Пайвандҳои дастрасӣ

Вақте корд ба устухони зан мерасад...


Иштирокдорони нишасте дар мавриди ҳуқуқи занон дар Душанбе. 29-уми апрели соли 2013.

Иштирокдорони нишасте дар мавриди ҳуқуқи занон дар Душанбе. 29-уми апрели соли 2013.

Занон аз додгоҳҳои Тоҷикистон чандон мунтазири адолат нестанд ва ҳуқуқи худро ҳам хуб намедонанд.

Занони тоҷик намехоҳанд, ҷанҷоли оилаашон сари забони мардум шавад, аммо вақте “корд ба устухонашон расид” ва азм ба шикоят кунанд, ҳуқуқашонро намедонанд, додрасҳоро тарафдори мардҳо мешуморанд ва аксаран пул надоранд, ки аризаи худро то ба додгоҳ расонанд.

Дар як таҳқиқоте, ки Хазинаи Авруосиё ва созмони «UN Women» дар Тоҷикистон зери унвони «Баробарӣ дар назди қонун: дастрасӣ ба адолати додгоҳӣ» анҷом додаанд, гуфта мешавад, бахши умдае аз аҳолии кишвар намедонанд, ки кумакҳои ройгони ҳуқуқӣ вуҷуд дорад.

Равшан Абдуллоев - роҳбари Хазинаи Авруосиё дар Тоҷикистон, мегӯяд, 40 дарсади аҳолӣ фикр мекунад, ки ба додгоҳ кашонда шудани камбудии оилавияшон боиси шармсории онҳо дар назди мардум мешавад: «Онҳо коррупсияро чун як чизи маъмулӣ медонанд. Фикр мекунанд, ин чиз бояд бошад. Зарафо Раҳмонӣ, аз фаъолони ҲНИТ.

Зарафо Раҳмонӣ, аз фаъолони ҲНИТ.

Омили дигар бовар надоштани мардум ба додгоҳҳост.»

Зарафо Раҳмонӣ, яке аз занони фаъоли тоҷик низ бар ин назар аст, ки фасод сабаби бартарӣ ёфтани мардҳо дар додгоҳҳо мешавад: «Аз лиҳози иқтисодӣ, ки занҳои мо камбудии бештар доранд, наметавонанд вакили мудофеъи худро бигиранд ва ҳангоми баррасии масъалаҳои ҳуқуқӣ аз ӯ истифода кунанд. Мардҳо ки сарватманду қудратманданд, метавонанд мушкилоти худро ҳал кунанд.»

Хосият Ғаффорова - сокини ноҳияи Ваҳдат, ки бародари шавҳараш хонаи ӯро аз худ кардааст, мегӯяд, бо сабаби ноадолатиҳои додгоҳи маҳаллӣ бо се фарзанд ва модари пираш дар кӯча мондааст. Ӯ афзуд, барои ҳалли қазия то ба дастгоҳи президент муроҷиат кард, аммо касе ба додаш нарасид. Ӯ афзуд, ҳевараш ва ҳамсари ӯ вайро тӯҳмат кардаанд, ки гӯё касеро бо қайчӣ зада бошад: «Вақте аз додрас талаб кардам, ки ҷойи ба қайчӣ задаамро нишон диҳед, гуфт, ки хомӯш шин! Ман аз куҷо медонам? Ман барои ту фолбинам?» Дар ниҳоят Хосият Ғаффорова ва хоҳараш маҳкум ба зиндон шуданд ва ӯ аз манзилаш низ маҳрум шуд.

Абдуқаюм Юсуфов, ҳуқуқдони тоҷик

Абдуқаюм Юсуфов, ҳуқуқдони тоҷик

Абдуқаюм Юсуфов, муовини раиси коллегияи адвокатҳои Тоҷикистон, сабаби чунин рафтори додрасҳоро дар «серкорӣ»-и онҳо ва бехабарии мардум аз ҳуқуқи хеш мебинад. Ба андешаи ӯ, дар додгоҳҳои Тоҷикистон ҳар додрас ба ҷойи чанд кас кор мекунад ва дар як сол беш аз 700 парвандаро баррасӣ мекунад, ки ба ақидаи Юсуфов, ин боиси беэътиноии онҳо ба кори худ мешавад.

Мавзӯи адолати додгоҳӣ дар ин нишаст дар ҳоле матраҳ шуд, ки тибки иттилоъи Кумитаи занон ва оила, дар як соли ахир беш аз 15 ҳазор шаҳрвандони кишвар, ки 70 дарсади онҳо занон будаанд, бо мушкилоти мухталиф ба додгоҳҳо муроҷиат кардаанд. Нақзи ҳуқуқи занон, ба хусус зӯроварӣ алайҳи онҳо дар хонавода, фурӯпошии оилаҳо, тақсими мерос ва молу мулк аз масоиле будаанд, ки тавассути занон ба додгоҳ кашонда шудааст. Аммо ба таъкиди иддае аз занон, дар аксари ҳолот онҳо дар додгоҳҳо ба адолат даст намеёбанд.
XS
SM
MD
LG