ҷои аслии нишасти мо ҳоло хиёбони Раҳмон Набиев аст. Мо дар ин ҷо беш аз панҷ-шаш сол кор мекунем ва ҳар вақте, ки ба Раёсати адлияи вилояти Суғд ҳисобот пешкаш мекунем, маҳалли воқеии кори худро ҳам дар он санадҳо пешкаш мекунем. Аз рӯи қонун ҳам, ширкату созмонҳо бояд адреси воқеӣ ва ҳуқуқиро зикр кунанд. Аммо ин боис намешавад, ки як корхона барои нав кардани суроғаи кориаш барҳам дода шавад. Шояд бо гузашти вақт, ин созмон аз қимати иҷора норозӣ шуда хоҳад, ки дар маҳалли дигар дафтареро иҷора гирад.»

Ҳамчунин Ҳорисова гуфт, ки айбномаи дуюм марбут ба даъвои дигари Раёсати адлияи вилояти Суғд аст, ки гуфтааст, гӯё Маркази таълимӣ ва таҳлилии «Ҷомеаи шаҳрвандӣ» ҳайати раёсати худро тасдиқ накардааст. Дар ҳоле, ки ба таъкиди Ҳорисова, раёсати ин созмон соли 2008 тасдиқ шуд ва то имрӯз ду узви солхӯрдаи ин раёсат даргузаштанд. «Бо ин сабаб, мо онҳоро аз узвияти раёсат хориҷ кардем. Вақте адвокати мо дар додгоҳ инҳоро собит карду гуфт, ки ин айбмониҳо сабаби барҳам хӯрдани созмон намешавад, боз ҳам додгоҳ барои бастани маркази мо ҳукм кард.»

Зимнан, Маркази таълимӣ ва таҳлилии «Ҷомеаи шаҳрвандӣ» соли 2001 бо ҳадафи боло бурдани донишҳои ҳуқуқӣ ва шаҳрвандии сокинони Тоҷикистон таъсис шуда, бо ҷалби раҳбарони ҳизбҳои сиёсии фаъол дар вилояти Суғд солҳои охир ба баргузории интихоботи шаффофу қонунӣ ва тағйири қонуни интихоботи президентӣ ва парлумонии Тоҷикистон даъват мекард.

Моҳинисо Ҳорисова мутмаин аст, ки тасмими мақомот ангезаҳои сиёсӣ дошта, бо ин амалашон талош кардаанд, ки дар соли интихоботи президентӣ аз фаъолияти як созмони ислоҳотталаб ҷилавгирӣ кунанд.

Аммо дар шӯъбаи бақайдгирии созмонҳои ҷамъиятии Раёсати адлияи вилояти Суғд ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки созмони "Ҷомеаи шаҳрвандӣ" дар асоси аризаи даъвогии ин раёсат ва бо ҳукми додгоҳ баста шудааст. Манобеи ин раёсат изҳор медоранд, ки далелҳои басташавии ин созмон дар аризаи даъвогӣ ба додгоҳ зикр шудаанд ва ин иқдом "ягон ангезаи сиёсӣ надорад".
XS
SM
MD
LG