Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қарордоди пойгоҳи 201 ба дасти Путин рафт


Сарбозони пойгоҳи Русия дар Тоҷикистон
Сарбозони пойгоҳи Русия дар Тоҷикистон

Қарордоди пойгоҳи 201 баъди тасвиби комил дар парлумон барои имзои ниҳоӣ ба раисиҷумҳури Русия ироа мешавад.

Шӯрои федеролӣ – маҷлиси болоии парлумони Русия – рӯзи 27 апрел созишномаҳо дар бораи ҳузури пойгоҳҳои низомии Русия дар Тоҷикистону Қирғизистонро тасвиб кард. Созишнома ва протокол бо Қирғизистон дар бораи шароити ҳузури пойгоҳҳои низомии Русия дар ин кишвар 20 сентябри соли 2012 имзо шуда, қарордод дар мавриди тамдиди замони ҳузури пойгоҳи 201-уми артиши Русия дар Тоҷикистон 5 октябри соли 201, зимни боздиди раисиҷумҳури Русия Владимир Путин аз Душанбе ва иттифоқан дар рӯзи60-сола шудани ҳамтои тоҷики ӯ Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расида буд.

Русия дар ивази то соли 2032 тамдид шудани ҳузури низомиаш дар Қирғизистон, 489 миллион доллар қарзи Бишкекро ботил карда, барои сохтани 5 нирӯгоҳ, аз ҷумла нирӯгоҳи азими Қамбар-Ота-1 ба Қирғизистон ваъда сармоя дод.

Аммо ба Тоҷикистон, ки замони ҳузури пойгоҳи 201-ро то соли 2042 тамдид кард, дар иваз танҳо баъзе сабукиҳо барои муҳоҷирони кории тоҷик ва лағви боҷи гумрукии эъмолшуда ба содироти маводи сӯхти Русия ба Тоҷикистон ва ҳам ёриҳои низомӣ барои артиши ин кишварро ваъда супурд.


Путин ва Раҳмон баъди имзои қарордод аз пойгоҳи 201 боздид карданд
Путин ва Раҳмон баъди имзои қарордод аз пойгоҳи 201 боздид карданд
Дар заминаи ин ду масъала моҳи феврали соли равон байни Тоҷикистону Русия ду қарордоди алоҳида ҳам ба имзо расид, ки якеаш 1 миллион тонна маводи сӯхтро дар соли равон бояд аз пардохти боҷи гумрукӣ маъоф мекард ва дувумӣ ба муҳоҷирони тоҷик имкон медод, ки ба ҷои 3 рӯзи кунунӣ дар Русия то 15 рӯз бидуни сабти ном ба сар баранд. Аммо ба фарқ аз қарордоди пойгоҳи 201, ки рӯзи 20 апрел Думаи давлатӣ- маҷлиси поёнии парлумони Русия ва инак, Шӯрои федеролӣ ҳам тасвибаш кард ва акнун барои имзои ниҳоӣ ба раиси он ҷумҳурӣ ироа мешавад, қарордодҳои Маскаву Душанбе дар масоили муҳоҷират ва маводи сӯхт то ҳол дар мароҳили аввали тасвиб дармондаанд.

Ба назари маҳофил, агар Маскав дар тасвиби ин ду қарордоди муҳим боз ҳам маътал кунад, гумон аст, ки Тоҷикистон битавонад дар соли ҷорӣ 1 миллион тонна маводи сӯхти бидуни боҷ ваъдашударо ворид кунад. Ин дар ҳолест ки баъди имзои қарордоди пойгоҳ бисёриҳо дар Тоҷикистон умедвор буданд, ки дар ивази ин гузашти бузург ҳадди ақал нархи бензину солярка пойин хоҳад рафт.

Дар ҳамин ҳол, парлумони Тоҷикистон то кунун қарордоди пойгоҳи 201-уми Русияро тасвиб накардааст. Саттор Холов-муовини кумитаи тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амнияти Маҷлиси намояндагон ҳафтае пеш ба Озодӣ гуфт, то ҳол ин созишнома ва санадҳои дигари ҳамкории миёни Русия ва Тоҷикистон, ки вобаста ба созишномаи низомист, ба парлумон ворид нашудааст. Оқои Холов мегӯяд, ин санадҳои ҳамкорӣ дар вазорату идораҳои марбутаи Тоҷикистон марҳилаи таҳияву шартҳои иҷрои худро мегузаранд ва баъд ба парлумон фиристода мешаванд.

Аммо дар маҳофил мегӯянд, Русия дар муқоиса бо Қирғизистон ба Душанбе дар ивази тамдиди замони ҳузури низомиаш имтиёзи хеле камтареро қоил омад ва онро ҳам то ҳол ба иҷро надаровардааст. Соҳибназарон як сабаби то ҳол ба тасвиби қарордоди пойгоҳи 201 иқдом накардани Душанберо ба ҳамин нороҳатиҳо аз “муомилаи нобаробар” ва танишҳои навбанаве, ки дар ин авохир дар равобити Маскаву Душанбе рӯ мезананд, бастагӣ медиҳанд.

Пойгоҳи 201-уми артиши Русия дар Душанбеву Кӯлоб ва Қӯрғонтеппа воҳидҳои низомӣ дорад. Ин пойгоҳ бо тақрибан 7000 аскару афсар бузургтарин пойгоҳи низомии Русия дар хориҷ шинохта мешавад. Тибқи қарордоди моҳи октябри соли 2012, замони ҳузури ин пойгоҳ дастикам то соли 2042 тамдид шуда, имкони тамдиди баъдии замони ҳузураш низ дар назар гирифта шудааст. Аскарону афсарони пойгоҳи 201 низ, тибқи ин тавофуқ, дар Тоҷикистон аз масуният бархӯрдор хоҳанд шуд. Бар асоси ин созишнома, Русия барои пойгоҳаш ба Тоҷикистон пули иҷора нахоҳад пардохт.
XS
SM
MD
LG